Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 September 2010

23 сентябри соли 2010 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» бо иштироки васеи намояндагони институтҳои шаҳрвандии пойтахт, вакилони маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияҳои шаҳр, Шўрои ҷамъиятии шаҳрӣ ва Шўрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳамкориҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе, роҳбарони мақомоти марбутаи шаҳрӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Дар кори иҷлосия вобаста ба масъалаҳои дахлдор роҳбарони ШСХК «Барқи Тоҷик» ва ҶСК «Тоҷиктрансгаз» ширкат варзиданд.

Вакилон  бо интихоби котибот ва тасдиқи рўзнома ба баррасии 9 масъалаҳои шомилгардида шурўъ намуданд.

Дар иҷлосия тибқи рўзнома  муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Мансуров оид ба ҷараёни тадбирҳои омодасозии ҳамаҷонибаи шаҳри Душанбе ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011 ҳисобот дод.

Мавсуф аз ҷумла зикр намуд, ки самтҳои асосии фаъолияти соҳаҳои муҳандисии ҳаётан муҳим ва дигар сохторҳои мухталифи шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини омодагии ҳамаҷониба ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011 бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 272 аз 22 апрели соли 2010 «Дар бораи тадбирҳои таъхирнопазири Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, сохторҳои марбута ва аҳли ҷамоатчигӣ доир ба омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011» муайян гардида, нақша – чорабиниҳо бо мўҳлатҳои иҷроиш тасдиқ гардидаанд. То 15 сентябри соли 2010 бо вуҷуди кам мондани фурсати анҷоми корҳои омодагӣ аз ҷониби баъзе сохторҳо қафомонӣ дар иҷрои нақша ҷой дорад.

   Роҳбарияти корхонаҳо тасмим гирифтаанд, ки то мўҳлати муайяншуда, 1 октябр ин чорабиниҳоро  пурра иҷро менамоянд.

            Нисбати ҳашт моҳи соли гузашта талафоти барқ (хараҷоти технологӣ), ки 19,3 фоизро ташкил медод, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ то 17,7 % кам карда шудааст, ки он 255.3млн.квт соатро ташкил мекунад, вале ин хам ба талаботи имруза чавобгу набуда, зарур аст, ки бахри кам намудани талафоти барк дар шабакахои баркии пойтахт  аз ҷониби корхонаи мазкур дар якҷоягӣ бо ШСХК «Барқи Тоҷик» бояд чораҳои комплексӣ (технологӣ, техникӣ-ташкилӣ ва ѓайра) дар ҳамкорӣ бо Раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе андешида шаванд.

            Дар соҳаи газтаъминкунӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Душанбегаз» масъалаи ҷамъоварии маблаѓҳо ҳамчун камбудии асосӣ дар ин соха боқӣ мондааст. Ҷамъоварии маблаѓи интиқоли гази табиӣ дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 92,6 фоиз, аз ҷумла аз аҳолӣ танҳо 67,1 фоизро ташкил намуд. Дар ин ҷо ҳатман бояд қайд намуд, ки дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли гази табиӣ – 1621,5 ҳаз. м3-ро ташкил намуд. Ба аҳолӣ бошад ҳамагӣ – 339,9 ҳаз.м3 гази табиӣ интиқол гардид, ки нисбати ҳашт моҳи соли гузашта  10 маротиба камтар мебошад.

        Зиёда аз ин, дар санаи 10 августи соли 2010 аз миқдори умумии муштариён (108508 адад) танҳо ба 432 муштарӣ (0,4 %) гази табиӣ интиқол дода шудааст.

          Ин масъала бояд аз ҷониби роҳбарияти корхонаи мазкур ва сохтори болоии он - ҶСК «Тоҷиктрансгаз»  мавриди баррасӣ ва чораҷўӣ қарор дода шавад. Зеро интиқоли гази табиӣ дар мавсими зимистони пешоянд зери суол мебошад ва аз ин сабаб тамоми серборӣ ба системаи барқтаъминкунии шахр рост меояд.

         Вобаста ба ҳолати ҷойдошта дар ин корхона Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз» фавран  ҷиҳати мўътадилгардонии фаъолияти истеҳсоливу иқтисодӣ, иҷтимоиву молиявии зерсохтори худ - ҶСШК “Душанбегаз” чораҳои таъхирнопазир андешида,  оид ба пешниҳоди гази табиӣ ба истеъмолкунандагони пойтахт дар мавсими зимистон тадбирҳои заруриро амалӣ созад.

