Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 October 2015

1 октябри соли 2015 Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум дар толори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Дар кори иҷлосия дар радифи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ, шаҳрию ноҳиявӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, институтҳои шаҳрвандию кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони васеи воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ ширкат варзиданд.

Дар иҷлосия вакилон бо интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва тасдиқи рӯзнома ба баррасии 11 масъалаҳои шомилгардида:

- Ҳисоботи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Расулов А.Р. «Оид ба ҷараёни иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №223 аз 21 апрели соли 2015 «Дар бораи  тадбирҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, соҳаҳою сохторҳои марбута ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷиҳати таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016»;

- Дар бораи гузориши раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оиди интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва эътироф намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботи №23;

- Гузориши муовини Раиси шаҳри Душанбе Мақсудзода Ш. «Дар бораи  риояи талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар мавриди таъмини рақобати солим ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар субъектҳои таъминкунандаи барқ, оби ошомиданӣ, нерӯи гармӣ, партовбарорӣ ва хизматрасонии коммуналӣ»;

- Гузориши муовини Раиси шаҳри Душанбе Самадов Ш.Д. «Оид ба ҷараёни иҷрои Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе №27-1 аз 28 январи соли 2015 «Дар бораи тасдиқи Нақша-чорабиниҳо ҷиҳати ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар корхонаҳои шаҳри Душанбе барои солҳои 2015-2016» ва №163-12 аз 27 марти соли 2015 «Дар бораи Нақшаи амал оид ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2015»;

- Гузориши роҳбарони Корхонаҳои воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» Баротов Р.У., «Бозори Деҳқон» Муминов С.А., «Бозори Саховат» Саидов Д.А.«Бозори Шоҳмансур» Лақаев Б.Б.   «Оид ба  рафти иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №128-13 аз 17 апрели соли 2008 «Дар бораи ташкили захираи маҳсулоти озуқаворӣ дар пойтахт»;

- Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №18-2 аз 23 июли соли 2015 «Дар бораи дар ҳайати нав таъсис додани Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе»;

- Дар бораи номивазкунии 25-ум гузаргоҳи кӯчаи Титови шаҳри Душанбе;

- Дар бораи номивазкунии кӯчаи Войкови шаҳри Душанбе;

- Дар бораи номивазкунии кӯчаи Мири шаҳри Душанбе;   

- Дар бораи номивазкунии кӯчаи Панфилови шаҳри Душанбе ва дар бораи тасдиқ намудани Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе, шуруъ намуданд.

Сараввал, вакилон ҳисоботи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Расулов А.Р. оид ба ҷараёни иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №223 аз 21 апрели соли 2015 «Дар бораи тадбирҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, соҳаҳою сохторҳои марбута ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷиҳати таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016»-ро, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №785 аз 2 июни соли 2015 ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст, мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода, қайд намуданд, ки дар самти омодасозии соҳаҳои мухталифи шаҳри Душанбе ва таъмини фаъолияти меъёрии онҳо ситодҳои шаҳриву ноҳиявии таъсисгардида фаъолияти заруриро амалӣ намуда, иҷрои аксари чорабиниҳои нақшавиро таъмин карда бошанд ҳам, таҳлили ҷараёни корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон собит месозад, ки дар ин самт ҳанӯз ҳам камбудӣ ва норасогиҳои ҷиддӣ ҷой доранд.

Норасогии истеҳсоли нерӯи гармӣ аз ҷониби сохторҳои Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик” ва тамоман набудани гази табиӣ солҳост, ки боиси бо серборӣ фаъолият намудани системаи барқтаъминкунии шаҳр гардида, мувофиқан сабаби пайдошавии садамаҳо дар шабакаи барқтаъминкунӣ ва паст шудани эътимоднокии он гардидааст.

Аз ҷумла, зикр гардид, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №261 аз 30 апрели соли 2015 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016» дар Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе аз 30 ҳазор тонна мазути нақшавӣ то 21 сентябри соли 2015 захира ҳамагӣ 2935,3 тонна (9,8%) ташкил менамояд.

