«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 September 2015

        Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли вазифаҳои мудирони муассисаҳои томактабӣ аз  21 сентябр то 19 октябри соли 2015 озмун бо ҷамъбасти он на дертар аз 21 октябри соли 2015 эълон менамояд.

         Довталабон барои ишғоли вазифаи холии мазкур ҳуҷҷатҳои  зеринро ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд:

 

- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи  4X6 );

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- собиқаи бефосилаи корӣ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  086 УЕ;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома дар шакли электронӣ (резюме).

        Ба довталабони дорои маълумоти олии таҳсили рӯзона  аз рӯи ихтисоси омӯзгор, педагог – психолог таҷрибаи кории роҳбарикунанда ва на кам аз 10 (даҳ) сол собиқаи соҳавии бефосилаи корӣ доранд, афзалият дода мешавад.

Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 19 октябри  соли 2015.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо телефони  221-35-68  муроҷиат  намоянд.

 

Қарори раиси шаҲри Душанбе  №412  аз18.09.2015

Дар     бораи    эълон   намудани  озмун  барои  ишғоли вазифаҳои мудирони  муассисаҳои   томактабии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе   

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

          ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.Барои ишғоли вазифаҳои мудирони муассисаҳои томактабии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  аз  21  сентябр то 19 октябри  соли 2015 озмун бо ҷамъбасти он на дертар аз 21 октябри  соли 2015 эълон карда шавад.

2.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе         (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

3.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини  Раиси шаҳри Душанбе Лангариева Ҷ.С. гузошта шавад.                 

                                                                                 М. УБАЙДУЛЛОЕВ