Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 July 2015

23 июли соли 2015 Иҷлосияи дуюми Маҷлиси   вакилони   халқи  шаҳри Душанбе даъвати  панҷум   дар  толори   Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт»  таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид. 

Дар кори иҷлосия дар радифи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрию ноҳиявӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, субъектҳои хизматрасонӣ, соҳибкорӣ, институтҳои шаҳрвандию кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони васеи воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ ширкат варзиданд.

Қабл аз оғози кори иҷлосия Маҳмадсаид Убайдуллоев аз фаъолияти дастаҷамъонаи сохторҳои марбутаи шаҳрӣ, роҳбарони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва комиссияҳои назорати ҷамъиятии аз ҳисоби институтҳои шаҳрвандӣ  созмонёфта, ки дар асоси Қарори дахлдори Раиси шаҳр баҳри ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва дар ин замина дар асоси ташаббуси соҳибкорон ба танзим даровардани нархҳо дар моҳи шарифи Рамазон дар бозорҳои коммуналию хусусӣ масъулият доштанд, изҳори қаноатмандӣ карда, барои мавқеи шаҳрвандияшон, ки баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони шаҳр равона гардид, сипосмандӣ намуд.

Сипас, Вакилон бо интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва тасдиқи рӯзнома ба баррасии 13 масъалаҳои шомилгардида: 

- Ҳисоботи раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе доир ба рафти иҷрои  Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №150-15 аз 16 октябри соли 2008 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе»;

- Гузориши прокурори шаҳри Душанбе дар бораи иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1146 аз 30 сентябри соли 2011 «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ»;

- Ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Шӯҳрат Мақсудзода оид ба натиҷаҳои  рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе дар моҳҳои январ-июни соли 2015 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли равон;

- Дар бораи тасдиқ намудани Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе;

- Оид ба тасдиқ намудани Низомнома «Дар бораи комиссияҳои доимӣ ва муваққатии  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе»;

- Дар бораи таъсиси комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ;

    - Дар бораи дар ҳайати нав таъсис додани Комиссияи  муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба  номгузорӣ ва аз нав номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар  қисмҳои  таркибии маҳалҳои  аҳолининиши шаҳри Душанбе;

     - Дар бораи номивазкунии кӯчаи Чайковскийи шаҳри Душанбе;

     - Дар бораи номивазкунии кӯчаи Павлик Морозови шаҳри Душанбе;

     - Дар бораи номивазкунии кӯчаи Южно-обходнаяи шаҳри Душанбе;

    - Дар  бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №23;

   -  Дар  бораи  ташкил намудани Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе;

   - Дар бораи тасдиқ намудани Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе, шуруъ намуданд.

Зимни натиҷагирӣ аз ҷараёни татбиқи  Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №150-15 аз 16 октябри соли 2008 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе», ки аз ҷониби раисони ноҳияҳо гузориш дода шуд, Маҳмадсаид Убайдуллоев фаъолияти анҷомдодаи мавсуфро бо ҷалби фаъолони ноҳияҳо  баҳри риояи Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе нокифоя арзёбӣ карда. дастур дод, ки фаъолияти густурда бо ҷалби васеи ҷамоъатчигӣ барои ободонию беҳдошти муҳити зист, ба тартиб даровардани намои бинову иншоотҳо, сабзкорию хуррамнигаҳдории дарахту буттаҳо, таъмири ҷории роҳу пиёдаравҳои маҳаллаву шаҳракҳо ва аз байн бурдани иншооти ғайриқонунӣ роҳандозӣ карда шавад.

Зимнан комиссияҳои марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо инобати дар тӯли амалкарди Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе аз 16 октябри соли 2008 , ки дар Вазорати адлияи кишвар ҳамчун санади меъёрии ҳуқукӣ 27 марти соли 2009, таҳти феҳристи №521 ба қайд гирифта шудааст, муваззаф карда шуданд, ки баҳри мутобиқ ба воқеияти батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятии феълӣ мавриди амал қарор додани он, тағйиру иловаҳои дахлдорро таҳия намоянд.

