Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 October 2015

Қ А Р О Р И  Р А И С И   Ш А Ҳ Р И    Д У Ш А Н Б Е №482 аз 26.10.2015

          Дар бораи баргузории маъракаи

пӯшидашавии «Мавсими мототсиклронӣ-2015»

Муроҷиатҳои Ҷамъияти дӯстдорони мототсиклронҳо №С-719 аз     9 октябри соли 2015 ва №40-898 аз 14 октябри соли 2015 љиҳати баргузории маъракаи пӯшидашавии «Мавсими мототсиклронӣ-2015»-ро баррасӣ намуда, бо инобати мактуби Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тољикистон дар шаҳри Душанбе №35/171-2595 аз 14 октябри соли 2015, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 Қарор мекунам:

1. Ба Ҷамъияти дӯстдорони мототсиклронҳо ҷиҳати баргузории маъракаи пӯшидашавии «Мавсими мототсиклронӣ-2015» санаи 31-уми октябри соли 2015 аз соати 13:00 то соати 17:00 дар  «Автодром»-и ба номи А.Турсунов иҷозат дода шавад.

2. Муқаррар карда шавад, ки макони ҷамъшавӣ ва бақайдгирии иштирокчиён дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи Пойтахт»-и Мақомоти иљроияи маҳаллии ҳҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  сурат гирифта, баъдан қатораи иштирокчиён бо мушоиати автомобилҳои патрулии Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тољикистон дар шаҳри Душанбе ҳаракатро тавассути баромад аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ  ба кӯчаи Карамов- хиёбони Рӯдакӣ, гардиш ба тарафи рост то чорроҳаи Рӯдакӣ-Бухоро, гардиш ба кӯчаи Бухоро-Турсунзода, гардиш ба тарафи рост-кӯчаи Шоҳтемур, ҳаракат то роҳи даврии гардиши Ҷамъияти саҳомии кушодаи Комбинати хӯроквории Тољикистон–кӯчаи Дӯстии халқҳо, кӯчаи Айнӣ то сероҳаи Айнӣ-Мирзобек ва гардиш ба тарафи чап то «Автодром»-и ба номи А.Турсунов анљом дода шавад.

3. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Қунғуротзода Ф.) ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиётро ҳангоми гузашти колоннаи дӯстдорони мототсиклҳо дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе таъмин намояд.

4. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимов Н.Ҳ. гузошта шавад.  

       М. УБАЙДУЛЛОЕВ