Дар соҳаи гармитаъминкунӣ  дар мавсими тирамоҳу зимистони пешоянд таъмини Маркази барқу гармидиҳӣ бо сўзишворӣ  - гази табиӣ - 130 млн м3, мазут - 30 ҳазор тонна  пешбинӣ гардидааст. Аз рўи ҳаҷми сўзишвории мазкур иқтидори истеҳсолӣ гармӣ 135 Гкал/соат барои Муассисаи шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, ки он барои гармитаъминкунии 715 иншоот (аз ҷумла - 539 хонаи истиқоматӣ, 68 адад муассисаи маорифу тандурустӣ ва 108 адад дигар иншоотҳо) кифоягӣ менамояду халос. Иҷроиши ин нақша  шубҳанок мебошад, зеро солҳои охир нақшаи хариди сўзишвории гази табиӣ аз ҷониби ШСХК “Барқи Тоҷик”  иҷро нагардидааст. То имрўз захираи мазут 15,1 ҳазор тоннаро ташкил менамояд.

ШСХК “Барқи Тоҷик” оиди иҷрои нақшаи хариди маводи сўзишворӣ барои эҳтиёҷоти Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе дар ҳаҷмҳои бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №212 аз 3 майи соли 2010  («Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011»)  тасдиқгардида (мазут – 30 ҳазор тонна, гази табиӣ – 130 млн м3) бояд чораҳои зарурӣ андешад.

       Муассисаи Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе дар мавсими пешорў гармитаъминкунии 21 иншоотҳои иҷтимоиро тавассути 12 дегхонаи автономӣ бо иқтидори 19,2  Гкал/соат таъмин хоҳад кард.

            Дар самти таъминоти пойтахт бо оби нушокӣ ва хизматрасонии корезӣ  Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе»   вазифадор гардид, ки ҷиҳати ҳалли масъалаҳои зидахл бо заводи кимиёи Ёвон оиди харидорӣ намудани хлори моеъ ва аз шаҳри Толяттӣ харидорӣ кардани миқдори зарурии коагулянт чораҳои фаврӣ андешад.

Проблемаи асосии фаъолияти корхона, ин бениҳоят сатҳи баланди талафоти оби истеҳсолшуда мебошад.

Сабабҳои асосии талафоти зиёд – ин пеш аз ҳама истифодаи ѓайриоқилонаи оби нушокӣ аз ҷониби истеъмолкунандагон ва талафоти технологӣ бинобар сабаби фарсуда гаштани шабакаи обтаъминкунӣ мебошад.  

   Роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези шаҳри Душанбе» муваззаф шуд, ки захираи маводҳои кимиёвии обсофкунӣ (коагулянт) ва безараргардонии (хлор) оби нўшокиро дар ҳаҷмҳои тасдиқгардида амалӣ намояд ва оиди кам намудани талафоти оби нўшокӣ чораҳои комплексӣ, пеш аз ҳама доир ба васл намудани обченкунакҳо ба муштариён чораҳо  андешад.

Дар бахши омодасозии фонди манзил ва муассисаҳои фарҳангу маориф ва тандурстӣ  бамавсими пешорў корҳои нақшавӣ бо пуррагӣ ба анҷом расонида шуд ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳар кадоми онҳо аз ҷониби ситоди зимистонгузраонии шаҳрӣ ба роҳ монда шудааст.         

            Бо хулоса аз ҳисобот ва натиҷагирӣ аз ҷараёни омодагиҳо ба мавсими пешорў Маҳмадсаид Убайдуллоев ба тамоми сохторҳои масъули хизматрасонӣ новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ  дастур фармуд, ки иҷроиши нақшаву ўҳдадорирҳои тасдиқгардидаро комилан  таъмин созанд.

Дар робита ба тақвияти корҳои таҷдид дар дегхонаи Ѓарбии Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ки бо ташаббуси шаҳрдорӣ  фаъолияти он бо сўзишвории композитии моеи ангиштӣ аз ҷониби ШСКХ “Барқи Тоҷик” ба роҳ монда мешавад ва дар татбиқи ин лоиҳа Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе соли 2008 бо назардошти аҳамияти он барои аҳолии шаҳр ҳамчун пешпардохти музди хизматрасонӣ 4 млн сомонӣ ҷудо карда буд, зимни гузориши муовини аввали раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Баҳром Азимов, ки ширкати мазкур барои аз 1 октябр шурўъ намудан  ба насби таҷҳизот дар ин дегхона ба маблаѓи 13 млн. сомонӣ танқисӣ мекашад, қарор гардид, ки тибқи тартиби қаблӣ 50%-и ин маблаѓ аз ҳисоби буҷети шаҳр пардохт карда мешавад.

