Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 December 2015

      Дар бораи тавассути ҷалби сармоягузорӣ идома додани бунёди толорҳои савдову хизматрасонии иншооти «Маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёнаи бисёрҳуҷрадор, бо ҷойгир намудани маркази савдову хизматрасонӣ дар ошёнаҳои якуму дуюм ва таваққуфгоҳи зеризаминии якқабата дар хиёбони Рӯдакӣ»

 

Бо мақсади истифодабарии самараноки маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе, мусоидат ба ривоҷ додани сатҳи хизматрасониҳои гуногун тавассути дастгирии давлатии соҳибкорӣ, беҳдошти вазъи инфрасохтории шаҳр, инчунин сари вақт ба истифода додани иншооти манзилии дорои сохторҳои хизматрасонии муосир, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 479-481 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе №675 аз 29 ноябри соли 2013 «Дар бораи қатъи ҳуқуқи заминистифодабарию соҳибмулкӣ ва ҷуброни зарар аз бартарафсозии квартираҳо дар биноҳои истиқоматии 2-ошёнаи №№124, 126, 128, биноҳои 2-ошёнаи «Маркази савдо» №№128, 130 ва бинои маъмурии мансуб ба ройзании фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон, №130а, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ»

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

 

1.       Маблағгузории қисмати толорҳои савдову хизматрасонии иншооти бунёдшудаистодаи «Маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёнаи бисёрҳуҷрадор, бо ҷойгир намудани маркази савдову хизматрасонӣ дар ошёнаҳои якуму дуюм ва таваққуфгоҳи зеризаминии якқабата дар хиёбони Рӯдакӣ», бо ҷалби саҳмгузории соҳибкорони инфиродї ва шахсони ҳуқуқии ватанї тавассути баргузории озмуни кушод дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи мақомоти давлатии ваколатдор, ба роҳ монда шавад.

2.       Нишондиҳандаҳои арзиши аслии сохтмони иншооти мазкур, ки аз ҷониби сохторҳои марбутаи ваколатдор таҳия ва тасдиқ гардидаанд, ба инобат гирифта шаванд (замимаи №1).

3.       Шартҳои озмуни кушод баҳри интихоби пешниҳоди беҳтарини саҳмгузорӣ дар сохтмони толорҳои савдою хизматрасонии иншооти бунёдшудаистодаи «Маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёнаи бисёрҳуҷрадор, бо ҷойгир намудани маркази савдову хизматрасонӣ дар ошёнаҳои якуму дуюм ва таваққуфгоҳи зеризаминии якқабата дар хиёбони Рӯдакӣ» (замимаи №2) тасдиқ карда шавад.

4.       Комиссияи озмунӣ ҷиҳати интихоби беҳтарин пешниҳоди соҳибкорони инфиродї ва шахсони ҳуќуќии ватанї барои саҳмгузорӣ дар сохтмони толорҳои савдою хизматрасонии иншооти бунёдшудаистодаи «Маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёнаи бисёрҳуҷрадор, бо ҷойгир намудани маркази савдову хизматрасонӣ дар ошёнаҳои якуму дуюм ва таваққуфгоҳи зеризаминии якқабата дар хиёбони Рӯдакӣ» дар ҳайати замимагардида (замимаи №3) таъсис дода шуда, хулосаи ниҳоиро оид ба ғолибони озмун барои тасдиқ ба Раиси шаҳри Душанбе ирсол намояд.

5.       Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмони асосӣ”-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Муҳиддинов Н.М.) тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ғолиби озмун шартномаи дахлдор ба имзо расонида, шаҳодатномаи ҳуқуқи моликиятдории саҳмгузорро нисбат ба амволи саҳмгузоришуда баъди ба истифода супоридани иншооти «Маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёнаи бисёрҳуҷрадор, бо ҷойгир намудани маркази савдову хизматрасонӣ дар ошёнаҳои якуму дуюм ва таваққуфгоҳи зеризаминии якқабата дар хиёбони Рӯдакӣ», дар мақомоти нотариалии давлатӣ ба расмият дарорад.

6.       Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

7.       Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) тавассути сомонаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва воситаҳои ахбори омма роҷеъ ба тариқи озмун ҷалб намудани соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати идомаи сохтмони толорҳои савдои иншооти бунёдшудаистодаи мазкур эълони дахлдорро ба табъ расонад.

Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Расулов А.Р. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Мақсудзода Ш. гузошта шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