Бинобар саривақт бо маводу таҷҳизоти зарурӣ таъмин нагардидани Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе», ки роҳбарии оперативию молиявии онро ШСХК «Барқи Тоҷик» ба ӯҳда дорад, иҷрои як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла корҳо вобаста ба иваз кардани васлакҳои равғании 110 кВ ба васлакҳои элегазии 110 кВ дар зеристгоҳи барқии “Карамов”, барқарор намудани васлакҳои 110 кВ, Хати нави барқии Заводская -110 кВ дар зеристгоҳи барқии “Заводская”, гузаронидан аз шиддати 6 кВ ба шиддати 10 кВ чашмаки №9 дар зеристгоҳи барқии “Иттиҳодияи нассоҷӣ”, сохтмони хатҳои нави барқии зеризаминӣ (ХБЗ-6-10кВ), сохтмони хатҳои нави барқии зеризаминӣ (ХБЗ-0,4кВ), таъмири асосии хатҳои барқии ҳавоӣ (ХБҲ-0,4-6-10кВ), иваз намудани трансформаторҳои 6-10кВ ба трансформаторҳои тавоноияшон баланд, иваз намудани симчӯбҳои фарсудашуда дар хатҳои барқии ҳавоӣ (ХБҲ-0,4-6-10 кВ) ва таъминот бо равғани трансформаторӣ ба таъхир гузошта шудаанд.

Ҷараёни омодасозии фонди манзилӣ барои қабули нерӯи гармӣ, бо инобати соли ҷорӣ гармитаъминкунии шаҳракҳои Зарафшон ва Испечак, ки солҳои зиёд нерӯи гармӣ нагирифтаанд, ба талабот ҷавобгӯ набуда, фаъолияти масъулини сохторҳои марбутаи ноҳиявӣ ва Муассисаи давлатии “Шабакаи гармидиҳӣ” ҷиҳати фарогирӣ ва ҷалби васеи соҳибмулкони биноҳои барои қабули гармӣ банақшагирифташуда боиси нигаронӣ мебошад, зеро ба ҳолати 25 сентябр аз 634 бинои истиқоматии нақшавӣ танҳо 380 бино шиносномаи тайёриро дастрас намудаанд.

Натиҷаи санҷиши комиссияҳои муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе доир ба санҷиш ва назорати ҳолати омодагии ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдори шаҳри Душанбе ба мавсими тирамоҳу зимистон дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе №309-14 аз 4 июни соли 2015 “Оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №261 аз 30 апрели соли 2015 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016” дар шаҳри Душанбе” таъсисёфта ва таҳлили фаъолияти ҷараёндоштаи сохторҳои марбутаи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар робита ба омодагӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти мунтазаму самарабахш дар мавсими зимистони дарпешистода, андешидани чораҳои фавриву мушаххасро дар ин самт тақозо менамоянд.

Бо мақсади таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳри Душанбе ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар иҷлосия зери ҳидоятҳои Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори дахлдор қабул намуд.

Аз ҷумла, бо дарназардошти он, ки фаъолияти муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Расулов А.Р. оид ба иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №223 аз 21 апрели соли 2015 «Дар бораи тадбирҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, соҳаҳою сохторҳои марбута ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷиҳати таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016», муовинони Раиси шаҳри Душанбе вобаста ба соҳаҳои масъул, раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ва ноҳияҳои шаҳр бо пуррагӣ ба талаботи Қарори зикршуда ҷавобгӯ намебошанд, барои ислоҳи камбудиҳои зикршудаю ҷойдошта, таъмини пурраю сифатноки чорабиниҳои банақшагирифташуда, ба онҳо то 15 ноябри соли 2015 муҳлати ниҳоӣ муқаррар карда шуд.

Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Расулов А.Р. ва

муовини Раиси шаҳри Душанбе Самадов Ш.Д вазифадор карда шуданд, ки:

·         дар ҳамбастагӣ бо Муассисаи давлатии “Шабакаи гармидиҳӣ”-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва якҷоя бо раисони ноҳияҳои И.Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино на дертар аз 1 ноябри соли 2015 омодагии пурраи иншоотҳои барои қабули гармӣ банақшагирифташударо бо дастрас намудани шаҳодатномаҳои тайёрӣ таъмин созанд;

·         дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ, бахусус бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик” баҳри ҳаллу фасли фаврии масъалаи захираи мазути камсулфур ва ангишт барои таъмини фаъолияти мунтазам ва нақшавии Маркази барқу гармидиҳии зерсохтори ШСХК “Барқи Тоҷик” чораҳои мушаххас андешанд;

·         иҷрои чорабиниҳои банақшагирифташудаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе”-ро зери назорати пайваста қарор дода, ҷиҳати таъмини фаъолияти мунтазам ва боэътимоди ҷамъияти мазкур захираи маводу ашё, дастгоҳу таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ, техникаи зарурӣ ва то мавсими гармидиҳӣ ба истифода додани ду деги КВГМ-35/150 дар дегхонаи “Ғарбӣ”-и ҶСНК “Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳӣ”- шаҳр (Ниёзов У.С.) ҳамкориро бо ШСХК “Барқи Тоҷик” тақвият бахшанд.

Ба муовини Раиси шаҳри Душанбе Лангариева Ҷ.С., Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва Шуъбаи фарҳанг дастур гардид, ки дар якҷоягӣ бо роҳбарони муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ ва фарҳанг фаъолияти самараноки муассисаҳои соҳаро дар мавсими тирамоҳу зимистон ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини бехатарии зиддисӯхторӣ чораҳои иловагӣ андешанд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мақсудзода Ш. масъул гардид, ки бо назорати фаъолияти Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва корхонаҳои воҳиди давлатӣ “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе”, “Бозори Деҳқон”, “Бозори Шоҳмансур” ва “Бозори Саховат” захиракунӣ ва фурӯши маҳсулоти озуқаворию маводи сӯхтро бо дарназардошти қонеъ намудани талаботи шаҳри Душанбе ба роҳ монанд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимов Н.Ҳ. муваззаф карда шуд, ки дар ҳамбастагӣ бо Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон” ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе назорати қатъии фаъолияти мунтазами ҷамъиятҳои нақлиётии мусофирбари хусусиро дар мавсими тирамоҳу зимистон ба роҳ монда, бо роҳбарони корхонаҳои воҳиди давлатии коммуналии «Автобус-1», «Автобус-2 , «Автобус-3» ва «Троллейбус» захираи лозимии сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ ва қисмҳои эҳтиётиро барои фаъолияти самарабахш таъмин намояд.

Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе муваззаф карда шуданд, ки ҷиҳати омодасозии пурраи раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, вобаста ба захиракунии маводу ашё, қисмҳои эҳтиётӣ ва сӯзишворӣ барои мошину механизмҳо аз рӯи эҳтимолияти фаъолияти онҳо дар шароити аз меъёр паст омадани ҳарорати ҳаво ва сардиҳои давомнок тадбирҳои мушаххас андешида, таҳти масъулияти шахсӣ омодагии биноҳои фонди манзили ноҳияҳо, муассисаҳои соҳаи иҷтимоии аз буҷети ноҳиявӣ маблағгузоришавандаро ба мавсими тирамоҳу зимистони пешорӯ таъмин намоянд.

Дар ин зимн, ба Раёсати хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе, Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки омодагии корхонаву ташкилот, муассисаву субъектҳои хоҷагидории дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе воқеъбударо, дар навбати аввал муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ, вобаста ба таъмини чорабиниҳои пешгирикунандаи зиддисӯхторӣ, садамавӣ ва ҳолатҳои фавқулода таҳти санҷиши иловагӣ қарор дода, бартарафкунии камбудиҳои ошкоргардидаро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Гузашта аз ин, комиссияҳои муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе доир ба санҷиш ва назорати ҳолати омодагии ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдори шаҳри Душанбе ба мавсими тирамоҳу зимистон уҳдадор гардиданд, ки фаъолияти худро дар ин самт идома дода, то 20 октябри соли равон дар ҳамкорӣ бо масъулини марбута баҳри таъмини иҷрои нишондодҳои Қарори зикршудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе тамоми чораҳоро амалӣ созанд.

