Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 October 2015

12 октябри соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории ихтисосии шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Зимни баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи муовини соҳавии Раиси шаҳр Шӯҳрат Мақсудзода, раисони ноҳияҳо ва Сарраёсати молияву Раёсати андози шаҳри Душанберо ба ҳолати иҷрои нақшаҳои буҷети шаҳр дар соли равон нигаронида, дастур фармуд, ки тамоми потенсиали мавҷуда баҳри таъмини нишондодҳои буҷетӣ ва хароҷоти мақсадноки он равона карда шаванд.

Аз ҷумла, масъулинро муваззаф гардонид, ки бобати иҷрои нақшаҳои мутазаккира дар самти ҷамъоварии андози иҷтимоии соҳаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, ки дар ин ҷода нишондиҳандаҳо ҳанӯз ҳам ғайриқаноатбахш мебошанд, дар ҳамкорӣ бо роҳбарони субъектҳои хоҷагидории дар марзи шаҳр фаъолияткунанда тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати аз байн бурдани тақаллубкорӣ ва роҳандозии муҳосиботи пинҳонӣ дар субъектҳои алоҳида чораҳои пешбининамудаи қонунгузориро қотеъона татбиқ намуда, шаффофияти фаъолият ва мутобиқати воқеияти ҳисоботу рақамҳои омориро таъмин созанд.

Бо инобати муосидат намудан ба беҳбудбахшии заминаҳои техникии раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр ба мавсими тирамоҳу зимистони пешорӯ тавассути харидории нақлиёту таҷҳизоти муосири коммуналӣ, дар ҷаласа   аз ҷониби Раиси шаҳр қарор гардид, ки муқаррароти аз соли 2012 дар шаҳр амалкунанда, яъне дар доираи солҳои 2012-2015 эълон шудани “Солҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳо ва пиёдагардҳои ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо” 30% қисми иҷроиши барзиёди воридоти маблағҳо ба буҷети шаҳрӣ ва 100%  буҷети ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо ин мақсад сафарбар карда мешаванд, бо дарназардошти дар фасли сармо аз рӯи меъёрҳои роҳсозӣ пешбурди корҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳо имконнопазир мебошад, дар семоҳаи чоруми соли равон маблағҳои зикршуда барои хариди техникаҳои нави коммуналӣ пешбинӣ карда шаванд.

Зимни таҳлили вазъи санитарию эпидемиологӣ дар шаҳр ва воқеияти риояи реҷаи барориши партовҳои сахти маишӣ аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо Маҳмадсаид Убайдуллоев  фаъолияти сохторҳои ноҳиявиро дар ин самт ҳанӯз ҳам нокифоя арзёбӣ намуда, бо ироаи дастур оид ба вусъати фаъолият дар ин самт, муқаррар сохт, ки аз ҷониби комиссияҳои доимии марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҳолати воқеии насби камераҳои мушоҳидавӣ дар тамоми нуқтаҳои таҷдидшудаи партовҷамъкунӣ  мавриди омӯзиш ва чораҷӯии мушаххас карор дода шавад ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе бо пешбурди мониторинги риояи барориши партовҳо аз ҷониби сокинон натиҷаи татбиқи муқаррароти қонунгузориро нисбати хилофкорон тавассути таблиғи васеъ тариқи воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ дастраси ҷомеаи пойтахт гардонад. 

Ҳамзамон, Раиси шаҳр дар ҷаласа бо инобати оғоз гардидани фасли боришот таваҷҷуҳи масъулини соҳа ва раисони ноҳияҳоро ба дар ҳолати хуб нигоҳ доштани наҳру селпартоҳои марзгузари шаҳр, ғановати бозори истеъмолӣ, амалисозии барномаҳои шаҳрдорӣ оид ба дастгирии соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, хизматрасонию ҳаракати бонизоми нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, баланд бардоштани интизоми меҳнат дар ташкилоту идораҳои зертавозун, ба хизмати давлатӣ бештар фарогирии мутахассисони ҷавон ва тарбияву дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо, мақсаднок роҳандозӣ кардани маъракаи даъвати ҷавонони синну соли даъватӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ аз шаҳри Душанбе, ҳолати зиддисӯхтории бинову иншоотҳо, омодагии муассисаҳои иҷтимоӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ ва татбиқи нақшаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба истиқболи сазовори Рӯзҳои Конститутсия ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуда, вобаста ба ҳар кадом масъала ба мутасаддиён  дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.

Инчунин, Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба риояи Маромномаи сокини пойтахт, Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ дар шаҳри Душанбе ва фарҳанги шаҳрнишинию шаҳрдорӣ аз ҷониби аҳли ҷамоатчигии пойтахт изҳори нигаронӣ намуда, афзуд, ки фаъолияти таблиғотии сохторҳои зидахли шаҳрӣ, пеш аз ҳама Муассисаи давлатии “Телевизиони Пойтахт” дар ин самт таҷдиди назарро тақозо менамояд.

Вобаста ба ин роҳбарияти Муассисаи давлатии “Телевизиони Пойтахт” вазифадор карда шуд, ки бо ташкили заминаҳои моддӣ – техникӣ таҳия ва бахши барномаҳои ҳадафманду пажӯҳишии студиявӣ ва мустақими фарогири масоили мубрами ҳаёту хоҷагидории шаҳрро таъмин намояд.