«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 September 2015

28 сентябри соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ, масъулини соҳа ва раисони ноҳияҳои  пойтахт баргузор гардид.

Зимни муҳокимаи масъалаҳо Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи муовини якуми худ  ва сармеъмори шаҳрро ба ҳолати мутобиқ ба талаботҳои нақшаи муфассали тарҳрезии маҳал татбиқи бомароми Нақшаи генералӣ ва аз рӯи таъинот истифодашавии инфраструктураҳои мавҷуда, қабл аз ҳама роҳҳои транзитии шаҳр нигаронида, дастур фармуд, ки баистифодадиҳии онҳоро аз рӯи таъинот  комилан таъмин намоянд.

Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев бо инобати фарорасии фасли боришот таваҷҷуҳи масъулини соҳа ва раисони ноҳияҳоро ба вусъати корҳои ҷараёндоштаи сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳҳои асосию дохили шаҳраку маҳаллагузар, инчунин дар ҳолати хуб нигоҳ доштани наҳру селпартоҳои марзгузари шаҳр, омодасозии техникаҳои коммуналии мавҷуда ва харидории техникаҳои иловагӣ барои мавсими зимистонгузаронӣ, ғановати бозори истеъмолӣ, амалисозии барномаҳои шаҳрдорӣ оид ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, хизматрасонию ҳаракати бонизоми нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, тайёрии ҳамаҷониба ба иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, баланд бардоштани интизоми меҳнат дар ташкилоту идораҳои зертавозун ва ҳолати зиддисӯхтории бинову иншоотҳо ҷалб намуда, вобаста ба ҳар кадом масъала ба мутасаддиён  дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.

Аз ҷумла, бо дахли масоили омодагиҳо ба таҷлили бошукуҳи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур гардид, ки истиқболи ин санаи муҳимми рамзи давлатдории миллӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт тарҳрезӣ ва ба ин муносибат барои дарёфти беҳтарин сурудаҳо дар васфу таҷассуми Парчами давлатӣ миёни сарояндагон озмун эълон карда шавад.