Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 January 2016

25 январи соли 2016 ҷаласаи  васеи корӣ  оид ба вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, сохторҳои марбута ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ аз ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2015 бар меоянд, таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев доир гардид.

Вобаста ба ин, дар ҷаласа Раиси шаҳр барномаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанберо оид ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва дигаргунсозиҳои инфрасохторӣ дар соли ҷорӣ,  ки 24 декабри соли 2015 аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва 18 январи соли ҷорӣ дар ҷаласаи ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар соли 2015 тасдиқ карда шуданд, бо дарназардошти татбиқ намудани нишондодҳои Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои муқаррарнамудаашон дар ҷаласаи зикршудаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ  барои соли 2016 мушаххас карда, роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрию ноҳиявӣ ва корхонаю муассисаҳои давлатиеро, ки муассисашон Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, муваззаф намуд, ки дар муҳлати як ҳафта нақшаи фаъолияташонро тарҳрезӣ ва пайвастаю пайгирона мавриди иҷро қарор диҳанд.

Ичунин дастур дод, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар гиромидошт ва волоияти қонун, густариши эҳсоси ватандӯстӣ, пешгирии амалҳои ифротгароӣ ва экстремистӣ, мубориза бо коррупсияю амалҳои ба он вобаста ва эмин нигоҳ доштани зеҳну афкори ҷомеа аз андешаҳои носолиму иртиҷоӣ, тавсеаю тақвияти фаъолияти тамоми сохторҳою аҳли ҷамоатчигии шаҳр дар ин самт, ба фаъолияти 45 гурӯҳҳои кории бо Қарорҳои марбутаи Раиси шаҳри Душанбе дар соли 2015 таъсисёфта, дар соли ҷорӣ ҷиҳати  доир намудани вохӯриҳои пайваста  бо сокинони тамоми шаҳраку маҳалла ва кормандони корхонаву идораҳои шаҳр идома дода шавад.

Гузашта аз ин, дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев масъалаҳои мубрами хоҷагидории шаҳр, аз қабили хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, таъминоти аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ бо оби нӯшокӣ, вусъати   татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаи обу корези Душанбе, сифати анҷоми корҳои сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳҳо дар шаҳр, бахусус роҳҳои пиёдагарду мошинрави дохилии маҳаллаю шаҳракҳо,  вазъи чароғонию мунавварсозии кӯчаву хиёбонҳо, ғановати бозори истеъмолӣ, ҳолати каналу селпартоҳо, татбиқи барномаҳои сабзкорию дарахтшинонӣ, беҳбудбахшии вазъи экологию санитарии шаҳр ва тибқи реҷаи муқарраргардида барориши саривақтии партовҳо ва таъмини навбатдорию насби камераҳои мушоҳидавӣ, азхудкунии маблағҳои сармоягузорию ба истифодадиҳии фондҳои асосӣ, истифодаи мақсадноки моликияти коммуналию маблағҳои буҷетӣ  ва назорати қарордодҳои молиявӣ оид ба хариди давлатӣ дар шаҳрро дар радифи тақвияти чораҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ оид ба таъмини риояи танзими расму оин, пешгирӣ аз зиёдаравиҳо дар ин ҷода, инчунин пурзӯр намудани корҳои оммавию тарғиботӣ, беҳбудбахшии сатҳи хизматрасонӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, мавриди баррасӣ қарор дода, ба масъулин дастуру супоришоти мушаххас ироа намуд.

Дар идома бар он, Раиси шаҳр ҳолати зимистонгузаронӣ ва аз рӯи имкониятҳои сохторҳои зертавозуни ШСХК «Барқи Тоҷик» дар мавсим бо нерӯи барқ ва гармӣ таъмин намудани иншооти шаҳрро ба риштаи таҳлил кашида, раисони ноҳияҳои шаҳр ва сохторҳои марбутаи соҳавиро вазифадор намуд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибмулкони манзилҳои биноҳои истиқоматии бисёрошёнаю баландошёна, бо дарназардошти  то охири соли ҷорӣ ба истифода додани иқтидорҳои нави истеҳсоли энергияи гармӣ тавассути навбати дуюми Маркази барқу гармиистеҳсолкунӣ, ҳолати кунунии системаҳои гармиқабулкунию гармитаъминкунии ҷойдоштаро таҳқиқ ва баҳри омодасозии  хатҳои муҳандисии дохили биноҳо то мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 чораҳои мушаххас андешанд.

Дар ин росто, муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе Шакарбек Самадов вазифадор гардид, ки то 1 апрели соли 2016 бо инобати натиҷаҳои зимистонгузаронии ҷорӣ, нақшаҳои муфассали омодасозии воқеии фонди манзил, бинову иншооти иҷтимоию маъмурӣ ва хизматрасониро дар шаҳр таҳия намуда, лоиҳаи Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанберо бо мувофиқаи тамоми сохторҳои масъулиятдор  барои тасдиқ манзур намояд.

Ҳамзамон, Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласа масъалаи сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ ва аз ҷониби зерсохторҳои ШСХК “Барқи Тоҷик” пурзӯр кардани назорати пардохти ҳаққи барқро аз ҷониби дилхоҳ субъекти барқистифодабаранда махсус таъкид сохта, ҳамзамон оиди густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ  бо истифодабарандагони қувваи барқу энергияи гармӣ баҳри дарки фарҳанги истеъмолӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносию ватандӯстӣ ба масъулин дастур дод, ки тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд.

Дар ҷаласа, Раиси шаҳр бо муҳиммияти соли 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ  аз ҳамагон даъват ба миён овард, ки бо аз байн бурдани рӯҳияи бетарафӣ, тамоми имкониятҳои мавҷуда ва нерӯи созандаи аҳли ҷомеаро барои баланд бардоштани сатҳи фарҳанги шаҳрнишинию шаҳрдорӣ ва ба шаҳри имконоту ибтикороти бесобиқа табдил додани Душанбе  равона  созанд.