Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 September 2015

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 423   аз   22.09.2015

 Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ аз истгоҳҳои обтаъминкунии «Кофарниҳон», «Ҷанубӣ-Ғарбӣ», «Худҷореъ» ва  «Фишорӣ»

 

       Бо мақсади  гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар доираи иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти № 223 аз 21.04.2015сол  «Дар бораи тадбирҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе,  соҳаҳою сохторҳои марбута ва аҳли  ҷамоатчигии шаҳр ҷиҳати таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт ба  мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 7 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР МЕКУНАМ:

             1. Нақша-чорабиниҳои замимагардидаи Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» барои  бо навбат  муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ аз истгоҳҳои обтаъминкунии «Кофарниҳон», «Ҷанубӣ-Ғарбӣ», «Худҷореъ» ва «Фишорӣ», бо мақсади омода намудани истгоҳҳо ба  мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016, тасдиқ карда шавад.

             2.  Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмир ва васлкунии таҷҳизотҳо интиқоли оби нӯшокӣ  дар истгоҳҳои обтозакунии

I. Истгоҳи обтаъминкунии «Кофарниҳон»:

-ноҳияи Фирдавсӣ: маҳаллаҳои Гулбутта, Маърифат, Крупский-1,2, шаҳракҳои 61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, Фучик, Чайковский;

-ноҳияи Шоҳмансур: кӯчаҳои Назаршоев, Қаротеғин, Ховарон, Мирзобек, Зебуниссо, Чиноро-1,2, К.Хуҷандӣ, Восифӣ, Хайробод, Мастонгулов, Фучик, К.Манн, Зафар, С.Р.Афардӣ, Улуғбек, У.Зоконӣ, А.Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои роҳи оҳан то Меҳмонсаройи «Пойтахт» ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ, то гардиши Фурӯдгоҳ, шаҳракҳои 191, 192, Бинокорон ва маҳаллаи оҳолинишини Комбинати коркарди чӯб аз соати 22-00 рӯзи 30 сентябр то соати 24-00 рӯзи  01 октябри  соли 2015 қатъ мегардад.

 

II. Истгоҳи обтаъминкунии «Ҷанубӣ-Ғарбӣ»:

-ноҳияи Фирдавсӣ: шаҳракҳои  43, 64, 65 ва  кӯчаҳои Борбад, Фирдавсӣ;

-ноҳияи Сино:  шаҳракҳои 11,12, 13, 14, 15, 31, 32, 33, 52, 53, 82, 83, 84, 103, 104, кӯчаҳои Нахимов, Миралӣ, Юсуф Вафо, А.Қаҳҳорӣ, П.Сулаймонӣ,  Тургенев,  Р.Набиев,  Ханҷин, маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, Ҳаёти нав аз соати 22:00 рӯзи 06 октябр то  соати  24:00 рӯзи 07 октябри  соли 2015 қатъ мегардад.

 

III. Истгоҳи обтаъминкунии «Худҷореъ»:

-ноҳияи И.Сомонӣ: маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, Чашмасор, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ;

-ноҳияи Шоҳмансур: маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ,  Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Назриқулов, А.Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз           хонаи 1то 77;

-ноҳияи Сино: маҳаллаҳои  Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Испечак 1,2,3, Қазоқон-1,2, Қарамиршикор ва Муҳандис, шаҳракҳои 82,91,92,101,102,112 ва Зарафшон 1,2;

-ноҳияи Фирдавсӣ: кӯчаҳои Қаҳҳоров, Н.Қарабоев то хиёбони Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, маҳаллаҳои Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор,  Миралӣ, шаҳракҳои 23, 24, 41, 42, 43, 44, 45, 46 ва Маркази истеҳсоли  барқу гармидиҳии ш. Душанбе аз соати 22-00 рӯзи 13 октябр то соати 24-00 рӯзи  14 октябри  соли 2015 қатъ мегардад.

 

IV. Истгоҳи обтозакунии «Фишорӣ»:

-ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дьяков, Боғи ҳайвоноти шаҳрӣ, Варзишгоҳи марказӣ;

оҳияи И.Сомонӣ: хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), хиёбони И.Сомонӣ, кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин, Теҳрон аз соати 22-00 рӯзи 20 октябр то соати 24-00 рӯзи   21 октябри  соли 2015 қатъ мегардад.

       

            3.  Аз сокинони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.

                 4. Раиси ноҳияи И.Сомонӣ - Қурбонов А.Ҷ., и. в. раисони ноҳияҳои Фирдавсӣ – Табарзода Ҷ.А., Шоҳмансур – Сиёмардзода С., Сино – Ализода С.А. ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» Исупов Ф.А. дар давраи иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда, бо истифода аз автомобилҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

            5. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Ҳабибов А.Ҳ.) ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарӣ таҳти назорат қарор дихад.

            6. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

              7.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе  Расулов А.Р. гузошта шавад.

         М. УБАЙДУЛЛОЕВ