Тибқи масъалаи дуюми рўзнома вакилон ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе  Раҳматулло Таваровро оид ба иҷрои «Барномаи комплексии рушди сохтмони манзил дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2007-2015» шуниданд.

Зикр гардид, ки амалисозии Барномаи рушди сохтмони манзил дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2007-2015 чунин натиҷа хоҳад дод, ки дар тўли солҳои фарогир  нисбати соли 2005 афзоиши ҳаҷми сохтмони манзил то 25 маротиба, ба истифода додани фондҳои асосӣ умуман бо дарназардошти инфракструктураҳои ёрирасон 31 маротиба, ҳаҷми маблаѓгузориҳо дар соҳаи сохтмон то 50 маротиба боло рафта, тавлиди ҷойҳои кори нав дар соҳа дар соли 2015 нисбати соли 2005 – то 4.5 маротиба зиёд, ё ба  26 ҳазор нафар баробар хоҳад гашт.

Тибқи иҷроиши Барнома  бо мақсади эҳё намудани манзили кооперативӣ аз ҳисоби саҳмгузории шахсони воқеъиву ҳуқуқии ватанӣ дар назди Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе сохтори алоҳида таъсис дода шудааст, ки рўзҳои наздик ду бинои 9 ошёнаи истиқоматӣ бо истифода аз ин усул мавриди истифодабарӣ қарор хоҳанд гирифт.

Новобаста аз дастовардҳо,  дар ин давра ҷалби сарчашмаҳои маблаѓгузории Барнома аз қабили маблаѓҳои муттамаркази ҷумҳуриявӣ, қарзҳои бефоиз аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои сохтмони манзили иҷтимоӣ, маблаѓҳои муттамарказ барои сохтмони коммуникатсияҳои муҳандисии берунии иншоотҳо ва манзил то майдони сохтмонӣ (то чоҳи якум) ва қарзҳои имтиёздор (ипотекӣ) ҳаллу фасли худро наёфтаанд.

Дар иҷлосия баҳри татбиқи воқеии Барнома ва ташкили заминаҳои молиявии рушди сохтмони манзилҳои иҷтимоӣ аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев пешниҳод гардид, ки Бонки саҳомии шаҳрӣ оид ба маблаѓгузории сохтмон бо фонди оинномавии 50 млн $ таъсис дода шавад, ки аз тарафи вакилон якдилона дастгирӣ ёфт.

Дар ин зимн муқаррар гардид, ки бо  50% -и маблаѓгузорӣ Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳаммуассис хоҳад гашт.

Ҷиҳати лоиҳакашии биноҳои истиқоматии баландошёнаи иҷтимоӣ раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон ва ободонӣ Анвар Абдурасулов  вазифадор гардид, ки бо истифода аз потенсиали устодону донишҷўёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ  лоиҳаҳои алтернативиро таҳия сохта, тавассути рўзномаҳои «Паёми Душанбе»  ва «Вечерний Душанбе» барои муҳокимаи ҷамоатчигии пойтахт нашр намояд.  Дар сурати қобили қабул пазируфта шудани онҳо шаҳрдорӣ омода аст тамоми масрафоти онро пардохт созад.

Ҳамзамон ба масъулин дастур гашт, ки масъалаи сохтмон дар маҳаллаи «Ховарон»-ро   зери назорати қатъӣ қарор дода,  баҳри дар асоси муқаррароти ҷорӣ мусоидат намудан ба рушди сохтмони манзилҳои истиқоматии индивидуалӣ Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе муваззаф  карда шуд, ки номгўи минтақаҳои тибқи Нақшаи генералии шаҳр ҳамчун минтақаи маскунӣ нигоҳдошташавандаро то 1 январи соли 2011 мушаххас сохта, онро ҷиҳати тасмимгирии шаҳрвандон тариқи воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ дастраси аҳли ҷамоатчигӣ гардонад.

Дар иҷлосия ҳамчунин «Барномаи рушди соҳаи маорифи шаҳри Душанбе  барои солҳои 2011-2015» тасдиқ гардида, ба Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе № 193-20 аз 24 декабри соли 2009 «Дар бораи Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе  Маҳмадсаид Убайдуллоев  «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар 11 моҳи соли 2009, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳрӣ ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2010 ва иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2008» таѓйирот ворид карда шуд.