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо ба инобат гирифтани гузориши прокурори шаҳри Душанбе Саидзода Хайрулло дар бораи иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1146 аз 30 сентябри соли 2011 «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» қарор қабул намуданд, ки баҳри рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва ба ин васила мусоидат намудан ба татбиқи барномаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои шуғли сокинони шаҳр тадбирҳои таъхирнопазир андешида шавад.

            Дар иҷлосия зимни шунидани ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Шӯҳрат Мақсудзода оид ба натиҷаҳои  рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе дар моҳҳои январ-июни соли 2015 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли равон  зикр гашт, ки асосан нишондодҳои барномавӣ дар фазои «Соли соҳибкории истеҳсолӣ ва иқдомоти креативӣ» таъмин карда шуданд. 

Дар ин давра Маҷмӯи маҳсулоти минтақавии  шаҳри Душанбе  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба ҳисоби номиналӣ 159,9 млн. сомонӣ афзоиш ёфта, беш аз 4 миллиард сомониро ташкил дод ва рушди воқеии он ба 6,3 фоиз баробар гардид.

Ҳиссаи Маҷмӯи маҳсулоти минтақавии  шаҳри Душанбе дар   ҳаҷми умумии Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар тибқи ҳисоботҳои фаврӣ 21,7 фоиз ва ҷамъоварии 31,5 %-и  андозҳои маҳаллӣ дар мамлакат ба шаҳри Душанбе рост меояд, ки беҳтарин нишондод дар ҷумҳурӣ  мебошад. 

Дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиши  истеҳсоли маҳсулоти  саноатӣ  дар сатҳи 111,7 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ  -  109,9 фоиз, савдои чакана - 105,0 фоиз ва меъёри тавварум дар бахши истеъмолӣ 7,7 фоизро ташкил дод.

Аз ҷониби 270 корхонаи саноатии шаҳри Душанбе бо дарназардошти субъектҳои соҳибкории бо истеҳсолот машғулбуда (якҷоя бо нерӯи барқ, газ, гармӣ ва обтаъминкунӣ) ба маблағи беш аз 622,55 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 87,1 млн. сомонӣ ё 11,7 фоиз зиёд аст.

17 корхонаи нави саноатӣ бо 343 ҷойи корӣ дар ин давра ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки дар байни онҳо корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ғайриспиртии ширкати “Кока-кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон” бо иқтидори 100 млн. литр дар як сол калонтарин ба шумор меравад. Ин корхона бо маблағгузории наздики 44 млн. долларӣ ИМА бунёд гардида, дар он 120 нафар коргарону мутахасисони маҳалӣ (ҳамаги аз 128) соҳиби ҷойи кор шуданд.

Дар ин давра истеҳсоли барқ дар иншоотҳои энергетикии шаҳри Душанбе 240,3 млн.кВт.соатро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (124,1 млн. кВт. соат) 116,2 млн. кВт. соат ва ё 1,9  баробар зиёд мебошад.

Истеҳсоли энергияи гармӣ 189,5 Гкал-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (86,3 Гкал) 103,3 Гкал ё 2.2 баробар зиёд мебошад.

Ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ зиёда аз 1,2  млрд. сомониро ташкил дод, ки ба 109,9 фоизи ҳаҷми ҳамин давраи соли гузашта баробар аст. Ин нишондод беш аз 30 фоизи ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосии ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби инвеститсияҳои дохилӣ ба 752,5 млн. сомонӣ ё 62,0 фоизи ҳаҷми умумӣ ва  сармоягузории хориҷӣ 460,5 млн. сомонӣ ё 38,0 фоиз баробар гардид. 

Дар шаҳр ба маблағи умумии беш аз 591,7 млн. сомонӣ  фондҳои асосӣ мавриди истифода қарор дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,0 баробар зиёд мебошад ва  90,9  фоизи он ба бахши сохтмон тааллуқ дорад.

