«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 November 2015

Дар  бораи  мавқуф гузоштани баррасии масъалаҳои ҷудо кардани қитъаҳои замин барои сохтмон дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе

 

           Бо мақсади беҳбуд бахшидан ба раванди муттасили таъмини маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе бо иншоотҳои инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ, риояи бемайлонаи талаботи меъёрҳою қоидаҳои сохтмонӣ, амнияти ҳудудҳо ва нигоҳ доштани объектҳои мероси фарҳангӣ, мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 771 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 11 ва 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                       

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1. Аз 12 ноябри соли 2015 бо мақсади ҳалли масъалаҳои ҷойдошта вобаста ба таъмини маҳалҳои аҳолинишин бо иншоотҳои инфрасохторҳои муҳандисӣ,  нақлиётӣ ва иҷтимоӣ, то анҷоми  тасҳеҳи  нақшаҳои муфассали банақшагирӣ, баррасии дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои ҷудо намудани қитъаҳои замин, иҷозати сохтмони иншоот ва иншоотҳои истиқоматию ғайриистиқоматӣ, ба истиснои сохтмони биноҳои тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти 423 аз 17 июли соли 2012 «Дар бораи татбиқи Нақшаи генералӣ дар  хиёбони Рўдакӣ, кўчаҳои Нодира, Говоров, 4, Айнӣ, А.Дониш ва Титов» пешбинигардида, иншоотҳои истеҳсолӣ, корӣ ва коммуналию анборӣ (дар минтақаҳои истеҳсолӣ) ва биноҳои истиқоматии шахсӣ (дар минтақаҳои маскунии иморатсозии хонаҳои инфиродӣ бо қитъаҳои наздиҳавлигӣ) ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарорҳои дахлдори қабулшуда, мавқуф гузошта шавад.

2. Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ва Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе зимни баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба додани қитъаи замин ва иҷозати сохтмон, таҷдид ва таъмири бинову иншоотро тибқи талаботи банди 1 ҳамин Қарор риоя намуда, ба муроҷиатҳои воридшаванда  посухи расмӣ ирсол намоянд.

3. Шуъбаи сохтмон ва ободонии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар мувофиқа бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади муайян намудани муҳлат ва гузаронидани бақайдгирии нақшаҳои шаҳрсозӣ, имконияти истифодабарии минбаъдаи онҳо, дар назди Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе гурўҳи корӣ таъсис ва ҳуҷҷатҳои мавҷударо мавриди баррасӣ ва омўзиш қарор дода, ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 30 ноябри соли 2015  маълумоти муфассал пешниҳод намояд.

4. Аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шавад, ки дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи гурўҳи корӣ оид ба тартиби минбаъдаи таҳия, мувофиқасозӣ ва тасдиқи нақшаҳои шаҳрсозӣ ба Раиси шаҳри Душанбе то 10 декабри соли 2015 хулосаи дахлдор  пешниҳод намояд.

5. Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси тасдиқи тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе,  тибқи тартиби муқарраргардида, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва пешниҳод созад.

6. Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо шуъбаи сохтмон ва ободонии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хулосаҳои асосноки Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе», Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Душанбегаз», Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кўпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе», Корхонаи шабакаи  гармидиҳандаи шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои дахлдорро оид ба масъалаи батанзимдарории  нақшаҳои муфассали банақшагирӣ дастрас намуда, санадҳои пешниҳодшавандаро бо инобати ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии мавҷуда, барои тасҳеҳи нақшаҳои муфассали банақшагирӣ ва тартиби амалигардии минбаъдаи он, ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

7. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

8. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Расулов А.Р.  гузошта шавад.

                                                              М. УБАЙДУЛЛОЕВ