Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 August 2015

24 августи соли 2015 дар толори КВД «Маркази равобити пойтахт» бо ширкати роҳбарони сохтору идораҳои марбутаи дар марзи пойтахт фаъолиятдошта, олимону донишмандон ва мутахассисони варзидаю ботаҷриба баҳри ҷалби васеи онҳо дар корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти ҳифзу ҳимояи арзишҳои миллию давлатӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар гиромидошт ва волияти қонун, густариши эҳсоси ватандӯстӣ, пешгирии амалҳои ифротгароӣ ва экстремизми динӣ ва эмин нигоҳ доштани зеҳну афкори ҷомеа аз андешаҳои носолиму иртиҷоӣ таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеъ баргузор гардид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев қабл аз ҳама афзуд, ки ҷиҳати ҳадафманд роҳандозӣ намудани мароми мазкур тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №386 аз 20 августи соли равон ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе №160-2 аз 17 марти соли 2015 «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шахри Душанбе» тағйирот ворид карда шуд, ки дар асоси дар ноҳияҳои шаҳр ва тамоми сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ, ки дар шаҳр мутобиқ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» (№347 аз 5 январи соли 2008) таъсис ва фаъолият менамоянд 45 гуруҳҳои таблиғотӣ, мутаносибан дар ноҳияи Сино 15 адад ва дар ноҳияҳои И.Сомонӣ, Шоҳмансур ва Фирдавсӣ 10 ададӣ таъсис дода шуд, ки фаъолияташон шомгоҳон соати 18, шуруъ аз 27 августи соли 2015  дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо оғоз мешавад.

Раиси шаҳр роҳбарон ва ҳайатҳои гуруҳҳои таблиғотиро ба он ҳидоят намуд, ки дар партави амалисозии сиёсати созандаю бунёдкоронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди бемайлони иқтисодию иҷтимоӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи шаҳрвандони мамлакат дар асоси зиндагии қонунсолорӣ ва волоияти қонун, густариши соҳибкорию институтҳои шаҳрвандӣ, ки воқеан самараи интихоби роҳи эъмори давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад, бобати баланд бардоштани маърифат ва донишҳои ҳуқуқии сокинон нисбати пешгирии таъсиррасонии фарҳанг ва тафаккури бегонаву иртиҷоӣ дар ҷомеа мулоқоту вохӯриҳоро мақсаднок ба роҳ монанд, зеро яке аз сабабҳои гаравиши баъзе аз қишрҳои ҷомеа ба ин гуна ҳаракатҳои иртиҷоӣ ин надоштани сатҳи зарурии донишҳои дунявию адёнӣ, инчунин бетарафии ҷомеаву падару модарон мебошад, ки онҳо ба ваъдаҳои безаминаи мубаллиғони тамоюлҳои тундрав бовар намуда, гумоштагони бетақдир ва қурбонии бозиҳои тарҳрезишудаи  геополитикӣ мегарданд.

Дигар ин, ки дар ҷаҳони пуртазоду хатарзои глобалӣ таҳрифи воқеият боиси мағзшӯию манобеи ҳадафҳои нопоки қувваҳои иртиҷоӣ қарор гирифтани базе қишрҳои ноустувор дар ҷомеа мегардад. Аз ин рӯ, Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид дошт, ки ногузир аст аҳли ҷомеаи пойтахт, бояд бидуни бетарафӣ, алайҳи дилхоҳ зуҳуроти номатлуби бегонаи фарҳангию адёнӣ, ки ғаразҳои рахнасозии суботу ҳамзистиро бо василаҳои гуногуни таъсиррасонии иттилоотӣ ҳадаф доранд, бо масъулияти томи ватанхоҳона  тамоми нерӯ ва потенсиали мавҷударо сафарбар намоянд.