Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 October 2015

5 октябри соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев бо инобати қарорҳои қабулнамудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум аз 1 октябри соли равон таваҷҷуҳи муовинону раисони ноҳияҳо ва сардорони раёсатҳои истифодабрии роҳҳои ноҳияҳои шаҳрро ба вусъати корҳои омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони пешорў, қабл аз ҳама дар ҳолати коршоямӣ нигоҳдоштани техникаҳои коммуналии раёсатҳои мазкур ва захираи маводҳои зидди лағжиш барои зимистонгузаронӣ аз ҷониби онҳо, роҳандозии санҷиши ғайричашмдошти техникаҳои  коммуналии омодагардида ва ҳайати кормандон, инчунин аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ тезонидани раванди харидории миқдори зарурии техникаҳои нави коммуналӣ барои эҳтиёҷоти раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳоро баррасӣ намуда, дар иртибот ба онҳо ба масъулин супоришҳои  мушаххас дод.

Гузашта аз ин, дар ҷаласа аз ҷониби Раиси шаҳр баҳри рафъи тамбашавии воситаҳои нақлиёт ва анбўҳи мусофирон дар истгоҳу кўчаҳои шаҳр масоили дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиди назар кардани оғози соатҳои дарсии донишҷўёни дар мактабҳои олии дар марзи шаҳр фаъолияткунандаро ҳамчун яке аз масълаҳои муҳимми ба низомдарории хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ баррасӣ карда, дастур фармуд, ки ҷонибҳо оид ба ҳалли қазияи ҷойдошта тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

 Инчунин, дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбати мақсаднок истифодабарии моликияти коммуналӣ дар шаҳр таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бобати ғанӣ гардонидани буҷети шаҳр тавассути ба иҷора супоридани онҳо, муқаррар сохт, ки дар кўтоҳтарин муҳлат дар соли равон инвентаризатсияи моликияти коммуналӣ ба анҷом расонида шавад.

Идома бар он, дар ҷаласа ҳолати иҷрои муқаррароти шаҳрдорӣ оид ба назорати аз рўи таъинот истифодашавии ҷойҳои ҷамъиятӣ дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ва баҳри рушди ҳунарҳои мардумӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ истифодабарии онҳо дар ҷойҳо, ки ин тадбир метавонад шуғли доимии занҳои хонашинро дар шаҳраку маҳаллаҳо иловатан таъмин созад, аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев баррасӣ ва дастур гардид, ки сохторҳои зидахл дар ин самт фаъолияташонро идома дода, бобати амалисозии он дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ чораҳои муассир андешанд.

Ҳамзамон, Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласа фаъолияти 45 гуруҳҳои таблиғотии бо Қарори марбутаи Раиси шаҳр созмонёфтаро, ки аз 27 августи соли 2015  дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо бо сокинон мулоқот анҷом медиҳанд ба риштаи таҳлил кашида, роҳбарон ва ҳайатҳои гуруҳҳои таблиғотиро муваззаф кард, ки дар ин самт тибқи нақшаи тасдиқгардида фаъолияташонро муттасил идома бахшанд.    

Бо дахли масоили ғановати бозори истеъмолӣ дар мавсим   ва таъсиррасониҳо оид ба пешгирӣ намудани болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия тавассути пешниҳоди бештари маводи озуқаворӣ ба истеъмолкунандагон, дар ҷаласа дастур гардид, ки воридсозии маҳсулот бевосита аз ҷониби маъмурияти бозорҳои коммуналӣ бе миёнаравҳо аз хоҷагиҳои кишоварзии манотиқи кишвар вусъат дода шавад.