Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
31 August 2015

31 августи соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ихтисосии кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ, масъулини соҳа ва роҳбарони субъектҳои соҳибкорие, ки  корхонаҳои саноатии дар доираи татбиқи барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр ва  «Соли дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва иқдомоти креативӣ» бунёднамудаашон ба ифтихори 24-мин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешаванд, баргузор гардид.

Дар ҷаласа қабл аз ҳама Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳолати омодагиҳои муассисаҳои таълимии системаи маорифи шаҳр  ба соли нави хониш ва бо инобати ин муҳиммот ташкили хизматрасонии бонизоми нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашонӣ дар шаҳр ва вазъи амалисозии барномаҳои шаҳрдориро роҷеъ ба истиқболи сазовори Рӯзи истиқлолияти давлатӣ ва тайёрии ҳаҷонибаи шаҳр ба ҷаласаи Сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ намуда, ба масъулин бо муқаррар кардани муҳлатҳо дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.

Идома бар он, дар ҷаласа масъалаи ҳолати аз рӯи таъинот истифодашавии ҷойҳои ҷамъиятӣ дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо мавриди таваҷҷуҳи шаҳрдор қарор гирифта, оид ба мақсаднок баҳри рушди ҳунарҳои истеҳсолии мардумӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ истифодабарии онҳо дар ҷойҳо, ки ин тадбир метавонад шуғли доимии занҳои хонашинро дар шаҳраку маҳаллаҳо иловатан таъмин созад, дастур фармуд, ки сохторҳои зидахл ҳолати воқеии ҳар кадомеро таҳти садорати муовини Раиси шаҳр Ҷамила Лангариева дар муҳлати як ҳафта дақиқ намуда, бобати амалисозии муқаррароти мазкур дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Раиси шаҳри Душанбе маълумоти муфассал пешниҳод созанд.

Ҳамзамон, Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласа аз рафти иҷрои дастури шаҳрдорӣ оид ба тақвияти тадбирҳо баҳри таъмини ҳолати санитарию эпидемиологӣ, ташаккулу риояи фарҳанги шаҳрнишинию шаҳрдорӣ ва пурзӯр намудани чораҳои ҷаримабандӣ ба хилофкорони Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ дар шаҳри Душанбе, шуруъ аз 29 июл то 31 августи соли равон аз рӯи лоиҳаҳои аз ҷониби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ таҳияшуда аз ҷониби раисони ноҳияҳо бо ҷалби зарфиятҳои сокинону аҳли ҷамоатчигӣ бунёд кардани нуқтаҳои партовҷамъкунӣ дар мавзеъҳои таъиншудаи шаҳраку маҳаллаҳо ва дар назди 1116 нуқтаҳои партовҷамъкунӣ, бо насби камераҳои мушоҳидавӣ аз соати 05 то 20, дар се бахши панҷсоата, мутаносибан роҳандозӣ намудани навбатдории кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳо, масъулини сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, тибқи иттилои сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе Толиб Раҳимов,  натиҷагирӣ намуд.

         Раиси шаҳр бинобар аз ҷониби масъулини ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсӣ бо инобати амалан ба охир расонидани бунёди инфрасохтори зарурӣ дар нуқтаҳои партовҷамъкунӣ изҳори сипосмандӣ намуда, фаъолияти роҳандозикардаро дар ноҳияҳои Сино ва И.Сомонӣ нигаронкунанда арзёбӣ кард ва вобаста ба ин ба раисони ноҳияҳои Сино - Ализода Саиднуриддин ва И. Сомонӣ - Аламхон Қурбонов ҷиҳати ислоҳи вазъ ду ҳафта муҳлати иловагии ниҳоӣ муқаррар сохт.