Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
26 August 2010

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе имрўзҳо баҳри  татбиқи воқеии  Қарори Раиси шаҳри Душанбе №474 аз 5 августи соли 2010 “Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирӣ аз болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар моҳи Шарифи Рамазон дар қаламрави шаҳри Душанбе” чораҳои мушаххасро мавриди амал қарор додааст.

Ин санад маҳз ба хотири дастгирии иҷтимоии оилаҳои камбизоати шаҳр ва ғановати дастурхони рамазонии сокинон дар ин моҳи Шарифи хайроту садақот 4 августи соли равон зимни вохўрии  Раиси шаҳри Душанбе бо соҳибкорони пойтахт дар доираи ҳамкориҳои иҷтимоӣ дар асоси ташаббуси тарафайн ба тасвиб расид, ки  характери тавсиявӣ дошт ва риояи талаботҳои он, ки аз иқдомоти ҷонибҳо маншаъ мегирифт аз иродаву инсофи соҳибкорон вобаста буд.

Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” аз ҷониби Вазорати адлияи кишвар қарори зикргардида ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳти № 582 аз 12 августи соли 2010 ба қайд гирифта шуд ва мувофиқ ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 532 аз 1 октябри соли 2009  “Дар бораи тасдиқи Тартиби интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқукии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ” он дар нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзномаи “Ҷумҳурият”14 августи соли 2010 интишор гардид.  

Ҳамагон хуб огоҳӣ дорад, ки баҳри иҷрои Қарори мазкур назорати ҷамъиятӣ бо сафарбарсозии потенсиали институти намояндагӣ – вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои Душанбе аз ибтидо то ба имрўз бо назардошти навбатдории шабонарўзӣ дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва  фаъолсозии телефонҳои боварӣ барои шаҳрвандон ташкил карда шуд.

Дар натиҷа бо вуҷуди ҳама мушкилоти ҷойдошта зери масъулият ва назорати шахсии ҳамарўзаи роҳбарияти шаҳр  имкон фароҳам гашт, ки баҳри дастгирии сокинони пойтахт иҷроиши Қарор таъмин карда шавад.

Аз ин ҷост, ки имрўз бо нархи 18 сомонӣ метавон аз дилхоҳ дўкон гўшти гов, 19 сомонӣ гўшти гўсфанд  ва то 90 сомонӣ 50 кг  орде, ки аз ғаллаи маҳаллӣ ва Қазоқистон дар ҷумҳурӣ  коркард мешавад пайдо намуда, бо нархҳои нисбатан дастрас 14 намуди дигар  маҳсулоти  ниёзи аввалияро низ, ки дар Қарор зикр гардидааст аз бозорҳои ҳудуди шаҳр харидорӣ кард.

Мутаассифона таҳлили маводи рўзномаҳои даврӣ дар ҳафтаи гузашта нишон медиҳанд, ки сармуҳаррирон ва рўзноманигорони мўҳтарами мо ба дарки ҳадаф, моҳият ва мўҳтавои иҷтимоияти ин санад сарфаҳм нарафта, ҳар ҷо бо дастрасӣ аз имону виҷдонашон амали гўштфурўшону ордфурўшон ва баъзе савдогарони дигарро низ  таври хос ба маърифаташон арзёбӣ кардаанд.

Ҳарчанд мебоист онҳо низ на чун тамошобин ё худ балегўи тоифаҳои хилофкор,  балки ба мисли як институти ҷамъиятӣ дар назорати иҷрои Қарор, ки  ба манфиати аксарияти мутлақи сокинони шаҳр нигаронида шудааст мавқеи фаъолро ишғол мекарданд.

Боиси таассуф аст, ки дар ҷомеаи пойтахт ҳанўз ҳам унсурҳое ҷой доранд, ки манфиатҳои шахсию гурўҳиро назар ба нафъи аксарияти ҷомеа афзалтар дониста, татбиқи санадро бо махлутсозии афкор халалдор месозанд.

