Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 October 2015

26 октябри соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Дар ҷаласа, сараввал Маҳмадсаид Убайдуллоев бо инобати таҳлили муроҷиатҳои сокинон ба телефонҳои навбатдории шабонарӯзии шаҳрдорӣ аз вазъи таъминоти шаҳр бо нерӯи барқ изҳори нигаронӣ намуда, зикр сохт, ки омодагиҳои Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» - зерсохтори ШСХК “Барқи Тоҷик” ба мавсими тирамоҳу зимистони имсола эътимоднок нестанд ва ногузир аст, ки ҷамъияти мазкур дар ин самт чораҳои муассиртар андешад.

Дар ҷаласа ҳамзамон масъалаҳои таҳлилу воқеияти рақамҳои оморӣ оид ба натиҷаи нишондодҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр, вазъи  иҷрои нишондодҳои буҷети шаҳр, ҷамъоварии андозҳои иҷтимоии буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, мақсаднок сафарбарсозии маблағҳо дар ташкилоту идораҳои коммуналӣ, роҳандозии инвентаризатияи сартосарӣ ва пурсамар истифодабарии моликияти коммуналӣ, шароити корӣ ва ҳимояи ҳуқуқи кормандон дар субъектҳои хоҷагидории шаҳрию ноҳиявӣ мавриди таваҷҷуҳи хосаи Раиси шаҳр қарор гирифтанд.  Вобаста ба ин масъулини шаҳрдорӣ ва роҳбарони сарраёсатҳои омору молия, раёсатҳои андоз, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, Идораи фонди ҳифзи иҷтимоӣ ва Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳри Душанбе вазифадор карда шуданд, ки ҳар кадоме дар доираи салоҳият ва масъулияти хизматӣ фаъолияташонро баҳри амалисозии барномаҳои иҷтимоии давлатӣ, ки ба хотири таъмини шароити зиндагии арзандаи сокинон равона шудаанд, пурзӯр намоянд.

Гузашта аз ин, Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи ҳозиринро ба тарбияву ҷалби мутахассисони ҷавон ба хизмати давлатӣ дар сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ, дастгирии ҳатмии истеҳсолкунандагони ватанӣ зимни хариди молу таҷҳизот барои эҳтиёҷоти ташкилоту идораҳои буҷетӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, назорат ва ҳамаҷониба мусоидат намудан ба  фаъолияти муназзами корхонаҳои нави  саноатии дар асоси барномаҳои шаҳрдорӣ дар соли равон таъсисёфта ҷалб карда, дастур фармуд, ки ҳар моҳ аз натиҷаи фаъолияти анҷомдода дар ин самт ба Раиси шаҳр иттилоъ манзур созанд.

Бо дахли масоили хизматрасониҳо, қабл аз ҳама роҷеъ ба беҳбудбахшии сатҳ ва сифати мусофиркашонӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ, таъминоти аҳолӣ ва дигар муштариён бо оби нӯшокӣ, барориши саривақтии партовҳои сахти маишӣ ва насби камераҳои мушоҳидавию риояи реҷаи навбатдориҳо дар нуқтаҳои партовҷмаъкунӣ, равшаннамоии кӯчаҳо, чароғонию ороиши мавзӯии шаҳр, шинонидану нигоҳдошти гулу буттаҳои мавсимӣ дар кӯчаю хиёбонҳо ва боғу чаманистонҳои шаҳр, ғановати бозори истеъмолӣ ва захираи анвои маҳсулот дар бозорҳои коммуналӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев  ба масъулин супоришҳои мушаххас ироа кард.

Аз ҷумла, дар асоси ғояҳои наву бозгӯи талаботи пойтахт боз ҳам шукуфону сарсабз ва гулобод кардани шаҳр дастур дод, ки  дар муҳлати ду ҳафта дар ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳа ҷиҳати амалисозӣ консепсияи ҷадиди чаманистонсозии шаҳр таҳия ва пешниҳод карда шавад.

Дар ҷаласа, инчунин масъалаҳои омодагии ҳамҷонибаи шаҳр ва субъектҳои хоҷагидорию сокинон ба мавсими тирамоҳу зимистони пешорӯ, қабули ҳайати бонуфузи бародаршаҳри Душанбе аз шаҳри Урумчии Ноҳияи Мухтори Синзиян - Уйғури Ҷумҳурии Халкии Хитой дар рӯзҳои наздик ва татбиқи нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ ба истиқболу таҷлили сазовори Рӯзҳои Конститутсия ва Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ гардиданд.

Зимни баррасии  омодагиҳо ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласа муқаррар сохт, ки ҷиҳати мукаммалсозии барнома ва дарёфти таклифу пешниҳодоти наву замонавии сокинон назарсанҷии мушаххас  роҳандозӣ карда шавад.

Ҳамзамон, дар ҷаласа як зумра тадбирҳои кадрии андешидаи шаҳрдорӣ муаррифӣ карда шуданд.