Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 August 2010

23 августи соли 2010, соати 7-00 дар КВД «Маркази равобити пойтахт»  ҷаласаи васеи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор мегардад.

Зимнан, шаҳрдорӣ тибқи тартиби ҷорӣ оид ба пазируфта шудан ба қабули Раиси шаҳри Душанбе ба таваҷҷўҳи сокинони пойтахт мерасонад, ки шаҳрвандони мувофиқ ба муқаррароти амалкунанда  муроҷиатҳояшон дар сатҳи  муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накарда имкон доранд дар баробари роҳбарони мақомотҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ, ширкатҳои соҳибмулкони манзил ва раисони шўроҳои хонаҳо, шаҳраку маҳаллаҳо ҷиҳати баррасии масъалаҳою пешниҳодҳояшон дар ҷаласаи мазкур шахсан ширкат варзанд. 

Ҳамзамон аз шаҳрвандони тибқи ин тартиб ба ҷаласаи  мазкур тасмими иштирокдошта хоҳиш карда мешавад, ки риояи либоси расмиро  фаромўш насозанд.