Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 February 2016

8 феврали  соли 2016 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи  кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили мубрами ҳаёти хоҷагидории шаҳр бо иштироки васеи муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо ва муовинони онҳо,  роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ, масъулини сохторҳо, раёсату шуъбаҳо, бахшҳои соҳаи иҷтимоии шаҳрию ноҳиявӣ, директорони бозорҳои коммуналию хусусӣ ва сардорони муассисаҳои Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияҳо таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.  

Дар ҷаласа, қабл аз ҳама Раиси шаҳр таваҷҷӯҳи ҳар кадом аз иштирокдоронро ба оммавӣ сафарбар кардани зарфиятҳои мавҷуда оид ба татбиқи нақшаву барномаҳои шаҳрдорӣ вобаста ба омодагиҳо ба истиқболи сазовори 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳи Душанбе, пеш аз ҳама дар самти корҳои ободонию сабзу хуррамгардонӣ дар таносуби маҳаллаву шаҳракҳо, корхонаву идораҳо, боғҳову гулгаштҳо ва кӯчаю хиёбонҳои шаҳр ҷалб намуда, дастур фармуд, ки бо инобати мусоид омадани боду ҳаво нисбати шинонидани гулу бутта ва дарахтони ороишӣ дар мавзеъҳои мавриди таваҷҷӯҳ ва ташкили нигоҳубини онҳо баҳри нашъу намои минбаъдаашон чораҳои муассир андешанд.  

Ҳамзамон, дар ҷаласа муқаррар шуд, ки ин фаъолияти густарда ва ҷараёни шинонидани 1 миллион гулҳои лолаи голландӣ дар боғҳои фарҳангию гулгаштҳо ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳр  зери назорати доимии ҷамъиятӣ  қарор дода шавад ва ҳар ҳафта аз натиҷаи корҳои анҷомдода ба Раиси шаҳр маълумот манзур гардад.

Идома бар он, Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр сохт, ки масъалаи пурзӯр кардани назорати ҳолати санитарию эпидемиолгии шаҳр аз ҷониби сохторҳои зидахли давлатӣ масъулияти бештарро тақозо дошта, роҳандозӣ кардани татбиқи чораҳои қатъии пешнбининамудаи қонунгузорӣ нисбати вайронкунандагони Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ дар шаҳри Душанбе баҳри риояи фарҳангу одоби шаҳрнишинӣ ва расидан ба қадри  меҳнати шабонарӯзии кормандони муассисаҳои Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияҳо, ки дар ин ҷода масъулият доранд, ногузир мебошад.

Бо мақсади дар ҳолати хуби санитарӣ нигоҳ доштани шаҳр ва таъмини риояи навбатдории доимӣ дар нуқтаҳои партовҷамъкунӣ, реҷаи барориши партовҳои сахти маишӣ аз ҳудуди шахтаҳои биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маҳаллаю шаҳракҳо ва насби камераҳои мушоҳидавӣ дар онҳо аз ҷониби раисони ноҳияҳо, дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев ба сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе ва сохторҳои марбутаи ноҳиявии он барои ислоҳи вазъ ва тавсеаву тақвияти фаъолияташон то 1 апрели соли ҷорӣ муҳлат муқаррар намуд.

Гузашта аз ин, дастур гардид, ки нисбати хилофкорони риояи муқаррароти қонунгузории амалкунанда бобати манъ доштани парваришу нигоҳдошти чорвои калони хонагӣ дар ҳудуди пойтахт аз ҷониби сохторҳои масъули шаҳрӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо амалисозии корҳои пешгирикунанда чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд.

Бо дахли масоили ҷабаҷогузории кадрҳо ва бештар ба вазифаҳои роҳбарикунанда ҷалб намудани мутахассисони ҷавону лаёқатманд дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагидории шаҳр ба масъулин супоришҳои муашаххас аз ҷониби Раиси шаҳр ироа гашта, дар ин зимн дастур гардид, ки дар соҳаи тандурустии шаҳр нисбати роҳбарони ба синни нафақарасида то 15 феврали соли ҷорӣ тадбирҳои ташкилӣ амалӣ карда шаванд. 

Инчунин, дар ҷаласа масъалаи ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва бемиёнаравҳо аз ҷониби роҳбарони бозорҳои коммуналию хусусӣ баҳри пешгирӣ намудани болоравии бепояву стихиявии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия ворид намудани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ аз хоҷагиҳои кишоварзӣ,  мавриди таваҷҷӯҳи хосаи Раиси шаҳр қарор гирифта, мавсуф бо дастурҳои мушаххас масъулинро вазифадор ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Саховат» Давлат Саидовро аз вазифа сабукдӯш намуд.

Дар ҷаласа, ҳамзамон Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбати мақсадноку аз рӯи таъинот  истифодабарии ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дар заминаи онҳо тибқи муқаррароти қонунгузорӣ таъсис додани ҷойҳои корӣ, баҳри бо шуғли доимӣ фаро гирифтани занҳои хонашин дар маҳаллаҳо, пешгирии қонуншиканиҳо оид ба  истифодаи  замин дар марзи маъмурии шаҳр ва пурзӯр намудани назорати прокурорӣ дар ин самт ва вусъатбахшии корҳои оммавӣ алайҳи тамоюлҳои номатлуби ифротгароӣ дар ҷомеа масъалагузорӣ намуда, ҷиҳати танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва хизматрасонии бо сифати нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ба фаъолияти анҷомдодаи масъулин эродҳо гирифт.

Дар интиҳо, Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбати дар доираи Нақшаи генералии шаҳр дар се соли оянда амалисозии барномаҳои созандаи шаҳрдорӣ, ки баҳри боз ҳам ободу дилработар ва диданиву ба талаботи пойтахт арзандатар намудани шаҳри Душанбе нигаронида шудаанд, иттилоъ дод.

Аз ҷумла, мутобиқ ба он, дар ин масир барои рушди варзиш дар заминаи қитъаи замини собиқ мошинбозор варзишгоҳи муосири футболбозӣ бо иқтидори 25 ҳазор ҷойи нишааст, таҷдиди Боғи Дӯстии халқҳо бо бунёди Маҷмааи меъмории «Истиқлолият», ки ҳудуди мавҷудаи марказҳои савдои «Ганҷина» ва «Панҷшер»-ро фаро хоҳад гирифт, кӯчонидани Боғи ҳайвонот ба қисмати шарқии шаҳр  бо инобати бунёди Боғи ҳайвонот аз рӯи усули «Сафари», Маҷмааи «Меҳри модар» бо муассисаи муосири томактабӣ дар масоҳати 2,5 га дар маҳаллаи Зарафшон, мактаби зеҳнӣ дар шаҳраки Академикҳо ва  бунёди боғҳои нави замонавӣ амалӣ карда хоҳанд шуд.