Аз ҷумла, дар ин давра беш аз 119,95 ҳазор метри мураббаъ  хонаҳои истиқоматӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,5 баробар зиёд аст.

Дар ин давра бо дарназардошти нақшаю чорабиниҳо оид ба таъмиру азнавсозии роҳҳои автомобилгард ва ирригатсияи шаҳри Душанбе дар 19 иншоот, аз ҷумла 14 иншооти роҳсозӣ ва 5 иншооти ирригатсионӣ корҳо идома ёфтанд ва аз ин ҳисоб дар 4 иншооти роҳсозӣ корҳо ба анҷом расонида шуданд.

Дар баробари ин аз тарафи раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои пойтахт дар нимсолаи якуми соли 2015 дар масоҳати  79034 метри мураббаъ таъмири ҷории хиёбон, кӯча ва роҳҳои пойтахт гузаронида  шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,1фоиз зиёд мебошад.

Дар нимсолаи якуми соли 2015 бо ҳама намуди нақлиёти мусофиркашонӣ, бо дарназардошти мушоҳидаҳои фаъолияти нақлиёти мусофирбар беш аз 126,2 млн. нафар мусофир кашонида шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 4,964 млн.  нафар зиёд мебошад.

Бо мақсади ғанигардонии бозори истеъмолӣ дар шаҳр ва пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар ин давра аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ  бо корхонаю ташкилотҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва соҳибкорон дар назди бозорҳои коммуналӣ ва  КВД Маҷмааи савдои “Пойтахт-90” - 62 маротиба ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида шуда, 946,0 тонна маҳсулоти ниёзи аввалия  ба маблағи беш аз 2,7 млн. сомонӣ  ба фурӯш бароварда шуд.

Шумораи кормандони дар рӯйхатбудаи шаҳр  147220 нафарро ташкил дода (баробари нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2014-ум),  фонди музди меҳнати онҳо  (дар моҳи майи соли 2015) ба  211,7 млн. сомонӣ баробар гардид. Музди миёнаи меҳнат барои як нафар корманд ба 1503,2 сомонӣ расид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 8,7 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра 2059 нафар корҷӯй бо мусоидати марказҳои шуғли аҳолии шаҳр дар корхонаю муассисаҳо аз рӯи ихтисосҳои гуногун бо ҷои кори доимӣ таъмин карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда дар корхонаю муассисаҳои шаҳр 17667 ҷои кории нав таъсис ва барқарор карда шуд, ки ин 58,0 фоизи нақшаи солонаро  (30500 нафар) ташкил медиҳад.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ иҷроиши нақшаи қисми даромади буҷет аз рӯи контингенти умумии даромадҳо (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ)  ба андозаи 107,2 фоиз таъмин карда шуда, ба буҷет 953,0 млн. сомонӣ  ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 64,2 млн. сомонӣ ва нисбат ба  ҳамин давраи соли 2014 121,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Душанбе аз рӯи воридоти андозҳо 107,5 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 586,6 млн. сомонии дар нақша пешбинишуда ба буҷет  630,4 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 43,8 млн. сомонӣ  ва нисбати ҳамин давраи соли 2014-ум 36,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ бақияпулиҳои қарзи андоз  (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) нисбат ба 1 январи соли 2015 (61,2 млн. сомонӣ)  2,3 млн. сомонӣ кам гардида, ба ҳолати 1 июни соли 2015  58,9 млн. сомониро ташкил доданд.

Дар нимсолаи якуми соли 2015 аз ҳисоби  иҷора ва хусусигардонии моликияти коммуналӣ ба буҷети шаҳри Душанбе  беш аз 4,58 млн. сомонӣ ворид гардид, ки аз он 2,67 млн. сомонӣ барои иҷораи амвол ва 1,91 млн. сомонӣ  аз ҳисоби хусусигардонӣ мебошад. 

