Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 January 2016

18 январи соли 2016 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» ҷаласаи  натиҷагирӣ оид ба фаъолияти сохторҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, корхонаю ташкилот, субъектҳои соҳибкорӣ ва муассисаҳои шаҳр  дар соли 2015 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа ҷонишинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳрӣ, сохторҳои марбутаи шаҳрию ноҳиявӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд ва соҳибмулкони корхонаю идораҳои дахлдор даъват гардида буданд.  

            Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, аз ҷумла зикр сохт, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри  таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ,  дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус истеҳсолӣ ва  дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва дарёфти манбаъҳои иловагии андозу пардохтҳо, бо истифода аз имкониятҳои ҷойдошта, дар соли ҳисоботӣ иҷроиши нишондодҳои асосии иқтисодию иҷтимоиро таъмин намуд.

Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар соли сипаригардида, тибқи маълумотҳои пешакӣ  9,5 млрд. сомониро ташкил дод, ки ба ҳар як нафар  аҳолӣ зиёда аз 11900 сомонӣ рост меояд ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти  саноатӣ  дар сатҳи 110,0 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ – 117,9 фоиз ва  савдои чакана – 104,0 фоиз  таъмин гардиданд.

Аз 76 намуди маҳсулоти муҳимтарини саноатӣ дар соли 2015 истеҳсоли 45 номгӯй афзуда, новобаста аз ин истеҳсоли 26 номгӯй кам гардидааст ва 5 номгӯй: коркарди дуюмдараҷаи алюминий, бастабандии намаки ошӣ, молҳои сахти чармӣ, мусалласи ангур ва папиросу сигарет умуман истеҳсол нашудааст.

Бо инобати ҳолати ҷойдошта, Маҳмадсаид Убайдуллоев баҳри ислоҳи вазъ ба масъулини соҳа ва роҳбарони корхонаҳои мавриди таваҷҷӯҳ то нимсолаи аввали соли 2016 ва барои пардохти қарзҳои андозӣ ба корхонаҳои партовкашонии ноҳияҳои шаҳр ва КВД “Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе” то 1  апрели соли ҷорӣ муҳлат муқаррар намуд.

Дар ҷаласа зикр гашт, ки дар соли ҳисоботӣ ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба беш аз 3,25 млрд. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2014-ум 530,9 млн. сомонӣ ё  17,9 банди  фоизӣ  зиёд аст ва аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 174865 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд, ки нисбати соли 2014-ум 24675 метри мураббаъ  ё 16,4 фоиз  зиёд мебошад.

Ба воситаи 4 корхонаи коммуналии нақлиётии шаҳрӣ ва 19 ҷамъияти хусусӣ айни замон дар 92 хатҳои сайр ҳамарӯза ба миқдори миёна 212 адад автобус, 63 адад троллейбус, 55 адад микроавтобус ва зиёда аз 2100 адад воситаи нақлиёти мусофирбари сектори хусусӣ ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғуланд ва бо ҳама намуди нақлиётҳои мусофиркашонӣ 258,9 млн. нафар  мусофир кашонида шудааст, ки ин ба 100,9 фоизи соли 2014 баробар аст.

Новобаста аз ин, Маҳмадсаид Убайдуллоев афзуд, ки масъалаҳои ҳалталаб дар соҳаи нақлиёти мусофиркаш ин пеш аз ҳама сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, кам кардани анбӯҳи воситаҳои нақлиёт дар хатҳои сайр, беҳтар намудани вазъи техникӣ ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо мебошанд ва масъулини соҳа бояд бетаъхир ва пайваста баҳри ҳаллу фасл намудани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

            Ҳамзамон зикр гардид, ки дар соли сипаригардида  аз ҷониби Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» дар 23 иншооти роҳсозӣ, ки  дарозии роҳҳо 32,44 км ва масоҳаташон 754314 м2-ро ташкил медиҳад,   беш аз 191,9  млн сомонӣ маблағ аз худ карда шуда, дар 13 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 13,86 км ва масоҳати 246710 м2 корҳо бо маблағи 79472,2  ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида, ба маблағи зиёда аз 165,4 млн сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуданд.