Идома бар он, вакилон бо шунидани гузориши Санавбар Раҳимова - раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба натиҷаи интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаи интихоботии №23, ки дар асоси Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе № 22-2 аз 23 июли соли 2015 мутобиқ ва бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27 сентябри соли равон доир гардид, ваколати вакилии Назарзода Сайфиддин - доктори илмҳои филологӣ, профессор, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистонро дар ҳавзаи интихоботии зикршуда эътироф намуданд.

Дар иҷлосия зимни шудани гузориши муовини Раиси шаҳри Душанбе Мақсудзода Ш. дар бораи  риояи талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар мавриди таъмини рақобати солим ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар субъектҳои таъминкунандаи барқ, оби ошомиданӣ, нерӯи гармӣ, партовбарорӣ ва хизматрасонии коммуналӣ, қарор гардид, ки низоми шаффофи хизматрасонии шартномавии дуҷониба аз тарафи тамоми субъектҳои хизматрасонӣ дар иртибот ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва иҷрои уҳдадориҳои онҳо дар истифодаи хизматрасониҳо зери назорат гирифта шавад.

Инчунин бобати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон Комиссияи дар иҷлосия созмонёфтаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе вазифадор гардид, ки воқеияти тарофаҳои хизматрасонии субъектҳои монополистиро, ки мутаносибан бо сохторҳои марбутаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мувофиқа расида, дар шаҳр амал доранд, мавриди санҷиши касбӣ қарор диҳад.

Вобаста ба ин муқаррарот қарор гардид, ки фаъолияти муовини Раиси шаҳри Душанбе Шӯҳрат Мақсудзода дар ин хусус дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе давати панҷум баҳогузорӣ карда хоҳад шуд.

Тибқи рӯзнома дар иҷлосия гузориши муовини Раиси шаҳри Душанбе Самадов Ш.Д. оид ба ҷараёни иҷрои Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе №27-1 аз 28 январи соли 2015 «Дар бораи тасдиқи Нақша-чорабиниҳо ҷиҳати ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар корхонаҳои шаҳри Душанбе барои солҳои 2015-2016» ва №163-12 аз 27 марти соли 2015 «Дар бораи Нақшаи амал оид ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2015 шунида шуд.

Аз ҷумла, зикр гардид, ки яке аз сарчашмаҳои пешрафти иқтисодии шаҳр ин фаъолияти самараноки корхонаҳои саноатӣ ва сол то сол зиёд намудани теъдоди онҳо бо инобати истеҳсоли маҳсулоти ҷавобгӯи ниёзҳои мардум ва рақобатпазир мебошад, ки дар ин самт Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар асоси дастуру ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва нигаҳдошту таъсиси ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои муассир меандешад.

Аз ин ҷост, ки дар доираи соли 2015-ро аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе эълон доштани «Соли дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва иқдомоти креативӣ» аз тарафи субъектҳои соҳибкорӣ бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ дар маҷмӯъ дар соҳаи саноати шаҳр танҳо то 1 сентябри соли равон 38 корхонаҳои хурду бузурги нави саноатӣ бо 1931 ҷойи корӣ таъсис ёфтанд, ки минбаъд низ ин раванди бунёдкорӣ идома дода мешавад.

Корхонаҳои номбурда асосан ба истеҳсоли маҳсулотҳои табъу нашри маҷалаҳо ва китобҳои мактабӣ, истеҳсоли либоси мактабӣ барои писарон ва духтарон, дӯзандагӣ, маҳсулоти пластикӣ, истеҳсоли маводи зарфшӯӣ ва собун, истеҳсоли нон ва макарон, маҳсулоти қаннодӣ, нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, обҳои минералӣ ва ташнашикан, ҳасиб, бастабандии равғани растанӣ дар зарфҳои пластикӣ, истеҳсоли зарфҳои пластикӣ, истеҳсоли маҳсулотҳои бинокории қуму шағал, фанер (ДСП), шифер ва хишти бинокорӣ ва ғайраҳо машғул мебошанд.