Барои дастгирии табақаи камбизоати аҳолӣ, аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ мутобиқи Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №243-22 аз 25 декабри соли 2015 аз 1 январи соли 2015 илова ба нафақаи  иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ба ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида ҳар моҳ маблағи 700 сомонӣ  ва ба шахсоне, ки дар ин солҳо на камтар аз 6 шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд  ва дигар шахсони ба онҳо баробар маблағи 100 сомонӣ ва ба 717 нафар шахсони дар боло зикргардида дар маҷмӯъ 775,6 ҳазор сомонӣ  пардохт карда шуд.

Ҷиҳати беҳдошти вазъи бо об таъмин намудани истеъмолкунандагони  шаҳри Душанбе, аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” 59 адад насоси барориши якум, 41 адад барориши дуюм ва 65 адад барориши сеюм иҷро таъмир гардида, 61 адад муҳаррики барқӣ ва 87 адад трансформатор баъди гузаронидани корҳои таъмирӣ аз нав мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд. Инчунин, дар ин давра 5,33 км қубурҳои оби нӯшокӣ ва 2,3 км қубурҳои корезӣ бо гидромошинҳо тоза карда шуда, дар шабакаи обтаъминкунӣ 70 адад ҷумаки сӯхторхомӯшкунӣ таъмир ва 20 адад иваз гардиданд. Тибқи нақша таъмири 372 адад ва ивази 101 адад лукидони андозаи 50-600 мм ба анҷом расонида шуд.  

Дар истгоҳҳои обтаъминкунӣ дар давраи ҳисоботӣ 81,7 млн. м³ об истеҳсол ва интиқол дода шудааст. Ба истеъмолкунандагон ба маблағи 24,8 млн. сомонӣ оби нӯшокӣ интиқол дода шуда, ҷамъоварии он 24,7 млн. сомонӣ ё 99,6 фоизро ташкил намудааст. Аз ҷумла, ба аҳолӣ ба маблағи 10,1 млн. сомонӣ оби нӯшокӣ интиқол гардида, ҷамъоварии он 10,2 млн. сомонӣ ё 100,9 фоизро ташкил дод.

Аз ҷониби Муассисаи давлатии “Равшании Душанбешаҳр” 1342 адад системаи равшанидиҳандаи шаҳраку маҳаллаҳо азнавсозӣ гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 551 адад зиёд мебошад. Инчунин 7881 адад (109,5 фоиз) лампаи чароғи аз кор баромада иваз ва 61,2 км (106,6 фоиз) ноқилҳои барқии  бурриши ҳархела таъмиру иваз гардиданд. Инчунин  1361 адад сутуни барқӣ ва шоха тайёр ва 3173 адад рангубор карда шуд.

Аз ҷониби МД “Шабакаи гармидиҳӣ” то 1 июли соли ҷорӣ таъмири ҷории 4 адад деги гармидиҳӣ ва  8,0 км. шабакаҳои гармидиҳанда ба итмом расонида шуд.

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба истеъмолкунандагон 54126 Гкал энергияи гармӣ интиқол дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 130,4 фоизро ташкил менамояд.

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба КВД “Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе” ба миқдори 122 226,0 тонна партовҳои сахти маишӣ ворид гардида, дар майдонҳои партовгоҳ ҷо ба ҷо ва безарар гардонида шудааст.

Маблағи умумии хизматрасониҳои асосӣ ва иловагии корхонаи мазкур, дар ин давра  923,7 ҳазор сомониро ташкил намуд.

Дар моҳҳои январ-июни соли 2015 ҳамаи субектҳои шаҳр ба миқдори 1277,9 млн. кВт. соат қувваи барқ истифода бурдаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 106,6 млн. кВт. соат кам мебошад. Аз ҷониби аҳолӣ 893,4 млн. кВт. соат қувваи барқ истифода гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014–ум 118,3 млн. кВт. соат зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар 110 муассисаи томактабии шаҳр 25895 нафар тарбиятгиранда тавассути 1282 мураббӣ бо таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.

Дар марҳилаи имрӯза шумораи кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ рӯ ба афзоиш дорад. Соли 2014 шумораи умумии тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ 24007 нафар бошад, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ин теъдод ба 25895 нафар расидааст.