Ин гуна амалҳоро шаҳрдорӣ ба мисли рафтори бархе аз дўконҳои гўштфурўшии хусусӣ, ки дар акнофи шаҳраку маҳаллаҳои шаҳр то фарорасии моҳи Шарифи Рамазон фаъолият намудаву бо шурўъ гардидани он фаъолияташонро алайҳи ташаббусашон намоишкорона қатъ намуданд, шарик ва ё соҳибкори беэътимод арзёбӣ месозад. Дар ин зимн чунин “соҳибкорон” расман огоҳ карда шуданд, ки дар сурати идомаи чунин амалкард фаъолияташон ба пуррагӣ  манъ дошта мешавад.

Ба таваҷҷўҳи рўзноманигорони “ғамхор”, ки ба андешаи онҳо  қабули ин санад гўё “вазъиятро дар бозорҳои шаҳр бадтар кардааст”расониданием, ки дар баёни андешаву матлаб чун бархе соҳибкорон инсофро фаромўш насозанд. 

Рақамҳои омори давлатӣ ҳокӣ аз онанд, ки дар натиҷаи татбиқи ин санади меъёрии ҳуқуқӣ нархи 17 намуди маҳсулоти ниёзи аввалиндараҷаи мавриди тавачҷўҳ  дар пойтахт назар ба минтақаҳои истеҳсолкунанда ба нафъи сокинони шаҳр арзонтар аст.

Таври мисол, тибқи иттилои расмии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 23 августи соли 2010 нархи гўшт дар Ҳисор- гов 21 сомонӣ, гўсфанд – 20 сомонӣ, Қурғонтеппа – гов 19 сомонӣ, гўсфанд – 20 сомонӣ, Панҷ – гов 20 сомонӣ, гўсфанд – 20 сомонӣ, Хуҷанд – гов 18 сомонӣ, гўсфанд – 20 сомонӣ, Исфара – гов 18 сомонӣ, гўсфанд – 22 сомонӣ, Рўдакӣ – гов 21 сомонӣ, гўсфанд – 22 сомонӣ, орди навъи якум дар Душанбе то 90 сомонӣ, Хуҷанд, Истаравшан- 100 сомонӣ, Исфара – 105 сомонӣ , Қурғонтеппа – 107 сомонӣ, Ҳисор, Турсунзода,  Шаҳритус, Ҳамадонӣ, Рўдакӣ -  110 сомонӣ, Кўлоб, Панҷ -115 сомонӣ, Хоруғ -120  ё худ равғани пахта дар Душанбе 5,45 сомонӣ, Хуҷанд, Турсунзода – 6,50 сомонӣ, Ҳисор- 6,70 сомонӣ.

Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки дар бозорҳои зертобеи КВД “Савдо ва бозорҳои шаҳри  Душанбе”-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  нархи фурўши  чаканаи картошка, бехпиёз, сабзӣ, себ, помидор, биринҷ, равғани пахта, гўшти гову гўсфанд, орди навъи якум  рўзи 23 августи соли ҷорӣ нисбати 2 августи ҳамин сол аз 4,0 то 31,9 % коҳиш ёфтааст.

Нисбати дигар маҳсулоти боғдорию полезӣ фикр мекунем ҳоҷати баён нест.

Имрўз нархи маҳсулотҳои ниёзи аввал нисбат ба ҳамин рўзи 24 августи соли гузашта,  аз қабили картошка 94 дирам, пиёз 38 дирам, карам 1 сомонию 22 дирам, биринҷ 2 сомонию 25 дирам, орди навъи якум 13 дирам, шир 25 дирам, помидор 62 дирам, тухм 2 сомонию 13 дирам барои 10 дона поён рафтааст.

Ҳол он, ки дар давоми аз 24 августи соли 2009 то имрўз қурби асъори хориҷӣ назар ба пули миллӣ ба 15,4 % афзуда, нархи 1 литр бензини навъи 92 аз 3 сомонию 60 дирам ба 4 сомонию 30 дирам боло рафтааст.

