Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 December 2015

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 567 аз  22.12.2015

 

Дар бораи баргузории  Аксияи

«Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат»

 

Муроҷиати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №5.5/1-1695 аз 21 декабри соли 2015 дар хусуси баргузории Аксияи «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат»-ро ба инобат гирифта,  мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»

 

ҚАРОР   МЕКУНАМ:


1.     Ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани Аксияи «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат»  26 декабри соли 2015 аз соати 12:00 то 13:00 дар саҳни Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ иҷозат дода шавад.

2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансур, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ва дигар ташкилоту муассисаҳои мутасаддӣ ҷиҳати баргузории чорабинии зикршуда чораҳои зарурӣ андешанд.

3. Муассисаҳои давлатии  «Телевизиони пойтахт» ва «Паёми Душанбе»  вобаста ба мавзӯи мазкур, ҷиҳати таҳияву инъикоси барномаҳои таҳлилӣ, нашри матлабҳои оммавию таблиѓотӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

       4.Муассисаи давлатии  «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансур бобати омодагии сатҳи баланди ороишии макони баргузорӣ ва  насби лавҳаҳои тарѓиботӣ дар таблоҳои муносиби шаҳр, Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои таъмини иҷораи асбобҳои пахши садо ва мусиқӣ мусоидат намоянд.

            5. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  шаҳри Душанбе, раёсатҳои тандурустӣ, хадамоти давлатии  оташнишонӣ,  ҷавонон,  варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт ва барои дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани чорабиниҳо тадбирҳои мушаххас  андешанд.

6.    Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори оммаи чопию электронӣ таъмин намояд. 

7.     Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Лангариева Ҷ.С. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