Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 June 2015

Дар доираи тадбирҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  оид ба истиқболи сазовори  18-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ 25 июни соли 2015, соати 21-00 дар Муассисаи давлати «Боғи пойтахт» тибқи анъаноти шаҳрдорӣ тӯйҳои хатнасури 360 наврасон ва арӯсию домодии 55 ҷуфт навҷавонон аз оилаҳои ниёзманди пойтахт доир карда мешавад.

Бояд таъкид намуд, ки аз нимаи дуюми 25 –уми июн Боғ ва аттраксионҳои он пурра ба баргузории чорабинии фарҳангӣ ва хизматрасонии тӯйдорон фаъол карда мешавад, ки дар расми он Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ширкат намуда, соҳибҷашнонро бо туҳфаву мукофотпулиҳо қадр менамояд.

Ҳамзамон маврид ба таъкид аст, ки ба шарафи ин ҷашни бузурги мил­ли­амон 7 иншооти гуногунтаъинот бо маблағи 441,2 млн сомонӣ бо таъсиси 558 ҷойҳои нави корӣ, ки маҳсули заҳмати аҳли ҷамоатчигӣ мебошад, армуғон мегардад.