Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 September 2010

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №487-3 аз 12 августи соли 2010  «Дар бораи баргузории тендер» оид ба «Ободонии оромгоҳи шаҳрӣ дар маҳаллаи Меҳробод, марҳилаи якум барои сохтмони роҳ ва деворбанди атрофи оромгоҳ» бо мақсади самаранок истифода бурдани маблаѓҳои буҷетӣ ва фароҳам овардани шароити рақобати солим, ташкилотҳои сохтмонии пудратӣ ва ширкатҳои ватанию хориҷиро ба сифати «Иштирокчӣ» аз 27 август то рӯзи 17 сентябри соли 2010 ба озмун даъват менамояд.

Иштироки довталабон дар озмун бо дарназардошти пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва шартҳои зерин ба инобат гирифта мешавад:

- оинномаи корхона;

- иҷозатнома (литсензия) барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва таъмирии роҳҳои автомобилгард ва маснуотҳои он;

- кафолати таъмини пешниҳоди тендерӣ (кафолати бонкӣ);

- гувоҳномаи нозироти андоз;

- гувоҳномаи фонди ҳифзи иҷтимоӣ;

- маълумотҳои иловагӣ оиди дараҷаи тахассусии кормандон;

- маълумотҳо оид ба хаҷми корҳои иҷрошудаи таъмир ва сохтмони роҳҳои автомобилгард ва купрукҳо дар 2-3 соли охир;

- маълумотнома оид ба мавҷуд будани техникаҳои сохтмонӣ ва роҳсозӣ дар тавозуни корхона;

- номгӯи корҳо бо назардошти ҳаҷми он дар доираи маблаѓи ҷудошуда;

- ӯҳдадорӣ оиди ба итмом расонидани корҳои купруксозӣ, мутобиқи меъёрҳои сохтмонӣ;

- пардохти ҳаққи иштирок дар тендер.

Ҳуҷҷатҳои озмуниро метавонед аз нишонаи зерин гиред:

шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 48«а», МД «Сарраёсати ободонии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» ё бо Телефонҳо: 221-06-16, 221-03-80, 221-05-48 дастрас намоед.

Дархостҳо бояд дар лифофаи маҳкаммӯӯҳрзада 16 сентябри соли 2010 соати 1000 ба МД «Сарраёсати ободонии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» (Фармоишгар) супорида шаванд.

Озмун рӯзи 17 сентябри соли 2010 соати 1700 дар бинои маҷлисгоҳи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе баргузор мегардад.