Аз тарафи раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр бошад 404,1 км роҳҳо бо масоҳати 245945 м2, бо маблағи 23,3 млн сомонӣ таъмири ҷорӣ карда шуданд, ки аз ин миқдор дар соли ҳисоботӣ аз ҳисоби сафарбар намудани 100 фоиз маблағҳои барзиёди буҷети ноҳияҳо барои таъмири ҷории роҳҳои дохили маҳаллаву шаҳракгузар ва пиёдаравҳо  аз ҷониби раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансур 17,4 км бо масоҳати 106833 м2, ба маблағи  беш аз 11,6 млн сомонӣ таъмир карда шуд.

Дар самти беҳбуд бахшидани ҳолати роҳҳои автомобилгарду пиёдарави дохили шаҳраку маҳаллагузар бо ташаббуси бевоситаи шаҳрдорӣ аз ҷониби ташкилотҳои роҳсозӣ ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ тариқи эҳсонкорӣ дар масофаи 15,94 км, бо масоҳати 19319 м2, ба маблағи умумии 5057,9 ҳазор сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шуданд.

Қобили зикр мебошад, ки соли ҷорӣ низ оид ба сафарбар кардани маблағҳои буҷетӣ ва эҳсонкории шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва ҷалби васеи аҳли ҷамоатчигӣ дар ин ҷода тадбирҳои мушаххас  амалӣ карда хоҳанд шуд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа бо дарназардошти то соли 2020 тамдид гардидани  фазои дигаргунсозиҳои куллии инфрасохторӣ ва татбиқи муттасили он дар шаҳр,  масъулин муваззаф карда шуданд, ки инвентаризатсияи сартосарии 1081 км роҳҳои шаҳрро комилан ба итмом расонанд.

Баҳри  тақвияту тавсеаи тадбирҳо оид ба таъмири роҳҳои автомобилгарду пиёдарави дохили шаҳраку маҳаллагузар ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ, аз ҷониби Раиси шаҳр дастур дода шуд, ки илова ба корҳои нақшавӣ, дар ҳар як ноҳияи шаҳр  дар соли ҷорӣ 25 километрӣ  роҳҳои дохили маҳаллаю шаҳракҳо таъмир карда шаванд.

Илова бар он, дар ҷаласа барои мақсаднок сафарбар кардани потенсиали аҳли ҷамоатчигӣ дар идомаи ободонии роҳҳои дохилишаҳраку маҳаллагузар қарор гардид, ки имкониятҳои воқеии сохторҳою сокинон ва соҳибкорон, роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии шаҳр - 145 шӯрои шаҳраку маҳалла ва 157 сохторҳои идоракунии хонаҳои бисёрошёнаю бисёрхонагӣ бо инобати роҳандозӣ кардани фаъолияти оммавии эҳсонкорӣ дар таъмири ҷорӣ намудани роҳҳои пиёдагард ва бо тарҳрезии амиқ таҳия намудани нақшаи муфассали корҳои сазбкорӣ, чаманзоркунӣ, дарахтшинонӣ ва таъмири намои биноҳоро дар ҳудуди марзии маҳаллаю шаҳракҳо то 1 феврал дақиқ ба нақша гирифта, ҷиҳати пайгирона амалӣ намуданашон аз ҷониби онҳо тадбирҳои судманд андешида шаванд.

Дар ҷаласа иброз гардид, ки тавассути мавриди истифодабарӣ қарор додани фондҳои асосӣ  ва баланд бардоштани иқтидорҳои   истеҳсоливу   хизматрасонии   мавҷуда  соли ҳисоботӣ дар корхонаю муассисаҳои шаҳр 32000 ҷои корӣ, аз ҷумла ҷойҳои кории доимӣ 16537, муваққатӣ 13947 ва мавсимӣ 1516 ҷой таъсис ва барқарор карда шуд, ки ин 104,9 фоизи нақшаи Барномаи солонаро ташкил медиҳад.

