«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 November 2015

 Қарори   раиси шаҲри Душанбе № 513 аз 20 ноябри соли 2015

 

Дар бораи даъват намудани иҷлосияи

чоруми  Маҷлиси  вакилони  халқи

шаҳри Душанбе  даъвати  панҷум

 

Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум  24 декабри  соли 2015,  соати  800 дар  толори  Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт»  даъват карда шавад.

2.Ба рӯзномаи иҷлосияи чоруми  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум  масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

2.1.Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2015, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе, вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2016 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2014».

2.2.Дар бораи номгузорӣ ва номивазкунии маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе.

2.3.Дар бораи тасдиқ намудани Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.

3.Оид ба омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ дар ҳайати замимагардида таъсис дода шавад.

4.Аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон тибқи ҷадвали замимагардида то 12 декабри соли 2015 вохӯрӣ гузаронида, аз натиҷаи он пешниҳодҳои мушаххасро ба гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи  чоруми  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум ирсол намоянд.

5.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.)  тибқи  тартиби  муқарраргардида  мазмуну  мундариҷаи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори оммаи чопию электронӣ  ба аҳли ҷамоатчигии шаҳр расонида, таклифу  пешниҳодҳои  вобаста ба иҷлосия баёнгардидаро ҷамъбаст ва ба Раиси шаҳри Душанбе манзур гардонад.

6.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.    

М.УБАЙДУЛЛОЕВ


Гурӯҳи корӣ

оид ба омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум

 

ҶАДВАЛИ

баргузории вохӯриҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

даъвати панҷум бо интихобкунадагон дар ҳавзаҳои  интихоботӣ