Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 December 2015

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 556 аз 10.12.2015

 

Дар бораи чораҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дар иншооти «Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ, воқеъ дар майдони «Сарҳадчиён» - и кӯчаи Гагарин» 

 

Бо мақсади гузаронидани корҳои сохтмону азнавсозии роҳи автомобилгард ва таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар иншооти «Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ, воқеъ дар майдони «Сарҳадчиён» - и кӯчаи Гагарин», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаҳои 10, 20 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» 

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.                      Дар майдони «Сарҳадчиён» - и кӯчаи Гагарин, бинобар оғоз шудани корҳои сохтмонӣ аз 15 декабри соли 2015 то 30 сентябри соли 2016 ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ муваққатан қатъ карда шаванд.

2.                     Вобаста ба муқаррароти банди 1 Қарори мазкур Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» (Алиев А.А.), шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Насимов А.Ғ.) ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе (Камолов Ф.) самти ҳаракати нақлиёти автомобилии мусофирбарро, ки аз иншооти «Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ, воқеъ дар майдони «Сарҳадчиён» - и кӯчаи Гагарин» мегузарад, ба кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда, дар нақшаҳои хатсайри воситаҳои нақлиёти автомобилии мусофирбар тағйирот ворид намоянд.

3.                     Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» - и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва пудратчии асосӣ - Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи асфалту бетон», вобаста ба тағйири ташкили ҳаракат дар роҳ, дар мувофиқа бо шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузоштани аломатҳои роҳ ва дигар лавҳаҳои иттилоотию огоҳкунандаро барои ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар роҳ таъмин намоянд.

4.                     Муассисаи давлатии  «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри   Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе вазифадор карда шавад, ки барои танзими мунтазами алоқаи нақлиётӣ дар қитъаи роҳи иншооти  зикргардида, барои бе монеа даромадани воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилӣ, милитсия ва хадамоти оташнишонӣ ҷораҳо андешад.

5.                     Аз роҳбарони корхона, идора, муассиса, ташкилот ва субъектҳои хоҷагидорие, ки дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолият доранд, хоҳиш карда шавад, ки бобати ҳалли  мушкилоти хатҳои муҳандисии иншооти мазкур ба фармоишгар - Муассисаи давлатии  «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри   Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе хамаҷониба мусоидат намоянд.

6.                      Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Қунғуротзода Ф.Қ.) барои таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат ва амнияти шаҳрвандон тадбирҳои мушаххас  андешад. 

7.                     Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

8.                     Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Расулов А.Р. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