         Таъкид шуд, ки дар соли 2015 нақшаи контингенти умумии даромадҳо (бе назардошти андози иҷтимоӣ)  102,1 фоиз ва ба маблағи 2 001,1 млн. сомонӣ иҷро карда шуд, ки нисбати нақша 40,5 млн. сомонӣ ва нисбати соли 2014-ум ба маблағи 220,1 млн. сомонӣ зиёд буда, нақшаи қисми даромади Буҷети шаҳри Душанбе аз рӯи воридоти андозҳо 105,1 фоиз иҷро  гардида, ба ҷойи   1 миллиарду 274,8 млн. сомонии нақша ба буҷет 1миллиарду 339,4  млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 78,5 млн. сомонӣ ва нисбат ба соли 2014-ум 85,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

         Мутаассифона, маблағи бақияи қарзи андозҳо ва пардохтҳо ба санаи  1 декабри соли 2015-ум гарчанде нисбат ба 1 январи соли 2015-ум ба маблағи 2,9 млн. сомонӣ кам гардида бошад ҳам, бештар аз 58 млн сомониро ташкил медиҳад.

 Нисбати таҳлили вазъи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр дар соли 2015 зикр гашт, ки онҳо бо 5664 адад компютер таъмин  гардиданд, ки ба 11,9 нафар хонанда як компютер рост меояд ва иҷроиши Барномаи давлатӣ 125,6  фоизро ташкил медиҳад.  Қобили зикр мебошад, ки ин нишондод маҳз дар моҳи декабри соли 2015-ум аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе харидорӣ  намудани 2000 адад компютерҳои ҳозиразамон – моноблокҳо  муяссар гардид.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе дорои 112234 адад ҷойи нишаст мебошанд ва коэффитсенти  ба бастҳо фаро гирифтани хонандагон 1,61-ро ташкил мекунад ва соли ҷорӣ 3840 ҷойи нишасти иловагӣ ба истифода дода хоҳад шуд.

            Дар соли ҳисоботӣ бори аввал дар соҳаи маорифи шаҳр дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №100, дорои 740 ҷойи хонанда ва кӯдакистони хусусии  ҶДММ “Контент-инвест”, дорои 150 ҷой, воқеъ дар  ошёнаи аввали бинои баландошёнаи хиёбони Рӯдакӣ-10 Маркази идоракунӣ ва назорати ҷамъиятии интерактивӣ ташкил карда шуд, ки бо охирин техникаи рақамӣ муҷаҳҳаз шудааст ва соли 2016 он пайваста дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кӯдакистонҳои шаҳр ба роҳ монда  мешавад.

           Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамзамон зикр намуд, ки масъалаи солимгардонии ҷомеа ва бо варзиш фаро гирифтану ташкили инфраструктураҳои варзишӣ, қабл аз ҳама дар сатҳи шаҳраку маҳаллаҳо, мавриди таваҷҷуҳи доимии шаҳрдорӣ қарор доранд ва ба ҳолати 1 январи соли 2016-ум  637 иншооти гуногунтаъиноти варзишӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо 43250 нафар варзишгарон ба машғулиятҳои доимии варзишӣ фаро гирифта шудаанд.

Дар соли ҳисоботӣ тибқи Қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар гиромидошт ва волояти қонун, густариши эҳсоси ватандӯстӣ, пешгирии амалҳои ифротгароӣ ва экстремизми динӣ ва эмин нигоҳ доштани зеҳну афкори ҷомеа аз андешаҳои носолиму иртиҷоӣ, бо ҷалби васеи роҳбарони сохтору идораҳои марбутаи дар марзи шаҳр фаъолиятдошта, олимону донишмандон ва мутахассисони ботаҷриба дар самти ҳифзу ҳимояи арзишҳои миллию давлатӣ, ректорону директорони донишгоҳу донишкада ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва дигар донишмандону кормандони шоиста, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳо ва масъулони сохтору идораҳои шаҳри Душанбе, дар маҷмӯъ иборат аз 315 нафар, 45 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, миёни сокинони тамоми шаҳраку маҳалла ва кормандони корхонаву идораҳои пойтахт вохӯриҳо доир намуданд.

           Аммо новобаста ба ин, иброз дошт Раиси шаҳр, ки фаъолияти анҷомдодаамон то ҳол нигаронкунанда боқӣ монда, зиёдаравиҳо дар баргузории маъракаҳои марбут ба расму оин ва адои фаризаҳои динӣ ба мушоҳида мерасанд, ки бознигарии фаъолият ва таъмини ҳар чи бештари волоияти қонунро дар ин самт тақозо менамояд.

