Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 January 2016

Таҳлили вазъи компютеркунонии 140 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр нишон медиҳад, ки дар соли 2015 муассисаҳои зикрёфта бо 4260 адад компютер таъмин  буданд, ки ба 15,8 нафар хонанда як компютер рост меояд. Аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе дар моҳи декабри соли 2015-ум 2000 компютер харидорӣ карда шуд, ки иҷроиши пурраву босифати Барномаи давлатии компютеркунониро таъмин намуд.

Бояд зикр сохт, ки ин навбат бо иқдоми Раиси шаҳри Душанбе барои муассисаҳои таълимии шаҳр 2000 адад компютерҳои ҳозиразамон – моноблокҳои тамғаи  Acer харидорӣ ва дастрас карда шуданд, ки  иҷроиши барномаро дар шаҳр 125,6% ташкил намуд ва  акнун ба 11,9 нафар хонанда як компютер рост меояд.  

Ширкати Acer яке аз бузургтарин ширкатҳои истеҳсолкунандаи компютер, проектор, смартфон ва дигар таҷҳизоти техникӣ барои муассисаҳои таълимӣ дар ҷаҳон эътироф гардидааст. Дар рейтинги ҷаҳонии истеҳсолкунандагони васоити техникӣ барои муассисаҳои таълимӣ пас аз ширкатҳои Apple, Lenovo дар мақоми севвум қарордорад. 

Айни замон ба ширкати  Acer чор бренди машҳури ҷаҳонӣ  Acer, Packard Bell, Gateway ва Machines тааллуқ дорад. Қароргоҳи ширкати мазкур дар шаҳри Тайпейи кишвари Тайван қарор дошта, намояндагӣ ва корхонаҳои истеҳсолии он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ҷойгири шудаанд. Маҳсулоти ширкати мазкур дар миқёси давлатҳои ИДМ нуфузи муаяйни худро пайдо намудааст. 

Моноблокҳои барои муссисаҳои таълимии шаҳри Душанбе харидорӣ кардашудаи ин ширкат намуди Aсer Aspire  Z1-623 бо протсесори Intel Core I3  мебошад.

 Бояд тазаккур дод, ки протсесорҳои Intel Core I3 аз наслҳои нави протсессорҳои муосир ба ҳисоб рафта, он аз протсессорҳои Intel Pentium IV ба куллӣ фарқият дорад. Аз ҷумла, ин насли протсессорҳо дорои системаи бисёрядрогӣ буда, бо зудкорӣ ва коркарди бештари амалҳо дар як вақт аз дигар протсессорҳо афзалият дошта, дар низоми маорифи ҷумҳурӣ истифодаи таври васеи он  феълан танҳо насиби мактабиёни пойтахт гардидааст. 

Албатта, ин туҳфаи солинавии шаҳрдорӣ барои мактабиёни пойтахт маҳсуб ёфта, аз онҳо танҳо тақозо карда мешавад, ки донишҳои замонавиро хуб азбар карда, бо ахлоқу рафтори намунавӣ дар пешрафти шаҳр саҳмгузор бошанд.