Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 September 2010

Қарори Маҷлиси вакилони халки шаҳри Душанбе №30-3 аз 23 сентябри соли 2010 дар робита ба маҳкумсозии ҳодисаҳои нангини 19 сентябри соли 2010 дар дараи Камароби ноҳияи Рашт ба вуқўъ пайваста  ва дастгирии маънавию молиявии оилаҳои сарбозони аз шаҳри Душанбе дар ин воқеа қурбонгардида

 

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо мақсади иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халки шаҳри Душанбе №30-3 аз 23 сентябри соли 2010 дар робита ба маҳкумсозии ҳодисаҳои нангини 19 сентябри соли 2010 дар дараи Камароби ноҳияи Рашт ба вуқўъ пайваста  ва дастгирии маънавию молиявии оилаҳои сарбозони аз шаҳри Душанбе дар ин воқеа қурбонгардида қарори дахлдор ба тасвиб расонд.

Дар асоси он ба оилаҳои сарбозони дар ин ҳодиса аз шаҳри Душанбе талафгашта - марҳум Раҳмонов Неъматулло Ҳасанович истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсӣ ва Абдуллоев Баҳром Файзуллоевич сокини ноҳияи Сино кўмаки молиявии яквактаина аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе ҷудо карда шуд.

Ҳамзамон Раёсатҳои тандурстӣ ва маорифи шаҳри Душанбе вазифадор карда шуданд, ки вобаста аз ваколатҳо ва самти фаъолияташон ҷиҳати расонидани хизматрасониҳои тиббии пайваста ва бо боѓча фаро гирифтани фарзанди марҳум сарбоз Раҳмонов Неъматулло Ҳасанович чораҳои зарурӣ андешанд.

Кўмаки молиявии яквактаина шоми дирўз 24 сентябри соли 2010 бо ибрози тасаллият аз номи Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҷониби муовини Раиси шаҳр Санавбар Раҳимова ва раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Абдуѓаффор Рауфӣ ва Абдулҳамид Самадов ба пайвандони қурбоншудагон дастрас карда шуд.