Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 December 2015

7 декабри соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Дар ҷаласа, қабл аз ҳама Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳолати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №488 аз 5 ноябри соли 2015 «Оид ба танзими фаъолият ва истифодабарии ҷойҳои ҷамъиятӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе» ва тибқи хулосаи комиссияи босалоҳият бартарафсозии як идда иншооти ғайриқонунии ба талаботи меъморию сохтмонӣ ҷавобгӯ набуда ва дар заминаи иншооти ба талаботи муқарраргардида ҷавобгӯ таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо ташкил намудани  ҳунарҳои мардумӣ, корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, ҷойгиронии нозирони минтақавии милиса ва амният, хадамоти шабакаҳои гармидиҳӣ, оташнишонӣ ва  марказҳои омӯзиши технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ, муассисаҳои варзишӣ, фарҳангию фароғатӣ, маорифу тандурустӣ роҳандозӣ мешавад, мавриди баррасӣ қарор дод.

Раиси шаҳр баҳри тақвият ва тавсеаи фаъолияти муттасили сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, густариши ҳамкориҳои судманд бо сокинон ва аҳли ҷамоатчигии маҳаллаҳои шаҳри  Душанбе бобати  ҳимояи бемайлони арзишҳои миллӣ ва таҳкими эҳсоси худшиносию меҳанпарастӣ супоришҳои мушаххас ироа ва роҳбарони аввали сохторҳои марбутаро вазифадор намуд, ки раванди татбиқи Қарори мазкурро  зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Ҳамзамон, баҳри таҳкими тадбирҳои амниятӣ  ва таъмини риояи тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳр дастур фармуд, ки фаъолияти камераҳои мушоҳидавӣ ва истифодаи дастгоҳҳои ташхискунандаи асбобҳои металӣ дар тамоми нуқтаҳои сернуфузи хизматрасонии аҳолӣ зери назорати қатъии сохторҳои дахлдор  қарор дода шаванд. 

Гузашта аз ин, дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳр нисбати фаъолияти комиссияҳои марбутаи шаҳрию ноҳиявӣ ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии шаҳраку маҳаллаҳо изҳори нигаронӣ намуда, дастур фармуд, ки дар ин ҷода назоратро алайҳи қонуншиканиҳои ҷойдошта дар тамоми сатҳҳо пурзӯр намуда, кирдорҳои қонунпоймолкунии онҳо зимни баргузории маъракаҳои марбут ба расму ойин тавассути Муассисаи давлатии «Телевизиони Пойтахт» бе муросокорӣ ба ҳукми аҳли ҷамоатчигӣ пешниҳод карда шавад.