Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 September 2015

21 сентябри соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ихтисосии кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ, масъулини соҳа ва роҳбарони субъектҳои хоҷагидории шаҳр баргузор гардид.

Дар ҷаласа қабл аз ҳама оид ба беҳдошти вазъи экологию санитарии шаҳр ва иҷрои дастурҳои шаҳрдор дар ин самт гузориши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе Толиб Раҳимов шунида шуд.

Мавсуф зикр сохт, ки  то санаи 20 сентябри соли 2015 аз ҷониби мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои шаҳр таҷдиди ҷойҳои партовҷамъкунии ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт тибқи нақшаи тарҳрезигардида бо масолеҳи сабуки сохтмонӣ комилан ба иҷро расонида шудааст.

 Мутаассифона дар ҳудуди ташкилоту идораҳои сатҳи гуногун, ки тавозундории  нуқтаҳои партовҷамъкуниро худ ба зимма дошта, тибқи шартнома бо корхонаҳои партовкашонии ноҳияҳои шаҳр партовҳояшон ба партовгоҳи умумишаҳрӣ кашонида мешаванд, раванди таҷдиди ҷойҳои партовҷамъкунӣ дар натиҷаи бемасъулиятии роҳбарони сохторҳои зикршудаю ҳифзи муҳити зист ва назорати санитарию эпидемиологӣ ба роҳ монда нашудааст.

Бо инобати ҳолати мавҷуда Маҳмадсаид Убайдуллоев раисони ноҳияҳоро муваззаф сохт, ки дар ҳамкории бевосита бо роҳбарони субъектҳои хоҷагидории соҳибтавозун таҷдиди ҷойҳои партовҷамъкуниҳои зикрёфтаро низ  таҳти назорати қатъӣ таъмин намоянд ва Комиссияи марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҷараёни баамалбарории ин дастурро зери назорат қарор диҳад ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти прокуратураи шаҳр иҷроиши талаботи қонунгузориро амалӣ созанд.

Идома бар он, дар ҷаласа ҳолати иҷрои муқаррароти шаҳрдорӣ оид ба назорати аз рӯи таъинот истифодашавии ҷойҳои ҷамъиятӣ дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ва баҳри рушди ҳунарҳои мардумӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ истифодабарии онҳо дар ҷойҳо, ки ин тадбир метавонад шуғли доимии занҳои хонашинро дар шаҳраку маҳаллаҳо иловатан таъмин созад, аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев баррасӣ ва дастур гардид, ки сохторҳои зидахл дар ин самт фаъолияташонро идома дода, бобати амалисозии он дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Инчунин Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласа фаъолияти 45 гуруҳҳои таблиғотии бо Қарори марбутаи  Раиси шаҳр созмонёфтаро, ки аз 27 августи соли 2015  дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо бо сокинон мулоқот анҷом медиҳанд ба риштаи таҳлил кашида, роҳбарон ва ҳайатҳои гуруҳҳои таблиғотиро муваззаф кард, ки бобати баланд бардоштани маърифат ва донишҳои ҳуқуқии сокинон нисбати пешгирии таъсиррасонии фарҳанг ва тафаккури бегонаву иртиҷоӣ дар ҷомеа мулоқоту вохӯриҳоро мақсаднок ба роҳ монанд, зеро яке аз сабабҳои гаравиши баъзе аз қишрҳои ҷомеа ба ин гуна ҳаракатҳои иртиҷоӣ ин надоштани сатҳи зарурии донишҳои дунявию адёнӣ, инчунин бетарафии ҷомеаву падару модарон мебошад, ки онҳо ба ваъдаҳои безаминаи мубаллиғони тамоюлҳои тундрав бовар намуда, гумоштагони бетақдир ва қурбонии бозиҳои тарҳрезишудаи геополитикию ноамниҳо мегарданд.

Дар иртибот ба ин аз аҳли ҷамоатчигии шаҳр ва дигар мақомоти марбута тақозо намуд, ки нисбати дилхоҳ ашхоси барангезандаи андешаи нифоқу рахнаовари ҳамзистиии осоишта ва суботи бар асари ҷоннисориҳо бадастомадаи ҷомеа бетарафӣ зоҳир накарда, ҳамкорию тадбирҳои пешгирикунанда ва профилактиро пурзӯр  созанд.

Ҳамзамон дар ҷаласа масоили тайёрии шаҳр ба мавсими зимистонгузаронии пешорӯ ва омодагиҳо ба иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки ин ва дигар масъалаҳои муҳимми хоҷагидории  шаҳр баррасӣ карда мешаванд, инчунин вусъати корҳои сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳҳои асосию дохили шаҳраку маҳаллагузар, пурзӯр кардани чораҳо оид ба танбашавии нақлиёт ва манъи вуруди воситаҳои нақлиёти гаронвазн дар роҳҳои шаҳр баҳри пешгирӣ аз харобшавии роҳҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳолати нигаҳдошту ҳифзи дарахту чаманзорҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ҳайкалу муҷассамаҳои меъмории зебдиҳандаи шаҳр ва ғановати ҳамарӯзаи бозори истеъмолӣ, бахусус дар арафаи Иди Қурбон, мавриди таваҷчуҳи шаҳрдор қарор гирифта, ба масъулин дар роҳи иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ дастурҳои мушаххас ироа гардиданд.

Бо дахли масоили рушди меъморӣ ва татбиқи Нақшаи генералӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев дар иртибот ба баррасии ташаббусу муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ оид ба амалисозии лоиҳаҳои сохтмонӣ, дар ҷаласа муқаррар сохт, ки шуруъ аз 21 сентябри соли 2015 минбаъд аз ҷониби шаҳрдорӣ он дархостҳое қабул ва баррасӣ карда хоҳанд шуд, ки дар асоси тасҳеҳи Нақшаи генералӣ нақшаи тарҳрезии муфассали маҳал ё ворид намудани тағйирот ба он аз ҷониби Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муовофиқа расида бошад.

Дар фарҷоми ҷаласа бо мақсади дар сатҳи шоён таҷлил намудани 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва роҳандозии мақсадноки омодагиҳо ба чорабинии фарҳангии он дар пойтахти кишвар, аз ҷониби Раиси шаҳр дастур гардид, ки ҷиҳати дарёфти беҳтарин сенарияи баргузории ҷашни мазкур лоиҳаи Қарори шаҳрдорӣ оид ба эълон доштани озмуни байналмилалӣ таҳия ва пешниҳод карда шавад.