Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 September 2015

Қарори раиси шаҲри Душанбе № 407  аз 18 сентябри  соли 2015

 

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти

иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар

 шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва таҷлили

 Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Бо мақсади дар сатҳи баланди бадеиву ташкилӣ баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

1.     Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад. 

2.     Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, дар мувофиқа ва ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор, иҷрои ҳатмии Нақшаи чорабиниҳои зикргардидаро таъмин намоянд.

3.     Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Лангариева Ҷ.С.  гузошта шавад.

                                                                                  М. УБАЙДУЛЛОЕВ