Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 July 2015

Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, тибқи иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №345 аз 03 июли соли 2015 «Дар бораи баргузории тендери такрорӣ» оиди интихоби молрасони таҷҳизот ва дастгоҳҳои тибби иншооти «Маҷмааи тандурустӣ «Пойтахт-90» -марҳилаи дувоздахум барои:

-Лоти№11 «Нақлиёти санитарӣ ва таҷҳизотҳои иловагӣ»;

-Лоти №20 «Таҷҳизот барои маитхона»;

-Лоти №25 «Маводҳо ва воситаҳои масрафшаванда».

ТАРИҚИ ИШТИРОКИ НОМАҲДУД, БО МАҲДУД НАМУДАНИ МӯҲЛАТИ ДАРХОСТҲОИ ТЕНДЕРӣ ТЕНДЕРИ КУШОДИ ТАКРОРӣ ЭЪЛОН МЕНАМОЯД.

Дар тендер шахсони ҳуқуқии ватанӣ тибқи Замимаи №2 Қарори Раиси шаҳри Душанбе №345 аз 03 июли соли 2015 «Дар бораи баргузории тенедери такрорӣ» Шартҳои махсуси тендер ҷиҳати интихоби молрасони таҷҳизот ва дастгоҳҳои муосири соҳаи тибби ба иншооти «Маҷмааи тандурустӣ «Пойтахт-90» дар шаҳри Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» метавонанд иштирок намоянд.

 

1.Дархост ҷиҳати иштирок дар тендер (бо тарзи электронӣ) бояд на дертар аз 3 рӯз то санаи баргузор гардидани ҷаласаи комиссияи тендерӣ (кушодани лифофаҳо) пешниҳод гардад.

2.Пешниҳоди тендерии довталаб бо дарҷи муҳлати таҳвили таҷҳизот ва арзиши он бевосита аз ҷониби субъектҳои истеҳсолкунанда ва ё дар ҳолати аз ҳуқуқи таҳвили бевосита даст кашидани истеҳсолкунандагон, танҳо аз ҷониби як сохторе, ки худи молистеҳсолкунанда интихоб менамояд ва аз истеҳсолкунанда таҷҳизотро дастрас ва ба иншоот бе иштироки субъектҳои миёнарав ворид месозад, бояд ирсол гардад ва арзиши таҷҳизоту дастгоҳҳои муосири соҳаи тибро бо инобати хароҷотҳои нақлиётӣ, санҷиш, насбу васлкунӣ (пуско-наладочные работы) ва омӯзонидани кадрҳои соҳавӣ барои таҷҳизот ва дастгоҳҳои марбута бо муҳлати кафолатӣ барои 2 сол дар бар гирад.

3.Довталаб ҳамзамон ба Комиссияи тендерӣ чунин ҳуҷҷатҳо ва маълумотро бояд ирсол намояд:

3.1.Шаҳодатнома оиди бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ, филиали шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иқтибос аз Феҳрасти ягонаи давлатӣ;

3.2.Маълумотномаи нозироти андози макони қайди иштирокчии тендер, ки набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои давлатии ѓайрибуҷетӣ тасдиқ мекунанду на дертар аз 30 рӯз то ба охиррасии мӯҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст;

3.3.Маълумот оид ба таҷрибаи амсоли таҳвили таҷҳизотҳои тиббӣ ба кишварҳои сайёра бо дарҷи нархи ҳар як таҷҳизот аз рӯи борхатҳои мавҷуда дар давоми 3 соли охир;

3.4.Номгӯйи таҷҳизоти тиббии таҳвилшаванда бо нишон додани давлати истеҳсолкунанда, завод, сертификати сифат, дастурамали истифодабарӣ ҳатман бо забони русӣ, нарх бо сомонӣ ва асъори ИМА бо қурби муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон;

3.5.Кафолати бонкӣ дар ҳаҷми 2%-и арзиши дархости тендерӣ;

4.Шартҳои таҳвили DDP (хароҷотҳои нақлиётӣ, андозҳо, гумрукӣ,  санҷиш, насбу васлкунӣ ва омӯзонидани кадрҳои соҳавӣ барои таҷҳизот ва дастгоҳҳои марбута то 2 сол) риоя карда шавад.

5.Шакли пардохт аз ҷониби ташкилоти харидор бо усули акредитивӣ ба роҳ монда мешавад.

6.Довталаб метавонад дар як ва ё якчанд лотҳо иштирок намояд.

7.Довталабе, ки дар тендер ѓолибият ба даст меорад, бояд номгӯи таҷҳизотҳои тиббии воридкунандаро то интиқоли онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ ба Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

8.Пардохти бебозгашти ҳаққи иштирок дар тендер.

Барои гирифтани маълумотҳои иловагӣ ва дастрас намудани ҳуҷҷатҳои тендерӣ, довталабон метавонанд ба Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе, бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев-24, бо телефонҳои 221-14-45, 233-77-56 ва сомонаи www.dushanbe.tj, email: zokirk@ayndex.com то санаи 13 июли соли соли 2015 муроҷиат намоянд.

Рӯзи гузаронидани тендер 16 июли соли 2015, соати 15:00

Макони баргузории тендер: Бинои маъмурии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯчаи Шевченко-69.

Эзоҳ: Мӯҳлати ниҳоии қабули пешниҳодоти тендерӣ то соати 12:00-и 15 июни соли 2015.