Соли хониши  равон дар шаҳр 140 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият кард, ки дар он 7357  нафар омӯзгор ба 175996  нафар хонанда таълиму тарбия доданд.

Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №761 аз 13 январи соли 2015 “ Дар бораи ташкили истироҳати  тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2015” ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе №11 аз 13 январи соли 2015 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2015” тобистони соли ҷорӣ дар истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ  3500 нафар кӯдак ва дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ дар ду баст 1660 нафар кӯдак ба истироҳат фаро гирифта мешаванд.

Баҳри амалисозии «Барномаи миёнамуҳлати рушди соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе барои солҳои 2011–2015», ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 4 марти соли 2011 №157 ба тасвиб расидааст дар соли равон муассисаҳои табобатию  профилактикии зертобеи Раёсати тандурустӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр ба маблағи 5,04 млн.  сомонӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин  гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи Барномаи мазкур ва банди 3 Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 30 октябри соли 2013 №596-9 “Дар бораи тасдиқи Нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2013-2014 оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ифтитоҳи расмии биноҳои навбунёд ва боздид аз иншоотҳои сохтмонии шаҳри Душанбе (4-5.09.2013) баёнгардида”  сохтмони Беморхонаи бисёрсоҳавии  шаҳрӣ дорои 650 кат ва дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст ва таҷҳизондани он бо таҷҳизотҳои тиббии ҳозиразамон идома дорад.

Бо мақсади тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 дар муассисаҳои табобатию профилактики шаҳри Душанбе то 1 июли соли ҷорӣ 103 генератор, 77 адад печкаи ангиштӣ, 88 адад солярогаз, 10 адад печкаи гази моеъ, 27 адад печкаи керосинӣ, 47,5 тонна ангишт ва 273 м3 ҳезум захира гардидааст.

Шумораи муассисаҳои табобатию профилактикӣ, ки аз буғхонаҳои локалии ангиштӣ ва бойлерӣ бо гармӣ таъмин карда мешаванд  ба 18 адад ва бо хатти тозаи барқ таъмин мебошанд ба 26 адад расонида шуд.

Новобаста аз ин, дар иҷлосия  қарор гардид, ки таҳлилу натиҷагириҳои амиқ оид ба ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо иштироки роҳбарони  субъектҳои соҳибкорию хоҷагидории шаҳр таҳти раёсати бевоситаи Раиси шаҳр 27 июли соли 2015, соати 15 дар маҷлисгоҳи шаҳрдорӣ доир карда мешавад.

      Дар иҷлосия вакилон Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва  Низомнома «Дар бораи комиссияҳои доимӣ ва муваққатии  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе»-ро тасдиқ намуда, 12  комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бар зидди коррупсия, оид ба шуғли аҳолӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва  рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва соҳибкорӣ, оид ба буҷет ва идораю ихтиёрдории моликияти коммуналӣ, оид ба нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо, оид ба меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон ва ободонӣ, оид ба ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва байторӣ, оид ба фарҳанг, маориф, илм ва инноватсия,  оид ба саноат ва энергетика, оид ба сиёсати ҷавонон, рушди варзиш ва сайёҳӣ, оид ба масъалаҳои гендерӣ, тандурсутӣ, ҳифзи модар ва кӯдак, оид ба ҳамкорӣ бо ташкилотҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятию ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори оммаа ва ташкилотҳои динию ғайриҳукуматӣ, оид ба назорати Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, таъсис доданд.

