Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 November 2015

Қарори раиси шаҲри Душанбе № 125-19 аз 27 феврали соли 2015

 

 Дар бораи омодагӣ ва таҷлили 25-солагии

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии

Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

 

 

Бо мақсади тавсеаю тақвияти равандҳои созандагию бунёдкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, татбиқи дастовардҳои муосири технологию иттилоотӣ, инноватсионӣ баҳри омодагии ҳамаҷониба ва таҷлили мутантани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2015 № 36 «Дар бораи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  

 

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М:

 

1.Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 36 аз 31 январи соли 2015 «Дар бораи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бандҳои 5, 7-9, 21-37 Нақшаи чорабиниҳои замимагардида оид ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори зикршуда тасдиқ шудааст, таҳти роҳбарӣ ва масъулияти шахсӣ оиди иҷроиш ба зиммаи муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе гузошта шавад.

 

2.Ҳайати Кумитаи тадорукот ва Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри омодагӣ ва таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тибқи замимаҳои № 1 ва № 2  тасдиқ карда шаванд.

 

3.Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони мақомоти маҳаллии намояндагӣ ва иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкории пайгирона бо сохторҳою идораҳои марбутаи давлатӣ, субъектҳои хоҷагидорию хизматрасонӣ, бахши хусусӣ ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолияткунанда, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон, иҷроиши бечунучарои Қарори мазкур ва нақшаи чорабиниҳои дар банди 2 ҳамин Қарор зикрёфтаро таъмин, муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр ҳар семоҳа ба Раиси шаҳри Душанбе ахборот пешниҳод намоянд.

 

4.Аз роҳбарони комиссияҳои доимӣ ва муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки дар ҳамкорӣ бо интихобкунандагону аҳли ҷомеа ва институтҳои шаҳрвандию ҳизбҳои сиёсӣ, бо истифода аз технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва воситаҳои ахбори омма, рафти иҷрои Қарорро пайваста пайгирӣ ва зери назорати доимӣ қарор диҳанд.

 

5.Роҳбари дастгоҳи Раиси  шаҳри  Душанбе дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо комиссияҳои марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Қарори мазкурро барои тасдиқ ба баррасии иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод ва бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бахисобгирии давлатӣ, санҷиш ва бақайдгирӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонад.

 

6.Шуъбаи  таҳлилӣ  ва иттилоотии  дастгоҳи  Раиси  шаҳри  Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

 

7.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе вогузор ва вазифадор карда шавад, ки рафти иҷрои онро мунтазамона ба баррасии ҷаласаҳои назоратии назди Раиси шаҳри Душанбе ва иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод намояд.

 

 М. УБАЙДУЛЛОЕВ