Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 October 2015

Ҳайати бонуфузи бародаршаҳри Душанбе аз шаҳри Урумчии Ноҳияи Мухтори Синзиян - Уйғури Ҷумҳурии Халкии Хитой баҳри таҳкими робитаҳои бародаршаҳрӣ ва рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ 31 октябри соли 2015  таҳти садорати узви Кумитаи доимии Ҳизби комунистии Ҷумҳурии Халкии Хитой дар Ноҳияи Мухтори Синзиян – Уйғур ҷаноби Чжу Хайлун ба Душанбе ташриф меоваранд.

Дар ин сафар мавсуфро дар радифи дигар намояндагони баландпояи Ҳукумати Халқии шаҳри Урумчӣ инчунин роҳбарони 6 ширкатҳои бонуфузи Ноҳияи Мухтори Синзиян - Уйғури Ҷумҳурии Халкии Хитой ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҷойи таъкид аст, ки тибқи барномаи сафар ҳайати мазкур бо Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва роҳбарони корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе мулоқотҳо анҷом дода, ҷиҳати рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд аз корхонаҳои саноатии шаҳр дидан мекунанд.