Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 November 2015

Қарори раиси шаҲри Душанбе № 487 аз 5 ноябри соли 2015

 

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи

 маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе оид ба

таҷлили Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ  таҷлил намудани Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мутобиқи  моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

1.Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба таҷлили Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

 2.Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  дар мувофиқа ва ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор иҷрои ҳатмии Нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаро таъмин намоянд.

 3.Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар рўзҳои ташкил ва баргузории чорабиниҳо ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон, чораҳои зарурӣ андешанд.

 4.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Лангариева Ҷ.С.  гузошта шавад.

 М. УБАЙДУЛЛОЕВ