Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 November 2015

16 ноябри соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Дар ҷаласа, сараввал Маҳмадсаид Убайдуллоев бо инобати таҳлили муроҷиатҳои сокинон ба телефонҳои навбатдории шабонарӯзии шаҳрдорӣ аз вазъи таъминоти шаҳр бо нерӯи барқ изҳори нигаронӣ намуда, зикр сохт, ки омодагиҳои Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» - зерсохтори ШСХК “Барқи Тоҷик” ба мавсими тирамоҳу зимистони имсола эътимоднок нестанд ва ногузир аст, ки ҷамъияти мазкур дар ин самт чораҳои муассиртар андешад ва аз прокуратураи шаҳр хоҳиш ба амал овард, ки ҳолати воқеии омодагии ин ниҳоди хизматрасон дар шаҳри Душанберо баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мавриди санҷиш қарор диҳад.

Сипас, Раиси шаҳр масъалаи вазъи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ дар шаҳрро бо дарназардошти дар асоси пешниҳоди шаҳрдорӣ баҳри субҳгоҳон пешгирӣ намудани тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар хатсайрҳо, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиди назар кардани оѓози соатҳои дарсӣ дар коллеҷу мактабҳои таҳсилоти олии дар марзи шаҳри Душанбе фаъолияткунанда, ки шуруъ аз 16 ноябри соли 2015 минбаъд соати 7-30 дақиқа муқаррар карда шуд, ба риштаи таҳлил кашид.  Бо хулоса аз он муқаррар сохт, ки ҳамарӯза нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятии коммуналӣ ва хусусӣ то 5-50 дақиқа дар хатсайрҳо ба фаъолият оѓоз намоянд ва ин раванд пайваста аз ҷониби комиссияҳои ҷамъиятии созмондодаи  шаҳрдорӣ ва дигар институтҳои шаҳрвандӣ назорат бурда шавад.

Дар иртибот ба ин мавзӯъ, иловатан дастур гашт, ки фаъолияти бо низоми хатсайрҳои нақлиётии аз кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ убуркунанда баҳри хизматрасонӣ ба кормандон ва муштариёни “Ҳунаристон”-и Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳи пойтахт” зери назорат қарор гирад.

Ҳамзамон дар ҷаласа, Маҳмадсаид Убайдуллоев бо дахли масоили заминистифодабарӣ ва дар асоси Нақшаи генералӣ вусъат додани раванди сохтмони иншооти тибқи Қарорҳои марбутаи Раиси шаҳр бунёдшаванда, таваҷҷуҳи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, Сарраёсати меъморию шаҳрсозӣ ва Кумитаи идораи замини шаҳри Душанберо ба моҳиятан дар ҷойҳо ва тавассути воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ дуруст фаҳмонидани ҳадафҳои пайгиркунандаи  Қарори Раиси шаҳри Душанбе 483-1 аз 28 октябри соли 2015Дар  бораи  мавқуф гузоштани баррасии масъалаҳои ҷудо кардани қитъаҳои замин барои сохтмон дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе” ҷалб намуда, ба раисони ноҳияҳо дастур дод, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои зидахл иҷрои бемайлони Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанберо “Оид ба танзими фаъолият ва истифодабарии ҷойҳои ҷамъиятӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе” таъмин созанд.

Ҳамзамон, мавсуф вазифадор карда шуданд, ки баҳри пешгирӣ аз роҳандозии сохтмонҳои худсаронаю ѓайриқонунӣ аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар 1111 гектар заминҳои бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   № 386 аз 7 апрели соли 2003 аз истифодаи ноҳияи Рӯдакӣ гирифта, ба ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе воридгардида ва 2381 гектар қитъаи замини ҳудудҳои тибқи Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон № 382 аз 30 декабри соли 1983 барои васеъкунии ҳудуди қисматҳои ҷанубӣ ва шарқии шаҳри Душанбе пешбинигардида, ки барои истифодабарии муваққатӣ, бе ҳуқуқи сохтмонҳои капиталӣ ва шинонидани дарахтони дарозумр ба ноҳияҳои атрофи пойтахт вобаста ва ҳамзамон дар асоси банди 3 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 73 аз 31 январи соли 2006 «Дар бораи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе» дар ин заминҳо шинонидани дарахтони бисёрсола маън кардашуда, чораҳои мушаххас андешанд.

Инчунин, Раиси шаҳр дар ҷаласа таваҷҷуҳи масъулини соҳа ва раисони ноҳияҳоро оид ба дар ҳолати хуб нигоҳ доштани наҳру селпартоҳои марзгузари шаҳр,  барориши саривақтии партовҳои сахти маишӣ, риояи ҳатмии муқаррароти қонунгузорӣ оид ба манъи нигаҳдошту парвариши чорвои хурду калон аз ҷониби сокинон, ѓановати бозори истеъмолӣ ва иҷрои нақшаҳои захираи маҳсулот дар бозорҳои коммуналӣ, амалисозии барномаҳои шаҳрдорӣ оид ба дастгирии соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани интизоми меҳнат дар ташкилоту идораҳо, расидагии ҳарчӣ бештар ба ҳалли мушкилоти сокинон, ҳолати зиддисӯхтории бинову иншоотҳо ва назорати фаъолияти камераҳои мушоҳидавӣ дар онҳо, омодагии муассисаҳои иҷтимоӣ ва дар маҷмуъ шаҳр ба мавсими зимистонгузаронӣ ва татбиқи нақшаҳои шаҳрдорӣ  оид ба таҷлили сазовори Рӯзи Парчами давлатӣ, ҷалб намуда, вобаста ба ҳар кадом масъала ба мутасаддиён  дастуру ҳидоятҳои мушаххас ироа намуд.