Ҳамзамон вакилон тибқи масъалаи навбатии рўзномаи иҷлосия дар робита ба ҳифз, нигахдошт ва истифодаи моликияти коммуналӣ нисбати моликияти коммуналии дар ҳудуди Корхонаи фаръии бозори «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе қарори дахлдор қабул намуданд, ки манти комили он дар рўзномаҳои «Паёми Душанбе»  ва «Вечерний Душанбе» интишор карда хоҳанд шуд ва чунин тадбир нисбати дигар бозорҳои зертобеи КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» низ ояндаи наздик татбиқ хоҳад гашт.

Маҷлиси вакилони халки шаҳри Душанбе бинобар сабаби ба кори доимӣ берун рафтан аз ҳудуди марзию маъмурии Ҷумҳури Тоҷикистон ваколати вакил аз ҳавзаи интихоботии №1 Мансурова Фарида Ҳомидовнаро қатъ намуда, муқаррар  сохт, ки тибқи моддаи 48 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихобот ба Маҷлисҳои   маҳаллии вакилони халқ» дар ҷои вакили хориҷшуда интихоботи нав дар санаи 26 декабри соли 2010 баргузор карда шавад. Бо ин мақсад Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихобот ба Маҷлиси вакилони халки шаҳри Душанбе ташкил карда шуд.

Ҳамзамон иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халки шаҳри Душанбе даъвати чорум дар робита ба маҳкумсозии ҳодисаҳои нангини 19 сентябри соли 2010 дар дараи Камароби ноҳияи Рашт ба вуқўъ пайваста  ва дастгирии маънавию молиявии оилаҳои сарбозони аз шаҳри Душанбе дар ин воқеа қурбонгардида қарори дахлдор қабул намуд.

Аз ҷумла дар он чунин омадааст:

- Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе кирдори нангину нифоқовар ва разилонаю ноҷавонмардонаи 19 сентябри соли 2010 дар дараи Камароби ноҳияи Рашт аз ҷониби афроди хоину ватанфурўш, ки бо нотавонбинии хеш ва истифодаи зархаридони палид баҳри халалдорсозии суботи минтақа содиршударо, ки боиси  ѓўрамаргшавии 25 тан аскарону афсарони вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ гардид, қотеъона маҳкум намуда, ба пайвандону наздикони қурбониён бо тасаллият сабри ҷамил мехоҳад.

           Бо исрор таъкид менамояд, ки кирдори алайҳи ваҳдати миллӣ ва оромиву ҳамзистии осоиштаи сокинони мамлакат тарҳрезию амалигардида, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад ягонагии мардумро дар ҳифзи муқаддасоти олӣ – СУЛҲ ва РИЗОЯТИ МИЛЛӣ, ки тавассути он бо сарварии Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворона самт ба роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона пеш гирифтааст, осебпазир созад.

         Мўътақид бар он аст, ки дар вазъияти ҷойдошта тамоми институтҳои шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои фаъоли ҷамъиятӣ бо истифода аз хиради азалӣ ба ҳар гуна дасисаву ивѓоангезиҳои душманони ватани беназирамон бо зиракии сиёсию ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳсоси беандозаи меҳандўстӣ муносибат карда, намегузоранд, ки раванди созандагиҳо дар таваққуф бошад.

 Мо, бо такя ба потенсиали  аҳли ҷамоатчигии пойтахт ва тамоми  нерўҳои равшанфикру меҳансози кишвар даъват ба миён меорем, ки новобаста аз эътиқоди динӣ ва вазъи иҷтимоӣ  алайҳи махлутшавии фазои иттилоотӣ, роҳёбии ѓояҳои манфуру нуқсофари арзишҳои миллӣ дар садоқат ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истодагарии мавқеъ ва ҳуввияти ватанхоҳона  муттаҳид гардида, расонидани дасти ёрӣ ва бо ѓамхориҳо фаро гирифтани  оилаҳои талафёфтаро вазифаи шаҳрвандӣ донем.

Дар ҳамин рўҳияи баланди ватанпарастӣ Маҷлиси вакилони халқи шаҳри  шаҳри Душанбе нисбати дигар масъалаҳои рўзномаи иҷлосия қарорҳои дахлдор қабул намуда, ба кори худ анҷом бахшид.