Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 December 2015

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои ишғоли вазифаи сардори Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри  Душанбе» аз 17 декабри соли 2015  то  17  январи  соли 2016 озмун бо ҷамъбасти он на дертар аз 22  январи  соли 2016 эълон  менамояд.

      Довталабон барои ишғоли вазифаи сардори Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» ҳуҷҷатҳои  зеринро:

 

- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси

  андозаи  3X4 );

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  086 УЕ;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома дар шакли электронӣ (резюме)

 

ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.

         Ба довталабоне, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва ё  донишкадаҳои  хориҷи кишварро бо ихтисоси сохтмони роҳҳои автомобилгард хатм намуда,  таҷрибаи кории роҳбарикунанда аз рӯи ихтисос доранд, инчунин бевосита ба ҳайси пудратчӣ ва фармоишгари шоҳроҳ, роҳҳои автомобилгарди категорияҳои 1-3 фаъолият намудаанд, афзалият дода  мешавад.

         Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 23  январи  соли 2016.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо  телефони  221-35-68  муроҷиат  намоянд.

 

 


 

Қарори раиси шаҲри Душанбе №564 аз 15.12.2015

  

Дар бораи эълон намудани озмун барои ишғоли вазифаи сардори Муассисаи  давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири

асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»

  

         Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

          

                                    ҚАРОР МЕКУНАМ:

        1.Барои ишғоли вазифаи сардори Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»  аз 17  декабри соли 2015 то 17  январи  соли 2016 озмун бо ҷамъбасти он на дертар аз 22  январи  соли 2016 эълон карда шавад.

        2.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма  таъмин  намояд.

        3.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