Воқеияти ба дастомада қабл аз ҳама натиҷаи он имтиёзҳо, аз қабили аз пардохти ҳама намуди хизматрасониҳои бозорӣ ва  андозҳои маҳаллӣ ба пуррагӣ дар тамоми бозорҳои дар  шаҳри Душанбе фаъолияткунанда  озод намудани деҳқононе, ки маҳсулоти кишоварзиро бе миёнаравҳо ба фурўш мебароранд ва ба андозаи 50 фоиз озод кардани  тоҷирону соҳибкоронеро, ки ба воридоту фурўши 17 номгўи маҳсулоти дар Қарор зикргардида тариқи дасти дуюм шуғл доранд, имкон фароҳам овард, ки ҳавасмандии соҳибкоронро дар таъмини иҷрои Қарори Раиси шаҳр бештар намоянд.

Омили аз ҳама муҳимтар ин аз ҷониби КВД “Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе”   ва маъмурияти бозорҳои зертобеи он  мутобиқ ба муқаррароти Қарори мутазаккира ҳамарўза дар доираи ҳамкорӣ бо тамоми сохторҳои молистеҳсолкунандаю маҳсулоттайёркунандагон дар даромадгоҳҳои корхонаҳои фаръии бозорҳои зертобеъ ва “Гўшаҳои деҳқонон” ташкил намудани ярмарка – фурўши маҳсулоти ниёзи аввалу агросаноатӣ аз ҳисоби захираҳо ва маблағҳои ҷамъовардашавандаи кору хизматрасонӣ ва аз муомилоти ҳама намуди гардиши молӣ дастрасгардида аз ҳоҷагиҳои кишоварзии манотиқи ҷумҳурӣ мебошад.

Бо ин мақсад зери назорати шахсии Раиси шаҳр аз ҷониби сохторҳои зикргардида аз 11 то 24 августи соли 2010  зиёда аз 4 ҳазор тонна маҳсулот, аз он ҷумла танҳо рўзҳои 17-21 август  аз хоҷагиҳои ноҳияҳои Истаравшан, Ғончӣ, Хуҷанд, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Зафарободи вилояти Суғд  240 тонна маҳсулоти ниёзи аввалия ворид карда шуд, ки ин тадбир таври доимӣ сурат мегирад.

Бояд таъкид намуд, ки барои таҳлил, мониторинг ва назорати воқеияти воридсозии маҳсулот дар чор даромадгоҳи шаҳри Душанбе таври шабонарўзи комиссияи махсуси аз ҳисоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои Душанбе ва сохторҳои дахлдор таъсисёфта  фаъолият анҷом дода, ҳамарўза ба Раиси шаҳр ахборот пешниҳод месозад.

Ҳамин аст, ки аз хоҷагии “Баракат”-и ноҳияи Ҳисор тариқи шартнома КВД “Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе” ҳамарўза гўшти гов бо нархи 17, 5 сомонӣ, гўшти гўсфанд 18 сомонӣ ва тухми мурғ 42-45 дирам ба бозорҳои зертобеъ таъмин намуда, барои корхонаҳои истеҳсолкунандаи гўшти мурғ ва моҳипарварӣ  баҳри савдои маҳсулоташон ҷой ҷудо кардааст.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз ҳама субъектҳои хоҷагидорӣ, соҳибкорону тоҷирон ва ба хусус аз рўзномангирони мўҳтарам даъват ба миён меорад, ки дар таъмини иҷрои санади меъёрии ҳуқукии зикргардида бо дарки масъулият ва эҳсоси ғамхорӣ ба оилаҳои ниёзманд ба дастгирӣ  муносибат карда, дар ғановати бозори истеъмолӣ  ва фазои шаффофи итилоотӣ  хиссагузор гарданд.