Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 September 2015

ҚАРОРИ РАИСИ  ШАҲРИ  ДУШАНБЕ № 312-1 аз 11.06.2015

 

Дар  бораи  тадбирҳои  иловагии  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри таъмини рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ ва суръат бахшидан ба корҳои созандагиву ободонӣ барои солҳои  2015-2016

 

Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ ва таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни  конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

        

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба таъмини рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ барои солҳои 2015-2016 тасдиқ карда шавад.

2.  Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе  дар якҷоягӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳрӣ иҷрои бемайлони Нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин намуда, аз ҷараёни иҷрои он ҳар се моҳ ба Раиси шаҳри Душанбе ахбор манзур намоянд.

3.  Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи муҳтавои Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе  А. Расулов гузошта шавад.

 М.УБАЙДУЛЛОЕВ