Ҳамин тариқ,  Буриев Имонқул Бозорович- вакил аз ҳавзаи интихоботии №7, мудири шӯъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳовуддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ – раиси Комиссияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бар зидди коррупсия, Мирсаидов Аврор Бобоевич – вакили аз ҳавзаи интихоботи №69, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ - раиси Комиссияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри оид ба шуғли аҳолӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва  рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва соҳибкорӣ, Мирзоев Тоир Хайруллоевич - вакил аз ҳавзаи интихоботии №61, мудири Шӯъбаи иқтисодиёт, коммуникатсия, аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экологияи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ - раиси Комиссияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри оид ба буҷет ва идораю ихтиёрдории моликияти коммуналӣ, Валиев Шариф Файзуллоевич -вакил аз ҳавзаи интихоботии №10, декани факултаи геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои кишоварзӣ - хокшинос - раиси Комиссияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри оид ба нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо, Давлатов Абдуқодир - вакил аз ҳавзаи интихоботии №4, директори Корхонаивоҳиди давлатии “Ташхисгар”-и Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- раиси Комиссияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри оид ба меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон ва ободонӣ, Амиров Назрулло Исматович - вакил аз ҳавзаи интихоботии №28, директори Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоврзии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ - раиси Комиссияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри оид ба ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва байторӣ, Шарифов Зариф Раҳмонович - вакил аз ҳавзаи интихоботии №52, мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор - раиси Комиссияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри оид ба фарҳанг, маориф, илм ва инноватсия,  Саидраҳмонов Саидҷон Саидбурҳонович - вакил аз ҳавзаи интихоботии №64,  директори генералии КВД “Нафту газ”-и Вазорати энергетика ва захзираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Комиссияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри оид ба саноат ва энергетика, Пиров Фурқат Сайфуллоевич - вакил аз ҳавзаи интихоботии №9, муовини декан оид ба таълими факултети технологияи  иттилоотӣ ва коммуникатсионии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, номзади илмҳои техникӣ - раиси Комиссияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри оид ба сиёсати ҷавонон, рушди варзиш ва сайёҳӣ, Алиева Зулфия Ҷумаевна - вакил аз ҳавзаи интихоботии №65, мудири Шӯъбаи ташхиси функсионалии Маркази миллии ташхис, номзади илмҳои тиб - раиси Комиссияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри оид ба масъалаҳои гендерӣ, тандурсутӣ, ҳифзи модар ва кӯдак, Сафаров Сайфулло Садулоевич  - вакил аз ҳавзаи интихоботии №8, муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа - раиси Комиссияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри оид ба ҳамкорӣ бо ташкилотҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятию ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма ва ташкилотҳои динию ғайриҳукуматӣ ва Насруллоев Камолҷон - вакил аз ҳавзаи интихоботии №39, Шоири халқии Тоҷикистон, узви Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон - раиси Комиссияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри оид ба назорати Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе интихоб гардиданд.

Инчунин, дар иҷлосия вакилон Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузорӣ ва аз нав номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар  қисмҳои  таркибии маҳалҳои  аҳолининиши шаҳри Душанберо дар ҳайати нав таъсис дода, раисии онро ба зиммаи Сайфулло Сафаров- вакил аз ҳавзаи интихоботии №8 вогузор намуда, вазифадор карданд, ки ҷиҳати  вусъати амалисозии тадбирҳои шаҳрдорӣ оид ба номи шахсиятҳои шоёну барӯманди миллие, ки баҳри пешрафти пойтахт ва кишвар саҳми босазо гузоштаанд  номгузорӣ кардани кӯчаҳои шаҳр ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе ҷаласаи комиссияро бобати баррасии дархостҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар ин хусус доир намояд.

Дар ин росто, ҳамзамон дар асоси пешниҳоди  Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе бо қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе кӯчаи Чайковскийи шаҳри Душанбе ба номи арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, иштирокчии ЧБВ-и солҳои 1941-1945 Абдуллоев Наҷмиддин, кӯчаи Павлик Морозов ба номи иштирокчии ҶБВ-и солҳои 1941-1945 Ашӯров Малик ва кӯчаи Южно-обходная ба Зарнисор номгузорӣ карда шуд.

        Дар иртибот ба масъалаи 11-уми рӯзномаи иҷлосия ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии 23 Машрабов Ибодулло  пеш аз мӯҳлат қатъ ва барои баргузории интихобот дар ҳавзаи интихобот