Вобаста ба ин дар иҷлосия қарор гардид, ки муовини Раиси шаҳри Душанбе Самадов Ш.Д ва раисони ноҳияҳои пойтахт баҳри таъмини пурра ва сифатноки нишондодҳои қарорҳои мавриди таваҷҷуҳи шаҳрдорӣ чораҳои таъринопазир андешанд.

Инчунин дар иҷлосия зимни шунидани гузориши раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Амиров Н.И. нисбати таҳлили фаъолияти роҳбарони Корхонаҳои воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» Баротов Р.У., «Бозори Деҳқон» Муминов С.А., «Бозори Саховат» Саидов Д.А.«Бозори Шоҳмансур» Лақаев Б.Б.   оид ба  рафти иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №128-13 аз 17 апрели соли 2008 «Дар бораи ташкили захираи маҳсулоти озуқаворӣ дар пойтахт», қарор гардид, ки воқеияти ҳисоботҳои мавсуф аз ҷониби мақомоти прокуратура ва Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оид ба шаҳри Душанбе мавриди санҷиш қарор дода шавад ва дар сурати то 15 ноябри соли 2015 таъмин накардани нақшаҳои захираи маҳсулоти ниёзи аввалия баҳри ғановати бозори истеъмолӣ дар мавсими зимистон нисбати роҳбарони субъектҳои зикршуда тадбирҳои ташкилӣ андешида мешаванд.

Дар иҷлосия дар асоси пешниҳоди Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе бо қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе 25-ум гузаргоҳи кӯчаи Титови шаҳри Душанбе ба номи Ҷавонон, кӯчаи Войков ба номи Рӯҳафзо, кӯчаи Мир ба номи Чаманзор, кӯчаи Панфилов ба номи арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, иштирокчии ЧБВ-и солҳои 1941-1945 Бобо Ҷобиров номгузорӣ карда шуд.

Ҳамзамон, вакилон тибқи рӯзнома Қарорҳои Раиси шаҳри Душанберо, ки дар фосилаи байни иҷлосияҳо ба тасвиб расидаанд, тасдиқ намуданд.

Дар фарҷоми иҷлосия Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва кулли иштирокдорону сокинони пойтахт даъват ба миён овард, ки ҷиҳати таъмини нишондодҳои барномаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр, ки дар маҷмӯъ баҳри амалисозии сиёсати созандагию бунёдкоронаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фароҳам овардани шароити арзанда ва инкишофи озодонаи сокинон равона шудааст, тамоми потенсиали мавҷудаашонро бо ибтикору ибрати шахсӣ бобати ба шаҳри чамнистону гулбоғ ва баровардаи ниёзҳои ватанхоҳона мубаддал кардани Душанбеи беназир равона созанд.

Ҳамзамон оид ба вусъати амалисозии барномаҳои шаҳрдорӣ тавассути дастовардҳои сазовори меҳнатӣ истиқбол намудани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳидояту раҳнамоиҳои худро ироа дошта, аз ҳамагон даъват ба миён овард, ки дар ин сабқати созандагии фарогири тамоми ҳаёти хоҷагидорӣ, ки бозгӯи ҳамкориҳои пайваста бо ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, баҳри рушди шаҳр ва таъмину риояи воқеии Маромномаи сокини пойтахт ва Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ дар шаҳри Душанбе нигаронида шудааст, бо масъулияти шахсӣ муносибат намуда, дар ҳифзи суботу пешрафт ва аз хатарҳои глобалӣ эмин доштани арзишҳои соҳибистиқлолӣ беш аз ҳарвақта бо бедории сиёсӣ ташаббусҳои созандаро татбиқ намоянд.