«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
16 August 2010

Қарори Раиси шаҳри Душанбе №474 аз 5 августи соли 2010 “Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирӣ аз болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар моҳи Шарифи Рамазон дар қаламрави шаҳри Душанбе”тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” аз ҷониби Вазорати адлияи кишвар  ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳи № 582 аз 12 августи соли 2010 ба қайд гирифта шуд.

Бо дарназардошти амали мазкур ва мувофиқ ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 532 аз 1 октябри соли 2009  “Дар бораи тасдиқи Тартиби интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқукии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ” Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе дар нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи “Ҷумҳурият”14 августи соли 2010 интишор гардид.

Зимнан, ба маълумоти тамоми ташкилоту идораҳо, субъектҳои тиҷоративу хоҷагидорӣ ва соҳибкорию  сокинони  шаҳри Душанбе расонида мешавад, ки дар давоми моҳи Шарифи Рамазон аз 11 август то 10 сентябри соли ҷорӣ риояи ташаббуси соҳибкорону роҳбарони бозорҳои коммуналию хусусии шаҳри Душанбе ҳамчун амали хайроту эҳсонкорӣ дар қаламрави пойтахт оиди боздоштани нархи 1 кг гӯшти гов то 18 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд то 19 сомонӣ, нархи 1 халта орди навъи якум то 90 сомонӣ ва то 15-20 фоиз паст намудани нархи равғани растанӣ, равғани маска, шир, тухм, биринҷ, шакар, картошка, помидор, пиёз, сабзӣ, карам, ангур ва харбузаю тарбуз, ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе ҷонибдорӣ карда шудааст, ҳатмӣ мебошад.

Бобати воқеияти риояи ташаббус оид ба бо нархҳои иқдомӣ аз ҷониби соҳибкорон ба фурӯш гузоштани анвои маҳсулоти мутазаккира телефонҳои боварии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  223-22-14 ва 221-26-95 барои сокинон дар даромадгоҳи марказии бинои шаҳрдорӣ ва почтаи электронии Раиси шаҳри Душанбе dushanbe80@yahoo.com фаъол карда шудааст, ки ҳар як шаҳрванд имкон дорад дар ин хусус аз бардоштҳои худ муроҷиат намояд.