Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 October 2015

Қарори РАиси шаҲри Душанбе 460  аз 15 октябри соли 2015

 

Дар бораи эҷоди суруди беҳтарин дар васфи

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Бо мақсади арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ ва дар ин замина тавсеаю тақвият додани эҳсоси худшиносию ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ ва бадеӣ таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

       1. Озмуни эҷоди суруди беҳтарин дар васфи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 октябр то 15 ноябри соли 2015 тибқи замимаҳои №1 ва №2 эълон карда шавад.

        2. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои қадр намудани ғолибони озмун дар асоси хулосаи ҳайати ҳакамон маблағи 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ ҷудо ва сармуҳосиби дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе    Қаюмов А.Б. истифодаи мақсаднок ва пардохти маблағи ҷудогардидаро на дертар аз 20 ноябри соли равон таъмин намоянд.

          3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

         4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Лангариева Ҷ.С. гузошта шавад.  

М.УБАЙДУЛЛОЕВ


Ҳ А Й А Т И

ҳакамони озмуни эҷодии суруди беҳтарин

дар васфи  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ш А Р Т Ҳ О И

озмуни эҷоди суруди беҳтарин дар васфи

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон