Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 July 2015

13 июли соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти садорати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ доир гардид.

Дар ҷаласа қабл аз ҳама масоили омодабошии шаҳр ба расми анҷоми сафари давлатии Сарвазири Ҳиндустон ҷаноби Нарендра Моди ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масоили мубрами хоҷагидории шаҳр мавриди баррасӣ ва таваҷҷуҳи хосаи шаҳрдор қарор гирифта, ба масъулин раҳнамоиву дастурҳои мушаххас ироа гаштанд.

Ҳамзамон дар ҷаласа мавзӯъоти роҳандозии натиҷагирӣ аз татбиқи барномаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр  дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ, ҳадафманду таъинотӣ истифодабарии маблағҳои буҷетӣ ва тарҳрезии мақсадноки лоиҳаи аз нигоҳи иҷтимоӣ таҳкимёфтаи буҷети шаҳри Душанбе  барои соли 2016 матраҳ шуда, идома бар он ҳолати обтаъминкунию беҳдошти вазъи санитарию экологӣ, нигоҳдорию сохтмони роҳҳо, ҳифзи ёдгориҳои фарҳангию таърихӣ, назорати сохтмонӣ дар иншооти бунёдшаванда ва  баҳри вусъати корҳои ободонию сабзкорӣ ва аз гармо эмин нигоҳ доштани дарахту бутта ва гулу чаманзорони шаҳр масъалагузориҳои касбӣ сурат гирифтанд.

Гузашта аз ин дар ҷаласа дастур гардид, ки дар асоси нақшаҳои барномавии шаҳрдорӣ ба ифтихори Рӯзи истиқлолият рӯйхати иншооти ба истифода супоридашаванда дар таносуби маблағҳои буҷетӣ ва дигар сарчашмаҳо таҳия ва омодасозии шаҳр ба нишасти Сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар Тоҷикистон, ки  14 – 15-уми сентябри соли 2015  доир мегардад, таври густарда тарҳрезӣ карда шавад.