Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 November 2015

Қарори раиси шаҲри Душанбе № 488 аз 05.11. 2015

 

Оид ба танзими фаъолият ва истифодабарии ҷойҳои ҷамъиятӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе

        

    Бо мақсади танзими фаъолият ва истифодабарии бино ва иншооти ҷойҳои ҷамъиятӣ бо инобати ниёзи иҷтимоии сокинони шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе, бо риояи талаботи меъёрҳою қоидаҳои сохтмонӣ, бехатарии сӯхтор, санитарӣ-эпидемиологӣ, ҳифзи табиат, муҳити зист, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 27, 37, 39, 40 ва 401, Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 8, 15, 31, 42 ва 80 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Қарор мекунам:

1.       Бинобар роҳ додани камбудиҳо аз ҷониби сокинони як қатор шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳр дар ҷараёни иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №526 аз 16 октябри соли 2006 «Оид ба тасдиқи санади ҷойгиршавӣ ва заминистифодабарии масҷидҳои ҷомеу панҷвақта, ҷойҳои ҷамъиятии ҳамчун масҷид пешниҳодшуда ва ҷойҳои ҷамъиятӣ дар қаламрави пойтахт» ва ҷой доштани ҳолатҳои ғайримақсаднок истифода бурдани бино ва иншооти ҷойҳои ҷамъиятӣ, бо инобати хулосаи гурӯҳи корӣ раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ - Қурбонов  А.Ҷ., Сино - Ализода С.А., Шоҳмансур - Сиёмардзода  С. ва Фирдавсӣ - Табарзода Ҷ.А.:

- дар якҷоягӣ бо раисони шаҳраку маҳаллаҳо, сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ ва сокинон масъалаи истифодабарии минбаъдаи бино ва иншооти ҷойҳои ҷамъиятиро баҳри таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва марказҳои омӯзиши технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ, фарҳангию фароғатӣ, ташкили корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, ҷойгиркунии муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи ҳуқуқ мавриди баррасӣ қарор дода, барои ба манфиати давлатӣ ҳамчун моликият қабул намудани онҳо, бо тартиби муқарраргардида, ба мақомоти судӣ муроҷиат намоянд;

- баъди ба қувваи қонунӣ даромадани санадҳои судӣ оид ба масъалаи зикршуда дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ва худфаъолияти ҷамъиятӣ истифодабарии минбаъдаи бино ва иншооти ҷойҳои ҷамъиятии дар Қарори Раиси шаҳри Душанбе №526 аз 16 октябри соли 2006 «Оид ба тасдиқи санади ҷойгиршавӣ ва заминистифодабарии масҷидҳои ҷомеу панҷвақта, ҷойҳои ҷамъиятии ҳамчун масҷид пешниҳодшуда ва ҷойҳои ҷамъиятӣ дар қаламрави пойтахт» дарҷгардида, дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳрӣ, маорифу тандурустӣ, ҳифзи ҳуқуқ мавриди омӯзиш қарор дода, ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳоди асоснок ирсол  намоянд;

- дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори ноҳиявӣ ва мақомотҳое, ки ба тавозунашон бино ва иншооти ҷойҳои ҷамъиятӣ вобаста карда мешаванд, бо ҷалби институтҳои лоиҳакашӣ, дар асоси лоиҳаи дахлдор, бо инобати талаботи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ, санитарӣ-эпидемиологӣ ва зидди сӯхтор таъмиру таҷдид намуда, истифодабарии мақсадноки онҳоро ба роҳ монанд;

- бино ва иншооти ғайриқонунӣ сохташуда ва ба талаботи меъёрҳою қоидаҳои сохтмонӣ, меъморию шаҳрсозӣ, бехатарии сӯхтор, санитарӣ-эпидемиологӣ ҷавобгӯ набударо тибқи тартиби муқарраргардида бартараф созанд.

2. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Расулов А.Р. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Лангариева Ҷ.С. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