Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 January 2016

23 январи соли 2016 баҳри вусъати корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳимми аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бунёдшаванда дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти садорати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа, Маҳмадсаид Убайдуллоев бо инобати дастуру раҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ дар соли 2015, бо иштироки масъулини соҳа ва институтҳои лоиҳакашӣ масъалаи аз рӯи меъёрҳои охирину муосири боғэҷодкунӣ таҷдид намудани гулгашти мавҷудаи кӯчаи Н. Ганҷавиро дар масоҳати 15 гектар замин матраҳ намуда, баҳри таҳияи лоиҳаи дархостшаванда аз Академияи илмҳои Ҷумҳурӣ хоҳиш ба амал овард, ки дар муҳлати 2 ҳафта Консепсияи дахлдорро нисбати масъалаи мазкур таҳия сохта, унвонии шаҳрдорӣ манзур намояд.

Идома бар он, ба Сарраёсати меъморию  шаҳрсозӣ ва Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе дастур гардид, ки дар ин муҳлат баҳри интихоби қитъаи замин дар ҳудуди кӯчаи С.Айнӣ ва қисмати шарқии шаҳраки Академикҳо оид ба дар сохтори Академияи илмҳои Тоҷикистон бунёд намудани мактаби инкишофи зеҳнӣ тадбирҳои судмандро анҷом диҳанд.

Дар ҷаласа, инчунин бо дахли масоили вусъатбахшии ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нахустин иншооти сатҳи меъёрҳои олимпию байналмилалӣ дар шаҳр - қасрҳои теннис барои 3000 ва намудҳои варзишии обӣ барои 2000 ҷойи нишаст бо дарназардошти таваққуфгоҳи зеризаминӣ, воқеъ дар кӯчаи Карамови шаҳри  Душанбе, таъкид гардид, ки нақшаи корҳои сохтмонӣ бо инобати риояи сифат ва меъёрҳои техникӣ аз ҷониби пудратчиён амалӣ карда шавад.

Ҳамзамон ба масъулин дастур дода шуд, ки нисбати мувофиқ ба талаботи Нақшаи генералии шаҳр дар ояндаи наздик пешбинӣ намудани бунёди иншооти варзишии қасрҳои волейбол ва баскетбол ҷиҳати интихоби қитъаҳои замини дахлдор корҳои пажӯҳиширо анҷом дода, унвонии шаҳрдорӣ пешниҳод ирсол созанд.