Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
16 September 2015

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №389-2 аз 21.08.2015

 

Дар бораи солимгардонии муҳити зист ва захираву истифодаи мақсадноки дарахтони бартарафшавандаи ҳудуди иншооти «Азнавсозии хиёбони Борбад (аз кӯчаи Шестопалов то кӯчаи Пахтакор)»

 

Бо мақсади ҳифзи муҳити зист, ба талаботи ҷаҳони муосир мутобиқ намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва захираву истифодаи мақсадноки дарахтони бартарафшавандаи ҳудуди иншооти «Азнавсозии хиёбони Борбад (аз кӯчаи Шестопалов то кӯчаи Пахтакор)», ҷиҳати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №136 аз 4 марти соли 2015 «Дар бораи ѓолиби тендер» ва амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт, беҳбуд бахшидан ба ҳолати техникии роҳҳо ва бо инобати хулосаи комиссияи ҷамъиятӣ аз 2 июли соли 2015, дархостҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Сино №1/1-373 аз 16 июли соли 2015, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ №1-470-10 аз 10 июли соли 2015, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.   Муассисаи давлатии  «Раёсати  сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ҳамчун фармоишгар, дар асоси санади Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе №28 аз 21 апрели соли 2015 ва хулосаи комиссияи ҷамъиятӣ аз 2 июли соли 2015, дарахтони дар ҳудуди иншооти «Азнавсозии хиёбони Борбад (аз кӯчаи Шестопалов то кӯчаи Пахтакор)» - ро тибқи лоиҳа бартараф намуда, баҳри таъмини беҳдошти муҳити зист ва риояи меъёрҳои экологӣ, ба ҷойи дарахтони бартарафшаванда тибқи нақшаи замимагардида шинонидани ниҳолҳоро таъмин ва дар асоси санади дахлдор ҷиҳати нигоҳубини минбаъда онҳоро ба тавозуни Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино ва Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Фирдавсӣ супорад.

2.   Дарахтони бартарафшавандаро дар ҳаҷми умумии 378 (сесаду ҳафтоду ҳашт) м3, тибқи дархостҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Сино 191 (як саду наваду як) м3 ва  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 187 (як саду ҳаштоду ҳафт) м3 мувофиқи борхат ҷудо намояд.

3.   Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

4.   Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Расулов А.Р. гузошта шавад.

  М.УБАЙДУЛЛОЕВ