Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 September 2015

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ  №399-14  аз 08.09. 2015

 

Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба иҷрои дархосту пешниҳодҳои ширкаткунандагони ҷаласаи васеи аҳли ҷамоатчигии пойтахт 19 августи соли 2015

 

Бо мақсади татбиқи амалии дархосту пешниҳодҳои ширкаткунандагони ҷаласаи васеи назди Раиси шаҳри Душанбе бо аҳли ҷамоатчигии пойтахт 19 августи соли 2015 бо иштироки аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе, вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқ ва худфаъолияти ҷамъиятии шаҳр, институтҳои шаҳрвандӣ, роҳбарони марказҳои савдою хизматрасонӣ, имомхатибони масҷидҳои панҷвақтаю ҷомеъ ва масъулини кулли  сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ, мутобиқи  моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Нақшаи чорабиниҳои замимагардидаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба иҷрои дархосту пешниҳодҳои ширкаткунандагони ҷаласаи васеи назди Раиси шаҳри Душанбе бо аҳли ҷамоатчигии пойтахт  19 августи соли 2015 тасдиқ карда шавад.

2. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар хамкорӣ бо роҳбарони сохторҳои марбута татбиқи ҳамаҷонибаи Нақшаи чорабиниҳои зикршударо таъмин намоянд.

3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ ба роҳ монад.

4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф. У. гузошта шавад.

 М.УБАЙДУЛЛОЕВ