Таҳлили  амиқи рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва самтҳои дигари фаъолияти сохторҳои марбута аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дастовардҳоямон, зикр намуд Раиси шаҳр, ҳанӯз ҳам ба пурагӣ ба талаботҳои роҳбарияти шаҳру аҳли ҷамоатчигии он ҷавобгӯ намебошанд, зеро ҷараёни босуръати тараққиёти замони муосир ҳамарӯза усулу меъёрҳои сифатан нави сатҳи фаъолиятро тақозо менамояд.

Аз ин лиҳоз, бо дарназардошти муҳиммияти соли 2016 – соли ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид намуд, ки  шаҳрдорӣ  барномаҳои мушаххасро тибқи қарорҳои дахлдори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз 24 декабри соли сипаригардида баҳри комёб гардидан ба дастовардҳои нав дар соли ҷорӣ дар ҳама самтҳо  қабул ва тасдиқ намуд, ки дар татбиқи онҳо аз ҳамагон масъулияти бештар ва касбияти хоса тақозо карда мешавад.

Ҳамзамон, афзуд Раиси шаҳр, ки дар марҳилаи нави созандагӣ зарур аст, ки ҳар як сокини шаҳр муносибат ва тафаккурашро дар кору зиндагӣ ва пешбурди ҳаёти шаҳрдорию ҷамъиятӣ комилан дигар созад. Танҳо дар сурати дархуднигарии камбудиҳо, рафъи муносибати бетарафӣ, расидан ба қадри меҳнати дигарон  ва дар замири якдигар бедор кардани эҳсоси бесобиқаи шаҳрдӯстию ватанпарастӣ мо метавонем нақшаҳои тарҳрезикардаамонро дар роҳи ободонии шаҳр ва фароҳам овардани шароити арзанда барои инкишофи озодонаи сокинон амалӣ намоем.

Дар ҷаласа қарор дода шуд, ки вобаста ба талаботу ҳалли мушкилоти шаҳрдорӣ нисбати интихобу ҷобаҷогузории раисони шӯрои шаҳраку маҳаллаҳо воқеъбинона, куллан таҷдиди назар бояд намуд. Ба ин вазифаҳои ҷамъиятии масъулиятноку ифтихорманд кадрҳои ҷавону мутахассисони болаёқат ва шахсони ботаҷрибаю рӯзгордида интихоб карда шаванд, то нерӯи созандаю фаъолияти самарабахши худро ба манфиати ҷомеа сафарбар намоянд. Маъракаи интихоб ва ҷобаҷогузории онҳо бояд то 1 апрели соли 2016 аз ҷониби раисони ноҳияҳои шаҳр ба анҷом расонида шавад.

Инчунин, ба дастгоҳи Раиси шаҳр ва шуьбаи таҳлилию иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дастур гардид, ки баҳри комёб гардидан ба дастовардҳои нави созандагию бунёдкорӣ, рушди муттасили иқтисодию иҷтимоӣ, тақвияту тавсеа бахшидан ба дигаргунсозиҳои куллии инфрасохторию баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳо ва таҳкими фарҳанги шаҳрнишинию шаҳрдорӣ дар соли ҷорӣ, бо истифода аз имкониятҳои васеи сомонаҳои www.dushanbe.tj, www.mometavonem.tj, www.bemiyonaravho.tj ва сомонаҳои иҷтимоӣ илова ба саҳифаҳои амалкунандаи “Ман душанбегӣ”  порталҳои нави “Оё Шумо зарурати бознигарии фаъолияти худро дар соли ҷашни беназир дар пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии пойтахт дарк намудаед?” ва “Оё Шумо  шаҳрро бештар дӯст медоред ва баҳри  боз ҳам ободу зебо ва гулободтар намудани он чӣ кардаед ва чӣ мекунед?” таъсис дода, барои вусъату оммавӣ намудани ташаббусҳои бунёдкорона ва дарёфти таклифу пешниҳодоти креативӣ дар воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ аксияи сабқати созандагиро  на дертар аз 1 феврали  соли ҷорӣ эълон намоянд.

Дар интиҳо, Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҳамагон даъват ба миён овард, ки бо таъмини тавозуни ифтихормандӣ ва масъулиятшиносӣ аз сокини пойтахт будан дар соли 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ тамоми имкониятҳои мавҷуда ва нерӯи созандаи аҳли ҷомеаро барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон, боз ҳам ободу зебо гардонидани пойтахти Ватани маҳбубамон ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона равона  созанд.