Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 December 2015

14 декабри соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Дар ҷаласа, қабл аз ҳама Маҳмадсаид Убайдуллоев  масоили омодагиҳо ба ҷамъбасти сол, натиҷагирӣ аз фаъолияти анҷомгирифта ва таъмини нишондодҳои барномавиро дар соли сипаришаванда ба риштаи таҳлил кашида, муовинони соҳавии Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳоро вазифадор кард, ки  дар ҳамкорӣ бо сохторҳои масъулу марбута тамоми чораҳоро бобати иҷрои нақшаҳои буҷет ва андоз, ки таъмингари рушди бемайлон ва тавсеабахши барномаҳои иқтисодию  иҷтимоии шаҳр мебошанд,  роҳандозӣ намоянд.

Идома бар он, Раиси шаҳр баҳри тақвияти тадбирҳо нисбати халалдор нагардидани раванди корҳои сохтмону азнавсозии роҳҳо ба масъулин дастур фармуд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ мутобиқ ба риояи қоидаю меъёрҳои сохтмонӣ нақшаи идомаи корҳои имконпазири роҳсозиро  дар мавсими сармо  таҳия намуда, ҷиҳати мувофиқа ва татбиқ унвонии шаҳрдорӣ манзур созанд.  Ҳамин гуна супориш  роҷеъ ба парваришу нигаҳдошти гулу буттаҳои мавсимӣ ироа карда шуд.

Инчунин дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев бори дигар ҳолати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №488 аз 5 ноябри соли 2015 «Оид ба танзими фаъолият ва истифодабарии ҷойҳои ҷамъиятӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе» ва тибқи хулосаи комиссияи босалоҳият дар заминаи иншооти ба талаботи муқарраргардида ҷавобгӯ таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо ташкил намудани  ҳунарҳои мардумӣ, корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, ҷойгиронии нозирони минтақавии милиса ва амният, хадамоти шабакаҳои гармидиҳӣ, оташнишонӣ ва  марказҳои омӯзиши технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ, муассисаҳои варзишӣ, фарҳангию фароғатӣ, маорифу тандурустӣ роҳандозӣ мешавад, мавриди баррасӣ қарор дода, натиҷаи фаъолияти анҷомгирифтаро мусбат арзёбӣ намуд. 

Раиси шаҳр зимни татбиқи Қарори мазкур раисони ноҳияҳо ва  роҳбарони аввали сохторҳои марбутаро вазифадор намуд, ки  тамоми чораҳоро сирф дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда, дар заминаи ҷойҳои ҷамъиятӣ бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ танҳо  занҳои хонашину бешуғли маҳаллаҳои марбута бо шуғл  таъмин карда шаванд.

Дар иртибот ба истиқбол ва таҷлили сазовори Соли нави мелодӣ дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев муқаррароти Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанберо дар ин хусус ба масъулин шарҳ дода, афзуд, ки чун анъана тавассути бо ғамхориҳо фаро гирифтани қишрҳои ниёзманди ҷомеа ва тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоии шаҳр, татбиқи чорабиниҳои тасдиқгардида дар сатҳи баланди ташкилию ғоявӣ, бо риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва қоидаҳои зиддисӯхторӣ  таъмин карда шаванд.

Зикр гашт, ки базми анъанавии арчаи Солинавӣ барои хонандагони хубу аълохони муассисаҳои таълимии шаҳр 29 декабр, соати 14 ва барои хонандагони фаъоли ҳар чор ноҳияҳои шаҳр 30 декабр, соатҳои 9 ва 14 дар бинои Сирки давлатӣ оғоз гардида, аёдати шаҳрдорӣ ва дигар шахсони расмӣ бо туҳфаҳои солинавӣ дар 4 мактаб - интернатҳои шаҳри Душанбе мутаносибан рӯзҳои 29,30 ва 31 декабр баргузор мегарданд. Ҳамзамон, то 30 декабр дар майдони «Дӯстӣ» арчаи Солинавии шаҳрдорӣ бо баландии 25 метр бо беҳтарин унсурҳои муосири светодиодӣ ороста мешавад.

Шоми 31 декабр бошад аз соати 18 то 20 дар майдони «Дӯстӣ» шоу-барномаи консертии солинавӣ бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик созмон ёфта, чун анъана дар фарҷоми он фазои пойтахтро фейерверкҳои солинавӣ дурахши идона хоҳанд дод.