Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 July 2015

6 июли соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шахри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки роҳбарони васеи сохторҳои марбутаи шаҳрию ноҳиявӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷаласаи кории шаҳрдорӣ доир гардид.

Дар ҷаласа қабл аз ҳама ҷараёни иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №316 аз 17 июни соли 2015 «Дар бораи ѓанигардонии бозори истеъмолии шаҳри Душанбе бо маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон» аз ҷониби масъулини шаҳрдорӣ ва роҳбарони бозорҳои коммуналию хусусӣ, соҳибкорону дигар молистеҳсол ва молинтиқолдиҳандагон дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

Дар ин росто Раиси шаҳр аз ҳамаи соҳибкороне, ки дар амалисозии ташаббуси худ оид ба  пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе нақши бориз доранд изҳори сипос намуда, ҳамзамон сохторҳои марбутаро муваззаф сохт, ки ҷиҳати назорати татбиқи мақсадноки Қарори мазкур, ки баҳри дастгирии иҷтимоии кулли сокинони шаҳр нигаронида шудааст, чораҳои муассиртар андешанд. 

         Идома бар он Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласа  таваҷҷӯҳи масъулинро ба натиҷагирии ҳолати татбиқи барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2015 нигаронида дастур фармуд, ки дар тансуби ҳар як сохтор ва субъекти хоҷагидорӣ нишондодҳо дар алоҳидагӣ таҳлил ва нисбати вусъати фаъолияти минбаъда тадбирҳо мушаххас карда шаванд.

Дар ҷаласа, ҳамзамон масоили таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, беҳбудбахшии вазъи санитарию экологӣ, бо инобати гармии ҳаво вусъати корҳои профилактикӣ оид ба эмин нигоҳ доштани дарахту сабзазорони шаҳр аз гармӣ, ҳолати зиддисӯхтории бинову иншоот, назорати роияи муқаррароти қонунгузорӣ оид ба манъ доштани парвариш ва нигоҳдории чорвои хурду калон дар қаламрави шаҳр, безараргардонии сагҳои дайду, дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани каналу селпартоҳо ва тақвиятбахшии фаъолияти Ситоди  ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании  шаҳри Душанбе дар мавзеъҳои оббозии сокинон ва манъ доштани оббозии шаҳрвандон дар назди каналу дарёҳои марзгузари шаҳр, раҳнамунсозии зарфияти соҳибкорон, сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятию аҳли ҷомеа, сокинону субъектҳои хоҷагидорӣ дар ободонии роҳҳои дохилишаҳраку маҳаллагузар, роҳандозии либоси ягонаи таъинотӣ дар тамоми субъектҳои хизматрасонӣ,  риояи фарҳанг ва одоби шаҳрнишинӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, вусъати тадбирҳо оид ба дастгирии соҳибкорӣ, пешгирӣ намудани ѓасби худсаронаи қитъаи замин    ва таъмини волоияти қонун дар ин самт, роҳандозии инвентаризатсияи сартосарии моликияти коммуналӣ дар марзи шаҳр ва ҳолати роҳҳову иншооти роҳсозӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас  ироа гардиданд.