Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 February 2016

Даъват ба озмун

Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, тибқи иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе, таҳти №3 аз 7 январи соли 2016 «Дар бораи баргузории тендер»

«ОИДИ ТАЪМИНИ НАҚЛИЁТИ ЁРИИ ТАЪҶИЛИИ ТИББӢ БАРОИ МУАССИСАҲОИ ЗЕРТОБЕИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ»

Озмуни харид иштироки номаҳдуди довталабонро эълон менамояд.

Дар озмун бевосита корхонаҳои истеҳсолкунанда метавонанд иштирок намоянд.

Довталабон ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:

1.     Маблағи иштироки тендерӣ;

2.     Оинома ё Низомномаи корхона;

3.     Кафолати бонкӣ барои иҷрои шартҳои дархости тендерӣ дар ҳаҷми 2% аз маблағи пешниҳодгардидаи тендерӣ;

4.     Маълумотномаи Нозироти андоз, макони қайди иштирокчӣ оид ба қарздорӣ дар назди буҷетҳои ҳамаи сатҳҳо ва фонди давлатӣ, на дертар аз 30 рӯзи то ба охиррасии муҳлати додани дархост;

5.     Маълумотнома оид ба ҳаҷми умумии қарордодҳои ба ин монанд дар 3 соли охир;

6.     Маълумотнома оид ба баҳсҳои судӣ;

7.     Муҳлати молрасонӣ;

8.     Кафолати хизматрасонӣ;

9.     Пардохти бебозгашти ҳаққи иштирок дар тендер;

10.            Шарти таҳвил CIP – Душанбе.

Дархостҳо бояд дар лифофаи пушидаи муҳрзада то соати 17:00-и санаи 02.03. соли 2016 ба муҳосиботи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе супорида шавад.

Озмун рӯзи 03.03. соли 2016, соати 10:00 дар Бинои маъмурии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯчаи Шевченко 69 баргузор мегардад.

Барои гирифтани маълумот довталабон метавонанд ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, ба суроғаи кӯчаи Нарзиқулов – 8, тавассути рақами телефонии 221-37-48, ё ин ки почтаи электронии rt.dushanbe@mail.ru муроҷиат намоянд.

русӣ

англисӣ