«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 July 2015

Замимаи  №9

ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

№316 17.06.2015

 

Муроҷиатномаи

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе 

 

Д А Ъ В А Т    Б А   А Д Л У   И Н С О Ф

 

Ҳамватанони арҷманд, шукргузорем  аз раҳмати Илоҳӣ, ки боз ба моҳи шарифи Рамазон расидем. Ин моҳ дар Қуръони карим ва ҳадисҳои Паёмбари гиромӣ аз беҳтарин моҳҳои сол, моҳи файзу баракат, эҳсону накӯкорӣ, адлу инсоф, муруввату инсондӯстӣ ва пеш аз ҳама моҳи раҳмату мағфират, озодӣ аз азоби дузах ва моҳи шарафмандии умматони Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дониста шудааст.

Моҳи мубораки Рамазон, фурсати муносибе барои худшиносӣ, дарёфти камолоти инсонӣ, покдоманию парҳезгорӣ, имтиҳони ҷавонмардӣ ва таҳаммулгароию қаноатмандӣ мебошад.

Яке аз ҳикматҳои рӯзадории моҳи шарифи Рамазон дар баробари ҷилавгирӣ аз хӯрдану нӯшидан, ин риояи ҳатмии адлу инсоф дар кору фаъолияти ҳар як фард буда, ба соҳибкорону тоҷирон алоқамандии зиёд дорад. Зеро асосан соҳибкорону тоҷирон таъминкунандаи рӯзгори мардум мебошанд. Ниёгони бузургамон низ дар тули таърих  маҳз бо риояи ин суннатҳои арзишмандии исломӣ сатҳи зиндагии мардумро баланд бардоштаанд. Аз ин рӯ, аҳли савдою тиҷоратро зарур аст, ки дар ин моҳ қаноатмандиро пеша карда, барои дарёфт намудани ризои Худованд аз рӯи адлу инсоф ба мардум хизматгузорӣ кунанд.

Боварии комил дорем, ки ба хотири ризоияти Худованд ва нигоҳ доштани арзишҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ дар давоми моҳи шарифи Рамазон нарху навои маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи хӯрокаро пасттар карда, дар мувозинат бо қобиляти харидории сокинони шаҳр нигоҳ медоред.

Таманно менамоем, ки тавфиқу инсоф ва ҷавонмардию саховатпешагӣ асоси кору фаъолиятатон бошад!