Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 November 2015

Қ А Р О Р И РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 479-7 аз 22.10.2015

 

       Дар бораи эълон намудани озмуни кушод

 

             Бо мақсади таъмини рақобати солим дар бунёди иншоотҳо дар шаҳри Душанбе, таъмини интихоби лоиҳаҳои беҳтарини муассисаи томактабӣ барои 70 ҷой ва бунгоҳи тиббӣ дар маҳаллаи Лучоби поёни ноҳияи Синои шаҳр ҷиҳати татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

           1.Аз 9 ноябр то 14 декабри соли 2015 озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба пешниҳод намудани лоиҳаҳои беҳтарини муассисаҳои томактабӣ барои 70 ҷой ва бунгоҳи тиббӣ, дар маҳаллаи Лучоби поён (мавзеи собиқ мактаби куҳнаи маҳаллаи Лучоби поён ва ширхоргоҳ-кӯдакистони №86)-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе эълон карда шуда, ҳайати комиссия ва шартҳои озмун тибқи замимаҳои №1 ва №2 тасдиқ карда шаванд.

           2.Комиссия натиҷаи озмунро то 17 декабри соли 2015 ҷамъбаст намуда, ғолибони озмунро тибқи тартиби муқаррарнамуда муайян созад.

           3.Муқаррар карда шавад, ки ғолибони озмун бо тартиби муайянгардида, мутобиқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои ҷудо кардани қитъаҳои замин барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №342 аз 1 сентябри соли 2005 тасдиқ карда шудааст, дорои ҳуқуқи бунёди иншоотҳои зикргардида мегарданд.

           4.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори оммаи электронию чопӣ таъмин намояд. 

            5.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Расулов А.Р. гузошта шавад.

 М. УБАЙДУЛЛОЕВ