Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 July 2015

3 июли соли 2015 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе   Маҳмадсаид Убайдуллоев  Сафири намояндагии Иттиҳоди  Аврупо  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаноби Хидаёт Бишчевичро  бо хоҳиши ӯ  ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев фаъолияти Сафирро дар тавсеа ва рушди робитаҳои ҳасана  миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва Парламенти он бо Тоҷикистон ва ниҳодҳои давлатии он нек арзёбӣ намуда, саҳми ин институти байналмилалиро дар татбиқи барномаҳои муштараки байнипарламентӣ ва давлатӣ, ки муттасил тақвияти тоза касб менамояд, махсус таъкид сохт.

Идома бар он, ҷонибҳо зимни мулоқот масоили осебпазир гардидани амният ва суботу ҳамзистии осоиштаи ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳти таъсири равандҳои номатлуби ҷаҳони пуртазоди муосир, афзоиши таҳдиди таассубу хурофот, ифротгароӣ ва дигар хатарҳои экологӣ, терроризми байналхалқӣ, ҷинояткории трансмиллӣ, гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир ва нуфузёбии ниҳоди ба ном давлати исломӣ дар Сурия ва Ироқро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба андешидани тадбирҳои муштараки институтҳои ҷаҳонӣ алайҳи ин тамоюлҳои хатарзо изҳори назар намуданд.  

Дар ҷараёни мулоқот инчунин масоили роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни пойтахтҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва шаҳри Душанбе оид ба рушди инфрасохторӣ, ташкили корхонаҳои муштарак баҳри таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкории хурду миёна тавассути бунёди институтҳои қарзии молиявӣ  матраҳ ва мувофиқаҳои дилхоҳ ҳосил гардиданд. 

Мулоқот дар фазои созанда ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.