Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 February 2016

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 574 аз 28 декабри соли 2015

 

Дар бораи ба маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) гузаронидани муассисаҳои давлатии таълимии томактабии шаҳри  Душанбе

 

    Бо мақсади  иҷрои Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  №627 аз 2 ноябри   соли 2015 «Дар бораи ба маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) гузаронидани муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 55 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

 1. Аз 1 январи соли 2016  муассисаҳои давлатии таълимии томактабии шаҳри Душанбе, ҳамчун минтақаи озмоишӣ, ба тартиби нави маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) гузаронида шаванд.

 2. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе: Сино (Ализода С.А.), Шоҳмансур (Сиёмардзода С.), Исмоили Сомонӣ (Қурбонов А.Ҷ.),  Фирдавсӣ (Табарзода Ҷ.А.)  ва Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе  (Кенҷаев Д.М.)  дар буҷети маҳаллӣ  барои соли 2016 ва солҳои минбаъда маблағгузории муассисаҳои давлатии таълимии томактабиро тибқи тартиби муқарраргардида, дар асоси меъёрҳои ҳаддиақалӣ ва коэффитсиентҳои махсуси тасдиқшуда, амалӣ гардонанд.

3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе рафти иҷрои Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба таври васеъ инъикос намояд.

 4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе  Мақсудзода Ш. ва Лангариева Ҷ. С.  гузошта шавад.                                         

М. УБАЙДУЛЛОЕВ